Сарвари давлатамон дар Муроҷиатномаи худ ба халқ зарурати ба мактаббачагон омӯзонидани забони хориҷӣ ва касбҳоро қайд карда буд.
20 январ маҷлис барпо гардид, ки дар он вазифаҳо дар ин бобат муайян шуданд. Қарор дода шуд, ки дар мактабҳо аз рӯи хусусиятҳои ноҳияву маҳаллаҳо омӯзондани 64 намуди касби коргарӣ ба роҳ монда шавад.
Дар маҳалҳо ин модел ба амал бароварда шуд. Аз ҷумла, баъди таъмир дар мактаби миёнаи раками 55-и вилояти Андиҷон шароити мувофиқ фароҳам оварда шуд. Таҳхонаҳои холии мактаб ба соҳибкорон ҷудо карда шуда, дар он ҷо устохонаҳои таълимӣ ташкил намуда, ба касбомӯзии ҷавонон шурӯъ карданд. Президент аз ин цехҳо дидан кард.
Дар ин ҷо талабагони синфҳои боло дузандагӣ, мебелсозӣ, қаннодӣ, пойафзолдӯзӣ, сабадбофӣ, духтани рахти хобро меомӯзанд. Инчунин дар ҳудуди мактаб устохонаи таъмири мошинҳо, устохонаи кафшерӣ, матбаа, хизматрасонии компютерӣ ва сартарошхонаҳо мавҷуданд.
Сарвари давлатамон бо ҷавонони соҳиби касбу ҳунар ҳамсуҳбат шуд.
– Агар шумо эътибор диҳед, касе ки дар даст ҳунар надошта мактабро хатм кардааст, ба вай беҳтар кардани рӯзгори худ, пайдо кардани кор ҳамон қадар душвортар мешавад. Барои онҳое, ки ҳам ҳунар ва ҳам забони хориҷиро медонанд, ҳама роҳҳо боз аст. Шумо чунин имконият доред. Бо ғайрати калон меҳнат кунед, хонед, касб омӯзед. Қарорҳо ва кӯшишҳо кай самара медиҳанд? Вақте ки мутахассисони хуб ҳастанд. Сармоягузорон низ ба донишу малакаи кадрҳо такя мекунанд. Сарвати аз ҳама асосии мамлакатамон – ҷавонон, – гуфт Шавкат Мирзиёев.