Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 31 май эътиборномаҳои сафирони фавқулодда ва мухтори дар мамлакатамон навтаъиншудаи Гурҷистон Зураб Абдушелишвили, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дэниел Розенблюм ва Ҷумҳурии Куриё Кан Чже Квонро қабул кард.
Сарвари давлатамон сафиронро бо оғоз намудани вазифаи дипломатиашон дар Ӯзбекистон самимона муборакбод намуда, ба онҳо дар татбиқи ин миссияи пурифтихор ва масъулиятнокашон комёбиҳои бузург таманно намуд.
Алоҳида қайд гардид, ки дар тӯли солҳои охир мамлакатамон сиёсати фаъоли хориҷии ба васеъ гардондани ҳамкории муфид бо шарикони хориҷӣ нигарондашударо пеш мебарад.
Мустаҳкам гардидани муносибат ва фаъол гардидани ҳамкории амалӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи ИДМ, мамлакатҳои бонуфузи қитъаҳои Амрико, Авроосиё ва Африқо аз ин далолат медиҳанд.
Ба ғайр аз ин, дар асоси «харитаҳои амалиёт» бо созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва сохторҳои минтақавӣ равобити дарозмуҳлати шарикӣ амиқ мегарданд.
Президенти Ӯзбекистон дар нутқи худ бобати пешомади ҳамкории сернақша бо мамлакатҳое, ки сафирони навтаъиншудаашон вакилӣ мекунанд, истода гузашт.
Рушди муназзами муносибатҳои Ӯзбекистону Гурҷистон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварӣ ба қаноатмандӣ қайд гардид. Дар солҳои охир алоқаҳои байнипарлумонӣ низ фаъол гардиданд.
Муҳим будани пеш бурдани лоиҳаҳои амиқ, ки ба вусъат додани муомилоти мол бо Гурҷистон, пурзӯр гардондани кооператсия дар саноат, соҳаи нақлиёт, логистика ва сайёҳӣ нигаронда шудаанд, таъкид гардид.
Сарвари давлатамон ба дараҷаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баҳои баланд дод.
Ташрифи олидараҷаи таърихӣ ба ИМА моҳи майи соли гузашта ба давраи нави шарикии стратегии ду мамлакат ибтидо гузошт.
Қайд гардид, ки имрӯз фаъол гардидани алоқаҳо ва мубодилаҳо дар тамоми дараҷаҳо мушоҳида мегарданд. Ташрифҳои ҳайати вакилон таҳти сарварии вазири савдои ИМА Уилбур Росс, конгрессменҳо Трент Келли ва Висенте Гонсалес, губернатори иёлати Миссисипи Филип Брайант ва дигарон самарабахш гардиданд.
Бо ширкат ва бонкҳои бонуфузи амрикоӣ ҳамкории муфид васеъ гардида, равобити маданиву гуманитарӣ таҳким ёфта, дар соҳаи рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ ва таъмин кардани ҳуқуқи инсон, инчунин бинобар масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ мулоқоти конструктивӣ амалӣ мегарданд.
Сарвари давлатамон бо қаноатмандии бузург қайд намуд, ки дар муносибат бо Ҷумҳурии Куриё ба шарикии алоҳидаи стратегӣ муваффақ шуданд.
Ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чже Ин ба Ӯзбекистон моҳи гузашта муносибатҳои дуҷонибаро ба дараҷаи баланд бардошта, онҳоро бо мазмуни нави дақиқ ғанӣ гардонд.
Қайд гардид, ки мамлакатамон сиёсати пайвастаи роҳбарияти Ҷумҳурии Куриёро бинобар мустаҳкам намудани сулҳу устуворӣ дар нимҷазираи Куриё қатъӣ дастгирӣ менамояд.
Ба татбиқи амалии созишномаҳои бадастомада, сари вақт тайёр кардан ва хушсифат татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак ва лоиҳаҳо дар соҳаи инноватсия ва сармояҳо, нақлиёт ва коммуникатсия, навсозии инфрасохтор, таълим, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг ва дигар самтҳо эътибори алоҳида дода шуд.
Дар хотима Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз он изҳори боварӣ намуд, ки сафирони навтаъиншуда бо фаъолияти фаъоли дипломатиашон ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикӣ ва ҳамкории сернақша ҳиссаи муносиб мегузоранд.
Дар навбати худ, сафирони фавқулодда ва мухтор бори дигар ба сарвари давлатамон дар пазироӣ миннатдорӣ изҳор намуда, қайд карданд, ки барои таъмин намудани рушди пайвастаи муносибатҳои сермаҳсули байнидавлатӣ баҳри фаровонии мамлакату халқҳоямон тамоми қувваву ғайраташонро сафарбар менамоянд.
ӮзА.