Шавкат Мирзиёев бо экспозитсияи Осорхонаи миллии тамаддуни Миср шинос шуд

  • Шавкат Мирзиёев бо экспозитсияи Осорхонаи миллии тамаддуни Миср шинос шуд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари расмӣ ба Қоҳира омадааст, ба Осорхонаи миллии тамаддуни Миср ташриф овард.

Экспозитсияи осорхона, ки дар шаҳри қадимаи Фустат, ки ҳоло ба Қоҳира дохил мешавад, воқеъ гардидааст, коллексияи нодири осорест, ки аз таърихи бои Миср нақл мекунад. Дар ин ҷо беш аз 50 ҳазор ашё ҷамъоварӣ шудааст, ки давраи аз замонҳои қадим то имрӯз, аз ҷумла мумиёҳои фиръавнҳо, тахту муҷассамаҳои шоҳона, ҷавоҳирот, инчунин ашёи рӯзгор ва ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.

Сарвари давлатамон якчанд бахшҳои хронологӣ ва мавзӯӣ, аз ҷумла ба салтанатҳои Қадим, Миёна ва Нав, эллинистӣ, асрҳои миёна ва исломӣ бахшидашударо аз назар гузаронд.

Президент осори тамаддуни гуногунро, ки дар сарзамини Миср якдигарашро иваз карда омадаанд, бо шавқу ҳаваси калон аз назар гузаронда, таъкид кард, ки таърих ва маданият ҳамчун воситаи муҳими бо ҳам наздик шудани халқҳои мо, ки мероси якхела бой доранд, хизмат мекунанд.

Намояндагони ҷониби Миср, дар навбати худ, ба роҳбари Ӯзбекистон барои боздид аз осорхона изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки халқҳои мо муштаракоти зиёд доранд, ин анъанаҳо ба таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунанд.

 Дар ин замина аҳамияти густариши ҳамкории осорхонаҳо ва муаррихони ду кишвар, омӯзиши муштараки мероси умумии мо ва ташкили намоишгоҳҳои мутақобила таъкид шуд.

Президенти мамлакатамон дар Китоби меҳмонони фахрии музей навиштаҷот гузошт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: