Шавкат Мирзиёев: Қашқадарё аз имконоти худ пурра истифода намебарад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо иштироки фаъолони вилояти Қашқадарё, депутатҳои шӯрои маҳаллӣ, роҳбарони вазорату идораҳо маҷлис баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо иштироки фаъолони вилояти Қашқадарё, депутатҳои шӯрои маҳаллӣ, роҳбарони вазорату идораҳо маҷлис баргузор намуд.

Дар оғози чорабинӣ вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуд.

-- Мақсади асосии сафари ман -- якҷоя бо шумо муайян кардани вазифа ва тадбирҳои мушаххас барои такони ҷиддӣ додан ба рушди минтақа мебошад. Кашқадарё аз имконоти худ пурра истифода намебарад, аз бисёр минтақаҳои кишвар хеле қафо мондааст, -- қайд кард сарвари давлат.

Ин минтақа имкониятҳои бузург дорад. Аммо вазъи иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоии он ба ин комилан мувофиқат намекунад. Дар давоми 10 соли охир ҳиссаи минтақа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 9,4 то 7,1 фоиз, дар саноат аз 11 то 6 фоиз коҳиш ёфтааст.

-- Дар ин ҷо нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба ҳар сари аҳолӣ яке аз пасттарин дар кишвар ба шумор меравад. Оё мардуми Қашқадарё ба ин сазоворанд? -- бо суол пурсид Президент.

Асоси илмӣ, муносибати инноватсионӣ ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ вуҷуд надорад, навъҳои наве, ки ба шароити иқлими минтақа ҷавобгӯ бошанд, офарида нашудааст. Соли гузашта ҳосили пахта аз ҳар гектар 19 сентнерро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаи пасттарин дар кишвар гардид. Техникаи кишоварзӣ намерасад. Сатҳи коркарди маҳсулот паст аст.

Шавкат Мирзиёев вазъи корҳои обёрӣ ва мелиоратсияи вилоятро сахт танқид кард. Дар натиҷаи обёрии нодуруст 45 фоизи замин шӯр шудааст. Дар ин росто вазъият махсусан дар ноҳияҳои Муборак, Ғузор, Нишон ва Косон мураккаб аст. 38 ҳазор гектар замин аз муомилот хориҷ карда шуд. Обёрии қатрагӣ танҳо дар 2,4 фоизи майдонҳои обёришаванда ҷорӣ карда шудааст.

Таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар маҷмӯъ дар минтақа 50 фоиз; дар Косон - 26 фоиз,  дар Деҳқонобод -- ҳамагӣ 4 фоизро ташкил медиҳад. 60 фоизи қубурҳо ба таъмир ниёз доранд. Системаи канализатсияи шаҳри Қаршӣ фарсуда шудааст. 8,7 ҳазор километр роҳҳои минтақа ба ҳолати корношоямӣ омадааст.

Масъалаи сифати таълим ва ёрии тиббӣ ба миён гузошта шуд.

Зикр гардид, ки дар 88 мактаби вилоят таҳсил дар якчанд баст гузаронида шуда, филиалҳои алоҳидаи мактабҳо аз гили шикаста сохта шудаанд. Ҷавонони Қашқадарё аз ҷиҳати қабул ба донишгоҳҳои олӣ дар Ӯзбекистон мақоми 13-умро ишғол мекунанд. Ва имсол ҳеҷ яке аз хатмкунандагони 191 мактаби вилоят ба мактабҳои олӣ дохил шуда натавонист.

257 духтури ихтисосаш маҳдуд ва 855 нафар дар зинаҳои аввалия намерасанд. Вилоят ба 18 поликлиникаи оилавӣ ва 30 кабинети духтури оилавӣ ниёз дорад. Сарфи назар аз он, ки ба ҳар як поликлиникаи оилавӣ бояд ба ҳисоби миёна 25-30 ҳазор шаҳрванд рост ояд, дар вилоят ин рақам 90 ҳазорро ташкил медиҳад.

Дар ҷамъомад инчунин мушкилоти дигар, имкониятҳои мавҷуда таҳлил карда шуда, афзалиятҳои рушди ҳамаҷонибаи Қашқадарё ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: