Шавкат Мирзиёев дар Қаршӣ бо манзилҳои бисёрошёна шинос шуд

Дар маҳаллаи Навои шаҳри Қаршӣ 7 хонаи шонздаҳошёна сохта мешавад.

Дар маҳаллаи Навои шаҳри Қаршӣ 7 хонаи шонздаҳошёна сохта мешавад. Президент Шавкат Мирзиёев бо ин маҳаллаи истиқоматӣ шинос шуд.

Дар маҷмӯъ дар мавзеъ сохтани 39 манзили бисёрошёна ба нақша гирифта шудааст, ки лоиҳа дар панҷ марҳила амалӣ мегардад.

Дар марҳилаи аввал 3 хона қомат афрохтанд. Ба риояи талаботи замонавии сейсмологӣ ва меъморӣ диққати махсус дода мешавад. Маводҳои баландсифати каммасраф истифода шуданд. Ҳар як квартира обгармкунаки худро дорад.

Сарвари давлат ба технологияи сохтмон ва сифати хонаҳо эътибор дод. Оид ба таъмини бехатарии сӯхтор, хидматҳои баландихтисоси коммуналӣ супоришоти иловагӣ дод.

Ҳудуди атрофи хонаҳо обод гардонда, майдончаи бозӣ ташкил карда шудааст. Дар моҳи марти соли оянда ба истифода додани боз 4 бинои бисёрошёна ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, мактаб барои 1680 нафар хонанда, 2 кӯдакистон, поликлиника, супермаркет, майдончаҳои варзишӣ, боғ ва дигар иншоот сохта мешаванд.

Инчунин, муаррифии чораҳо оид ба сохтмон ва таъмири роҳҳо, навсозии шабакаҳои гармидиҳӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва канализатсияи Қаршӣ ба амал омад.

Бо ҳамин сафари кории Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Қашқадарё ба поён расид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: