Шавкат Мирзиёев: Даромадаш хуб бошад, фермер ба илм эътибор медиҳад

Президент Шавкат Мирзиёев ба саҳрои хоҷагии фермерии "Рустамжон замин ривожи"-и ноҳияи Избоскан ташриф оварда, бо ҳосили гандум шинос шуд.

Президент Шавкат Мирзиёев ба саҳрои хоҷагии фермерии "Рустамжон замин ривожи"-и ноҳияи Избоскан ташриф оварда, бо ҳосили гандум шинос шуд.

Дар зиёда аз 55 гектари хоҷагӣ гандум парвариш карда мешавад. Пешбинӣ шудааст, ки аз ҳар гектар зиёда аз 72 сентнерӣ ғалла рӯёнда шавад. Хоҷагӣ ният дорад, ки 177 тонна ҳосилро ба давлат фурӯхта, 225 тоннаашро дар ихтиёри худ мононад.

Дар 13 гектар обёрии боронӣ ҷорӣ карда шудааст. Қитъаҳои аз гандум озодшуда ба 200 нафар сокинон барои парвариши зироатҳои такрорӣ ҷудо карда мешаванд.

Сарвари давлатамон ба навъ ва ҳосилнокии ғалла таваҷҷӯҳ зоҳир кард.

-- Барои то ба 100 сентнерӣ расондани ҳосили гандум бояд тадбир андешид. Он гоҳ ҳам деҳқон ва ҳам коргарон даромади бештар мегиранд. Даромадаш афзояд, фермер ба  илм эътибор медиҳад, ба тарзи нав ба кор мепардозад, ба ҳамсоягон, ҷавонон кӯмак мерасонад, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ин ҷо бо фермерон ва ҷавонони вилоят мулоқот сурат гирифт.

--Мақсад аз  сафари имрӯзаам ба Андиҷон ҷавоб пайдо намудан ба суолҳо оиди  оё мардум нафъи ислоҳотро ҳис мекунанд, дар ҳаёти онҳо тағйирот ба вуқӯъ мепайвандад, барои хушбахт кардани мардум бояд боз чӣ корҳо анҷом дод, -- гуфт Президент. -- Тағйирот ҳаст, албатта, ман инро дида истодаам. Аммо ин кофӣ нест. Мо бояд боз ҳам бештар ҷойҳои корӣ муҳайё кунем, шароитро дар маҳалла беҳтар созем.

Дар вохӯрӣ дар бораи рушди саноат дар деҳот, дастгирии соҳибкорӣ, васеъ гардондани паррандапарварӣ ва боғпарварӣ дар хонадон сухан рафт.

--Қувваи пешбарандаи ислоҳот дар маҳалла мебошад, -- қайд кард роҳбари мамлакати мо.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: