ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ГУМРУКРО ПАЗИРУФТ

14 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев котиби генералии Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурияро, ки дар доираи иштирок дар чорабиниҳои Конфронси вазоратии барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ дар Тошканд мебошад, қабул кард.

Дар вохӯрӣ Шавкат Мирзиёев таҳкими ҳамкории конструктивии кишвари моро бо Созмони ҷаҳонии гумрук бо қаноатмандӣ таъкид намуд.
Ӯзбекистон аз соли 1992 узви ин сохтори бонуфузи байналхалқӣ ба шумор меравад. Дар ин давр чорабиниҳои муштарак ва лоиҳаҳо бино бар ташаккул додани пойгоҳи ҳуқуқӣ, бозсозии инфрасохтор ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти гумруки ҷумҳурӣ бомуваффақият амалӣ шуданд. 
Солҳои охир ба дараҷаи назаррас фаъол гардидани мубодила, пеш аз ҳама бино бар самтҳои зерин, такмил додани маъмурияти гумрук ва тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, аз ҷумла дар пойгоҳи ситодхонаи созмон дар Брюссел мушоҳида мегарданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷиҳатҳои амалии вусъат додани ҳамкорӣ бобати баланд бардоштани иқтидори мақомоти гумрук дар пояи ҷорӣ намудани меъёрҳои байналхалқӣ, муҷаҳҳаз сохтани ситодҳо бо маҷмӯъ ва таҷҳизоти замонавӣ, пурзӯр намудани мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо, таълими мутахассисон дар марказҳои пешқадами хориҷӣ баррасӣ гардиданд.
Дар бораи коркарди муштарак ва рӯзҳои наздик қабул намудани «харитаи амалиёт» бино бар таҳкими ҳамкориҳои тарафайн муоҳида ба имзо расид.
Котиби генералии Созмони ҷаҳонии гумрук барои пазироии самимӣ сипосгузорӣ карда, ба натиҷаи тағйироти иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, ҳамчунин сиёсати мустаҳкам сохтани некҳамсоягӣ ва шарикӣ дар Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод.
Кунио Микурия изҳор дошт, ки созмон барои идома додани ислоҳоти мақомоти гумруки кишвари мо ва вусъат пайдо кардани ҳамкориҳои минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ фаъолона кӯмак мерасонад.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: