Дар қароргоҳи "Қасри миллат" дар Душанбе маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар қароргоҳи "Қасри миллат" дар Душанбе маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.
Ба шарафи меҳмони олиқадр каровули фахрӣ саф ороста, гимнҳои давлатии ду кишвар навохта шуданд.
Пас аз он Президентҳо ба якдигар аъзои ҳайатҳои расмиро шинос карданд. Каровули фахрӣ бо қадамзании мутантан аз назди сарони ду давлат гузашт.
Пас аз маросим мулоқоти хосаи Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, ки дар ҷараёни он роҳбарон тамоми спектри шарикии стратегӣ ва ҳамкории бисёрқирраи Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро баррасӣ намуда, ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсии созанда, вусъат додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ эътибори алоҳида доданд.
Мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои таъмини амният, субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
Президенти кишварамон барои даъват ва пазироии самимона изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон имрӯз ба сатҳи баланди бемисл расиданд.
-- Ҳама қарорҳое, ки мо қабул кардем, ба ҳаёт татбиқ мегарданд, дар ин муддат дар муносибатҳои дуҷониба бисёр чизҳо тағйир ёфтанд. Рақамҳо худ ба худ гувоҳӣ медиҳанд. Агар дар соли 2017 гардиши мол 70 миллион долларро ташкил дода бошад, пас дар соли душвори 2020-уми пандемия бори аввал ин рақам ба 500 миллион доллар расид. Мо ба ин сафар хеле ҷиддӣ омодагӣ дидем. Форуми минтақаҳо бомуваффақият баргузор гардид, лоиҳаҳо ва шартномаҳои мушаххас ба маблағи тақрибан 700 миллион доллар ба имзо расиданд. Агар дар бораи муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ сухан ронем, бори аввал рӯзҳои кинои ӯзбек дар Тоҷикистон бомуваффақият гузаронида шуданд, ба қарибӣ ҷавонони кишварҳои мо дар водии Фарғона мулоқот мекунанд. Хулоса, қаробати таърихии мо имрӯз ба амри воқеъ табдил меёбад, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати моро самимона хайрамақдам гуфта, аҳамияти сафар имрӯзаро қайд кард.
-- Ӯзбекистон шарики стратегӣ ва ҳамсояи боэътимоди мост. Мо шодем, ки имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон босуръат рушд карда истодаанд. Робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ васеъ мешаванд. Муносибатҳо дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ мустаҳкам мешаванд. Мехостам ҳамоҳангӣ ва ҳамкории наздики кишварҳои моро бинобар масъалаҳои амнияти минтақавӣ қайд намоям. Омодаам имрӯз бо шумо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои мо, инчунин масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ кунам, -- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Зикр гардид, ки шумораи корхонаҳои муштарак 8 маротиба афзуда, имрӯз аз 200 адад мегузарад. Масалан, дар Душанбе корхонаи муштараки истеҳсоли электроникаи маишӣ бо номи "Артел Авесто Электроникс" бомуваффақият кор мекунад. Барои боздид зиёда аз 30 чунин лоиҳаҳо таҳия карда шудаанд.
Таъкид гардид, ки ҳатто дар шароити душвори соли гузашта ҳаҷми интиқоли бор ва транзити он афзуд. Ба ҳамдигар тахфифҳо ва имтиёзҳо пешниҳод карда мешаванд. Илова бар ин, мо дар қатори аввалинҳо парвозҳои ҳавоиро байни пойтахтҳо аз нав барқарор кардем.
Дар музокирот пешниҳодҳои мушаххас оид ба афзоиши мубодилаи мол, истифодаи самараноки потенсиали минтақаҳо, рушди ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт изҳор гардиданд. Аҳамияти дарёфти "нуқтаҳои рушд" барои ҳамкориҳои гуногунҷабҳа қайд карда шуд. Инчунин ба масъалаҳои густариши минбаъдаи мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо даъватҳо ва таҳдидҳо ба субот ва амният дахл карда шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев аз номи мардуми Ӯзбекистон ва аз номи худ Тоҷикистони бародариро бо ҷашни 30-солагии дар пешистодаи истиқлолият самимона табрик намуда, сулҳ, беҳбудӣ ва шукуфоии минбаъдаро таманно кард.
Роҳбари давлати мо Президент Эмомалӣ Раҳмонро даъват кард, ки дар вақти барояш муносиб ба Ӯзбекистон бо сафари ҷавобӣ ташриф орад.