Шавкат Мирзиёев бо намоишгоҳи юртаҳо шинос шуд

  • Шавкат Мирзиёев бо намоишгоҳи юртаҳо шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев бо намоишгоҳи юртаҳое, ки дар маҷмааи «Оққуш»-и шаҳри Нуқус ташкил шудааст, шинос шуд.

Дар бораи зарурати ташкили чунин намоишгоҳ зимни сафари сарвари давлатамон ба минтақа дар соли 2022 сухан рафта буд. Мувофиқи супориш зиёда аз панҷоҳ гектар замин кабудизор карда, юртаҳои бисёре қомат рост кард. Диаметри юртаи калонтарин 42 метр ва баландиаш 22 метр аст. Дар он маъмурият, ошхона ва дигар биноҳо ҷойгиранд. Дар ин ҷо чорабиниҳои фарҳангӣ ва форумҳои гуногун гузаронида мешаванд.
Дар маҷмаа юртаҳои халқҳои туркизабон, аз қабили қароқалпоқҳо, қазоқҳо, туркманҳо, қирғизҳо, бошқирдҳо, инчунин ноҳияҳои Қароқалпоқистон ташкил карда шудаанд. Дар онҳо таърих, маданият ва тарзи ҳаёти халқҳои бародари мо инъикос ёфтааст.
Президент ин юртаҳоро аз назар гузаронд.
— Мо як реша дорем, сарнавиштамон як аст. Бояд шумораи чунин чорабиниҳоро зиёд карда, фестивалҳои муштарак гузаронда, дӯстии халқҳоро мустаҳкам кард. Ҳифзи ҳунарҳои миллӣ, ба насли наврас расондани онҳо, омода намудани хонандагон, вусъат додани нашри китобҳо барои кӯдакон ба забони модарӣ муҳим аст, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар маҷмаа кӯли сунъӣ, ҷазира ва меҳмонхона ҳаст. Ҳамаи ин дар як муддати кӯтоҳ ин мавзеъро ба яке аз мавзеъҳои сайёҳон табдил дод. Меҳмонон бо юртаҳо, либосҳои миллӣ ва асбобу анҷоми рӯзгор бо мароқи калон шинос мешаванд.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба Қароқалпоқистон анҷом ёфт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: