Шавкат Мирзиёев мақбараи Имом Бухориро зиёрат кард

Президент Шавкат Мирзиёев дар рафти сафар ба Самарқанд аз рӯи анъана мақбараи ҷамъкунандаи ҳадиси бузург Имом Бухориро зиёрат кард.

Аз Қуръон сураҳо хонда шуданд.

Сарвари давлатамон сохтмони маҷмааро аз назар гузаронд. Дар ин ҷо масҷид барои 10 ҳазор кас, чор манора ва айвонҳо сохта мешаванд.

Дар тарафи рости мақбара галереяи зеризаминӣ ташкил карда мешавад, ки аз он ҳоҷиён метавонанд қабри олимро бинанд. Мақбара бо кандакорӣ ва нақшҳои ҳатттотӣ ороиш дода шуда, дар деворҳо бо услуби қадимӣ сураҳо аз Қуръон ва ҳадисҳо навишта мешаванд.

Дар бораи корҳои дар пешистода маълумот дода шуд. Пешбинӣ шудааст, ки дар шафати маҷмаа меҳмонхона, истгоҳи автомобилӣ, автовокзал, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, майдончаҳои савдо, утоқҳои таҳорат сохта шаванд.

Президент оид ба босифат сохтани ин иншоот, фароҳам овардани шароити муосир барои истиқболи зоирони сершумор супоришҳо дод.

Сарвари давлат инчунин мақбараи Нахустин Президент Ислом Каримовро дар маҷмааи ёдгории Ҳазрати Хизр зиёрат кард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: