Шавкат Мирзиёев: Дар саноат насли нави кадрҳои замонавии миллӣ ба воя мерасанд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо корҳои созандагӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Тошканд шинос шуд.

Аввалин объекти ташриф Технопарк дар ноҳияи Яшнобод гардид. Дар боғи инноватсионӣ, ки мутобиқи Фармони Президент "Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи кооператсияи саноатӣ ва васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёз" аз 1 майи соли 2019 сохта шудааст, дар муддати кӯтоҳ иқтидорҳои баландтехнологӣ ҷойгир карда шуданд.

Дар соли 2010, вақте ки корхонаи авиатсионии Тошканд кор мекард, дар ин ҷо ба маблағи 50 миллион доллар маҳсулот истеҳсол карда шуда, ба маблағи 30 миллион доллар содир карда шуда буд. Пас аз ба кор дароварда шудани ҳамаи лоиҳаҳо дар Технопарк, интизор меравад, ки дар соли 2021 маҳсулот ба маблағи 520 миллион доллар истеҳсол карда шавад, содирот 105 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Илова бар ин, қаблан дар ин ҷо 3 ҳазор ҷойҳои корӣ мавҷуд буд, дар Технопарк ин рақам тақрибан 6,7 ҳазорро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, ҳаҷми истеҳсолот 10 маротиба, содирот -- 3,5 маротиба ва шумораи ҷойҳои корӣ  -- 1,7 маротиба зиёд мешавад.

Технопарк аз 7 блок иборат аст. Дар ин ҷо 17 лоиҳа ба маблағи 365 миллион доллар амалӣ карда мешавад.

Моҳи феврали соли равон заводи ҳисобкунакҳои электронии газ, моҳи август -- заводи истеҳсоли яхдонҳои маишӣ ба кор даромад. Паси ҳам лоиҳаҳои дигар ба истифода дода мешаванд.

Президент иқтидорҳои нави истеҳсоли лифтҳо ва эскалаторҳо, насосҳои об, кондитсионерҳои саноатӣ, системаҳои хунуккунӣ ва қолибҳоро аз назар гузаронд.

Дар корхонаи васлкунии лифтҳо сарвари давлат ба дараҷаи маҳаллигардонии  маҳсулот таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ин рақам дар ҳоли ҳозир 32 дарсадро ташкил медиҳад.

Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар биноҳои бисёрқабата дар Тошканд ва дигар шаҳрҳо фарсуда шудани таҷҳизоти лифт мебошад, ба ин муносибат оид ба коҳиш додани арзиши аслӣ аз ҳисоби васеъ гардондани маҳалсозӣ, иваз кардани лифтҳои куҳна ва хушсифат хидмат расондан ба лифтҳои нав супоришот дод. Аҳамияти тайёр кардани мутахассисон оид ба истифодаи лифтҳои замонавӣ таъкид гардид.

Сарвари давлат кори мутахассисони ҷавони корхонаи истеҳсоли қолибҳоро тамошо кард.

-- Чунин корхонаҳо як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро ҳал мекунанд. Аҳолӣ, бахусус ҷавононро бо кор таъмин мекунад. Имрӯз дастоварди муҳимтарини мо аз он иборат аст, ки дар саноат насли нави кадрҳои миллӣ ба воя мерасанд, ки қодиранд технологияҳои баландро дар амал татбиқ кунанд, -- таъкид намуд Президент.

Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки маҳз мутахассисони пешрафта сифати маҳсулотро таъмин мекунанд ва супориш дод, ки маркази таълимӣ барои омода кардани ҷавонон ба кор дар корхонаҳои саноатӣ ташкил карда шавад.

Соли оянда дар Технопарк 9 корхонаи истеҳсоли чунин маҳсулоти серхаридор, ба монанди витринаҳои яхдон, радиаторҳои гармидиҳӣ, асбобҳои ошхона, фурнитура ва ҷузъиёт, қубурҳои мисӣ ва маводҳои изолятсионӣ ба кор медароянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: