ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ РОҲБАРИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 сентябр президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал Халифаро пазируфт.

Роҳбари давлати мо меҳмонро хайрамақдам гуфт, муносибатҳои мунтазам ва самарабахш инкишофёфтаистодаи шарикии байни Ӯзбекистон ва КФО-ро, ки ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои оммавӣ кардани футбол дар кишвари мо ва васеъ ҷалб намудани ҷавонон ба он нигаронда шудааст, махсус таъкид кард.
Кишвари мо аз соли 1994 узви конфедератсия ба шумор меравад. Алҳол бисёр барнома ва чорабиниҳо бобати рушди ин намуди варзиш дар Ӯзбекистон, аз ҷумла, бино бар таҷдиди инфрасохтори мавҷуда ва ташкил кардани инфрасохтори наву замонавии варзишӣ дар минтақа, дастгирӣ намудани варзишгарони ҷавон, пешбурди футболи занона, гузаронидани мусобиқаҳои бузурги байналхалқӣ муштаракона татбиқ мегарданд.
Дар мулоқот масъалаҳои минбаъд вусъат додани ҳамкориҳои муфиди тарафайни байни Ӯзбекистон ва КФО баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки дар мамлакати мо барои ташкил кардани мусобиқаҳои бузурги байналхалқии футбол, аз ҷумла, чемпионатҳои ҷаҳонӣ ва қитъавӣ дар байни наврасон, ҷавонон ва дастаҳои занона имкониятҳо мавҷуданд.
Муҳимияти идома додани кӯмакрасонии конфедератсия барои дар Ӯзбекистон созмон додани инфрасохтори дараҷаи ҷаҳонии футбол, таъминоти услубӣ, дастгирии ҷавонони соҳибқобилият, тайёр кардани мутахассисон, мураббиён ва ҳайати ҳакамоти баландихтисос таъкид шуд.
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал Халифа ба сарвари давлати мо барои пазироии гарм сипосгузории самимӣ баён карда, сиёсатеро, ки дар Ӯзбекистон бобати дастгирӣ кардани варзиши оммавӣ, пуштбонӣ ва рушди футбол амалӣ мешаванд, баланд арзёбӣ намуд.
Меҳмон ҳамраъйии Конфедератсияи футболи Осиёро барои вусъат додани шарикии васеъмиқёс бо Ӯзбекистон, ҳамчунин омодагиашро ба муштаракона пеш бурдани барнома ва лоиҳаҳои нави ҳамкориҳои амалии тарафайн тасдиқ кард.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: