Шавкат Мирзиёев Эммануэл Макронро табрик кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макронро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентии ин кишвар табрик гуфт.

«Боварӣ дорам, ки ба шарофати саъю талошҳои муштаракамон ҳамкории дарозмуддати байни давлатҳоямон, ки бар эҳтиром ва эътимоди мутақобила асос ёфтааст, минбаъд низ ба нафъи халқҳоямон инкишоф хоҳад ёфт», –  гуфта мешавад, аз ҷумла, дар паёми роҳбари давлатамон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: