Шавкат Мирзиёев бо аэропорти байналмилалии Самарқанд шинос шуд

  • Шавкат Мирзиёев бо аэропорти байналмилалии Самарқанд шинос шуд
  • Шавкат Мирзиёев бо аэропорти байналмилалии Самарқанд шинос шуд
  • Шавкат Мирзиёев бо аэропорти байналмилалии Самарқанд шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев 10 феврал ба шаҳри Самарқанд омад.

Раҳбари давлатамон бо шароите, ки дар аэропорти байналмилалии Самарқанд фароҳам оварда шудааст, шинос шуд.
Бандари ҳавоии шаҳр дар доираи лоиҳаи арзишаш қариб 83 миллион доллар навсозӣ мешавад. Соли гузашта хатти парвозу фурудоӣ аз нав сохта шуда буд. Сохтмони терминали нав ба охир расида, дар он корҳои пардозӣ анҷом дода мешаванд. Сохтмони инфрасохтори роҳ, таваққуфгоҳ ва низоми равшанидиҳӣ идома дорад.
Ном ва фаъолияти олими бузург Мирзо Улуғбек бо Самарқанд зич алоқаманд аст. Аз ин рӯ, бинои терминал дар шакли китоби кушода сохта шудааст, ки рамзи осори асосии аҷдоди мо "Зиҷӣ ҷадиди Курагонӣ" мебошад. Бари терминал 175 метр ва баландии он 25 метр аст. Он метавонад дар як соат ба 800 мусофир хизмат расонад.
Аэропорт дар тартиби «осмони кушод» кор карда, инчунин ба боркашонӣ хидмат мекунад. Терминали нав моҳи оянда ба истифода дода мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: