Шавкат Мирзиёев қабри Муҳаммад пайғамбарро зиёрат кард

  • Шавкат Мирзиёев қабри Муҳаммад пайғамбарро зиёрат кард

Президент Шавкат Мирзиёев 17 август ба Масҷид ун-Набавӣ – Масҷиди Пағамбар дар Мадина ташриф овард.

Тавре ки маълум аст, Мадина дар таърихи ислом мавқеи муҳим  ишғол мекунад. Ҳазрати Муҳаммад соли 622 ба ин ҷо кӯчидааст. Дар ин ҷо бузургтарин сураҳои Қуръони Карим нозил шудаанд.

Масҷиди Набавӣ – масҷиди бузургест, ки дар атрофи хонаи Паёмбар сохта шудааст. Дар ин ҷо худи Расули Худо (с) ва саҳобагони бузургаш Абубакри Сиддиқ ва Умар ибни Ҳаттоб дафн шудаанд. Ин ҳуҷра аз рӯи эҳтиром “Ҳуҷраи ас-Саъад” (“Хуҷраи саодат”) номида мешавад.

Шавкат Мирзиёев ба масҷид омада, хоксорона вориди Ҳуҷраи саодат шуд ва ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам салавот гуфта, салом дод. Ӯ ба халқи мо сулҳу амонӣ орзу кард. Сарвари давлатамон бо музейи ҳаёти Паёмбар (с) ва осорхонаи тамаддуни исломӣ шинос шуд.

Музей ба ду мавзӯи калон бахшида шудааст: ҳаёт ва фаъолияти Мухаммад пайғамбар, инкишофи маданият ва илми ислом, таъсири онҳо ба ҳаёти иҷтимоию маънавӣ. Дар ин бора ба воситаи экспонатҳои аёнӣ ва технологияҳои визуалӣ, ба якчанд забонҳои хориҷӣ нақл карда  мешавад.

Зимни азназаргузаронии осорхона Президент бо донишмандони саудӣ дар бораи дини ислом, робитаҳое, ки халқҳои ӯзбеку арабро мепайвандад, табодули афкор кард.

Доктор Шайх Носир Заҳронӣ қайд кард, ки маълумотҳои дар осорхона гузошташуда, аз ҷумла, аз китобҳои гузаштагони бузурги мо Имом Бухорӣ ва Имом Тирмизӣ гирифта шудаанд. Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки дар Ӯзбекистон марказҳои илмӣ, ки номи ин мутафаккирони барҷаста гузошта шудааст, кушода шуда, ёдгориҳои фарҳанги исломӣ эҳтиёткорона нигоҳ дошта мешаванд, ва олимони саудиро ба кишварамон даъват намуд.

Сарвари давлатамон бо ҳамватанони мо, ки дар Мадина зиёрати ҳаҷ адо менамоянд, ҳамсуҳбат шуд.

Баъд Президент ба шаҳри Ҷидда рафт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: