Шавкат МИРЗИЁЕВ: МО БОЯД БО ТАКЯ БА ТАҶРИБАИ БУЗУРГИ ҲАНГОМИ ПАНДЕМИЯ ҒУНШУДА САЗОВОРОНА ЗИНДАГӢ ВА КОР КУНЕМ

Таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев 17 ноябр бахшида ба масъалаҳои иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев 
17 ноябр  бахшида ба масъалаҳои иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Дар ибтидои чорабинӣ вазъият дар мамлакат вобаста ба пандемияи коронавирус таҳлил карда шуд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки тӯли 8 моҳи охир барои аксуламал ба COVID-19 таҷрибаи зиёд ғун шуд, кормандони тиббӣ барои ин соҳиби донишҳои зарурӣ шуданд.
Тавре ки маълум аст, талаботи карантин бо нигоҳ доштани назорати қатъӣ барои паҳн нашудани вирус зина ба зина нармтар карда шуд. Вале, бо назардошти вазъияти ҷаҳон ва кишварҳои ҳамсоя муборизаро бо ин касалӣ дар Ӯзбекистон дақиқае наметавон суст кард, зеро таҳдид ҳанӯз нагузаштааст, қайд шуд дар машварат.
Миқдори иллатҳои ошкоршуда дар мамлакати мо аз 70 ҳазор гузашт, тақрибан 68 ҳазор нафар (96 фоиз) сиҳҳат шуданд, 599 нафар (0,9 фоиз) фавтиданд.
Ба зиммаи ҳокимон, роҳбарони секторҳо ва шахсони масъули низоми нигаҳдории тандурустӣ як қатор вазифаҳо гузошта шуданд.
Пеш аз ҳама, бояд вазъият мунтазам таҳлил гардад ва мувофиқи он чораҳо андешида шаванд. Аз ҷумла, роҳбарони зикршуда бояд ҳафтае на камтар аз ду рӯз дар ҳудудҳои худ танҳо бо аксуламал ба коронавирус машғул шаванд, ҷамъомади ситодро гузаронанд, ба Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ мунтазам ҳисобот диҳанд.
– Бори дигар таъкид менамоям: ин иллат лоқайдиро намебахшад. Ҳамзамон мо бояд бо такя ба таҷрибаи азиме, ки ҳангоми пандемия ғун кардем, сазоворона зиндагӣ ва кор кунем, аз таҷрибаи бадастомада хулосаҳои дахлдор барорем, – гуфт роҳбари давлат.
Алҳол дар 89 муассисаи тамоми ҳудуди Ӯзбекистон барои беморони COVID-19 17,5 ҳазор кат ҷудо карда шудааст. Ҳоли ҳозир дар ин муассисаҳо 6570 бемор табобат мегиранд. Сарпурии фонди кат дар Қароқалпоқистон 16, дар Хоразм 10, дар Қашқадарё 11, дар вилояти Намангон 19 фоиз, умуман дар ҷумҳурӣ 38 фоизро ташкил медиҳад. Барои нигоҳубини ин фонд маблағҳои бузург харҷ мегарданд.
Вобаста ба ин ба шахсони масъул супурда шуд, ки фаъолияти беморхонаҳои барои коронавирус ҷудогардида ҷиддан омӯхта ва онҳо мувофиқ кунонида шаванд.
Тавре ки маълум аст, як қатор фармон ва қарорҳое, ки ба куллан беҳтар намудани низоми таълим ва рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ нигаронида шудаанд, қабул гардиданд, ба қарибӣ бошад, бино бар ин ду масъала машварати махсуси видеоселекторӣ гузаронида шуд.
– Маро иҷрои ин фармон ва қарорҳо, аз ҷониби ҳокимон чӣ гуна ба роҳ монда шудани кор дар ин самт ба ташвиш меоварад. То даме ки ҳокимон ба ин масъала сардорони раёсатҳои тозафикр ва фидокор, ғамхори кори худи шуъбаҳои таълими халқ ва нигаҳдории тандурустиро сафарбар накунанд, онҳо наметавонанд ба натиҷаҳои амалӣ муваффақ гарданд, — таъкид кард Президент.
Супурда шуд, ки Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бояд ба роҳбарони зинаҳои поёнӣ бобати татбиқ намудани ислоҳоти  оғозёфта намунаи ибрат шаванд ва ҳафтае ду бор бо иҷрои супоришҳои вобаста ба таълими мактабӣ ва тиб машғул гарданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: