Шавкат МИРЗИЁЕВ: РАҚАМҲО НЕ, НАТИҶАҲО МУҲИМАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар рӯзи кори охирини соли 2019 бо раисони палатаҳои парлумон, аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо мулоқот кард, дар он натиҷаҳои соли сипаришуда ҷамъбаст ва вазифаҳои муҳим барои соли 2020 муайян шуданд.

Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвари мо ислоҳоти муътамад татбиқ мегарданд. Ҳуҷҷатҳои муҳими ҳуқуқӣ, ки ба бозсозии соҳаҳои иқтисодиёт, пурра ба роҳ мондани иқтидори минтақаҳо, баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ нигаронида шудаанд, қабул мешаванд. Дар ин ҷараён ташаббусҳо ва пешниҳоди ҷамъият ба инобат гирифта шуда, масъалаҳои молиявиву ташкилӣ ҳаллу фасл мегарданд.
Натиҷаҳои ин кори фарогир дар тамоми соҳаҳо эҳсос мегарданд. Масъалаҳое, ки ҳатто дар назари аввал ҳаллу фаслашон ғайриимкон аст, низ амалӣ мешаванд. Аз ҳама муҳимаш, шароити ҳаёти халқ беҳтар мегардад, ризоият аз давлат ва ҳаёт меафзояд.
Дигаргуниҳое, ки дар Ӯзбекистон ба амал меоянд, аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ низ баҳои баланд мегиранд. Аз ҷумла, яке аз нашрияҳои бонуфуз – маҷаллаи «Экономист»-и Бритониё Ӯзбекистонро барои ислоҳоти рӯзафзун дар соли 2019-ум «Мамлакати сол» номид.
Баробари ин Ӯзбекистон ба сафи кишварҳои беҳтарини ислоҳотгар дар номгӯйи Бонки умумиҷаҳонии «Татбиқи тиҷорат» барои соли 2019 дохил шуд.
Бояд коре кард, ки ин комёбиҳо дар соли 2020-ум низ давом кунанд, барои ин бояд иҷрои қарорҳои қабулшуда бино бар рушди соҳа ва минтақаҳо таъмин гардад, ба натиҷаҳои баланди беш аз пеш муваффақ шавем.
Роҳбари давлат қайд намуд, ки натиҷаҳое, ки ба даст омадаанд, ҳанӯз ниҳоӣ намебошанд, барои минбаъд беҳтар кардани ҳаёти аҳолӣ, афзун сохтани иқтидори иқтисодии мамлакат, бештар истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда аз ин нуқтаи назар соли 2020-ум соли санҷишҳо мегардад.
Дар машварат зарурияти  сабақи дуруст гирифтан аз нуқсонҳое, ки дар соли 2019-ум ба онҳо роҳ дода шудаанд, иҷрои босифати чорабиниҳое, ки барои соли 2020-ум пешбинӣ шудаанд, мушаххас кардани иҷрогарони масъул ва муҳлатҳо таъкид гардид. Ҳамчунин қайд шуд, ки бояд барои аз ҷониби ташкилотҳо иҷро шудани вазифаҳо ба маҳалҳо рафтан зарур аст ва назорати мунтазамро таъмин кардан мебояд.
Таъкид шуд, ки Девони Вазирон бояд фаъолияти ҳокимияти иҷроияро самарабахш ба роҳ монад, нишондиҳандаҳои кори самарабахши вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои дигарро бинобар ҳар семоҳаи соли 2020-ум кор карда барояд, ҳамчунин иҷрои онҳоро таҳти назорати қатъӣ бигирад.
Зарурияти татбиқ намудани тағйиротҳои ҷиддӣ бобати идораи самарабахши корхонаҳои давлатӣ ва коҳиш додани иштироки давлат дар иқтисодиёт дар соли оянда таъкид гардид.
Вазифа гузошта шуд, ки низоми нави сохтмон ва ба истифода супурдани иншооти инфрасохтор дар доираи барномаҳои сармоявӣ ҷорӣ карда, ислоҳоти дар соҳаи нақлиёт, бахусус нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ оғозёфта тезонида шавад.
Бобати ба тартиб андохтани бозори корҳои сохтмониву пудратӣ ва хидматҳои лоиҳасозӣ, фароҳам овардани рақобати озод ва ҷорӣ намудани меъёрҳои замонавии шаҳрсозӣ, беҳтар намудани сохтмон супоришот дода шуданд. Зарурияти иҷрои вазифаҳои рӯзмарра дар соҳаи таъминоти оби ошомиданӣ ва гармӣ таъкид гардид.
Бобати таъмин сохтани эътидоли макроиқтисодӣ, коҳиш додани муфлисӣ, куллан ба механизмҳои бозаргонӣ гузаштани нарху наво, ташаккул додани муҳити озоди рақобат супоришҳо дода шуданд.
Баробари ин бояд ба қатъиян афзудани нарх аз ҳисоби вусъат додани истеҳсоли молҳои истеъмолӣ, бахусус маҳсулоти хӯрокворӣ, аз тариқи коҳиш додани хароҷот роҳ дода нашавад.
Муҳимияти идома додани ислоҳот дар низоми бонкӣ, вусъат додани хидматҳои мусоид ва босифати бонкӣ таъкид гардид.
Ба баланд бардоштани фаъолнокии соҳибкории аҳолӣ, аз байн бардоштани кайфияти туфайлихӯрӣ эътибори махсус дода шуд. Зарурияти фароҳам овардани муҳити мусоиди тиҷорат, аз ҷумла минбаъд такмил додани маъмурияти андоз, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳадди аксар коҳиш додани омили инсонӣ қайд шуд.
Роҳбари давлат зарурияти ҳарчи зудтар ба роҳ мондани чорабиниҳои мунтазамро бинобар маънидодкунии муфассали меъёрҳои нави Кодекси андоз ба андозсупорандагон таъкид кард.
Ба ташкили самарабахши корҳо дар соҳаи савдо ва сармояҳои хориҷӣ эътибори махсус дода шуд. Супурда шуд, ки сармояҳои бевосита ва вомҳои хориҷӣ самарабахш истифода шаванд, онҳо барои лоиҳаҳо бо натиҷаҳои муайян равона гарданд, бо сармоягузорон дар сатҳи нав корҳои нишонадор ҷорӣ карда шавад.
Баробари ин зарурияти ба роҳ мондани корҳои мунтазам бинобар муоҳида ва лоиҳаҳое, ки ҳангоми сафарҳои хориҷӣ имзо шудаанд, таъкид шуд, натиҷаҳои мушаххаси онҳо бояд таъмин карда шавад.
Бояд иқтидори содиротии иқтисодиёт баланд бардошта, номгӯ ва ҷуғрофияи содирот вусъат ёбад, фаъолияти савдои хориҷӣ барои ворид шудан ба бозорҳои нав куллан такмил дода шавад.
Ислоҳсозии соҳаҳои гумрук, стандартикунонӣ, карантин ва ғайра тақозо мегардад, онҳо бояд ба ёварони соҳибкорон табдил дода шаванд.
Дар машварат вазифаҳои мушаххас бинобар мустақимона идома додани ислоҳот дар соҳаҳои таълим, нигаҳдории тандурустӣ, сайёҳӣ ва ҷанбаҳои дигари иҷтимоӣ муайян карда шуданд.
Дар соҳаи сайёҳӣ дар соли оянда то ба 7,5 миллион нафар расондани миқдори сайёҳон, ба беш аз 1,5 миллиард доллар расондани ҳаҷми содироти хидматҳои сайёҳӣ бояд аз ҷумлаи вазифаҳои бартаринок муайян шуд.
Зарурияти пурзӯр кардани эътибор ба тайёркунии ҷавонон, бахусус духтарон, ба ҳаёти оилавӣ таъкид гардид. Тавре ки Президент қайд намуд, бояд эҳсоси ҷавобгариро барои оила дуруст ба роҳ монда, омодагии рӯҳӣ ба муносибатҳои оилавиро дарк намуда, дар оилаҳо муҳити солим ташаккул ёбад.
Барои роҳбарони соҳа ва ҷанбаҳои маҷмӯи агросаноатӣ таъмин кардани иҷрои Стратегияи доир ба рушди хоҷагии қишлоқ дар солҳои 2020-2030 вазифаи афзалиятноктарин ба шумор меравад. Дар ин маврид бояд баҳри  кластерҳои пахтакорӣ, ғаллапарварӣ, шолипарварӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда, мушкилоти мавҷуда дар низоми нав мунтазам таҳлил ва аз байн бардошта шаванд.
Ҳамчунин бобати рушди соҳаҳои нафту газ, кимё, энергетика, ҷалби фаъолонаи сектори хусусӣ ва сармояҳо, зиёд кардани истихроҷи ашёи хом супоришҳои зарурӣ дода шуданд.
Барои иҷрои пурра ва босифати вазифаҳои муайяншуда тамоми роҳбарон бояд аз «зинаҳои баланд» поён фуроянд ва вазифадоранд ҷомеа ва захираҳоро ҳадди аксар сафарбар намоянд, таъкид шуд дар машварат.
Бинобар масъалаҳое, ки аз ҷониби Президент баррасӣ шуданд, Раиси Сенат ва Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Сарвазир ва аъзои ҳукумат, роҳбарони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ баромад карданд, онҳо зикр намуданд, ки барои иҷрои босифати супоришҳои додашуда корҳои мунтазамро ба роҳ мемонанд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: