Шавкат Мирзиёев -- ташаббускор ва меъмори муносибатҳои неки ҳамсоягӣ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри фарҳанги "Арбоб"-и назди Хуҷанд ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри фарҳанги "Арбоб"-и назди Хуҷанд ташриф овард. Дар ин ҷо бо намояндагони насли калонсол, инчунин зиёиёни эҷодкор ва илмии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид.

Пешвои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки ба туфайли иродаи сиёсии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дӯстӣ ва эътимоди тарафайн байни кишварҳоямон мустаҳкамтар шуданд.

-- Оё мо ҳатто тасаввур карда метавонистем, ки мушкилоти ҷамъшуда дар ин муддати кӯтоҳ ҳалли худро меёбанд?! Ҳатто созмонҳои байналмилалӣ ба ин бовар надоштанд. Имрӯзҳо байни давлатҳои мо ягон мушкилоти ҳалношуда вуҷуд надорад, фазои эътимоди тарафайн ба вуҷуд омадааст. Ташаббускор ва меъмори ин муносибатҳо мӯҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев мебошад, -- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид карда шуд, ки солҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 17 нуқтаҳои гузаргоҳӣ кушода шудааст, ки мардуми Тоҷикистон аз онҳо хеле миннатдоранд.

Сарвари давлати мо ба ҳозирин эҳтироми амиқ изҳор намуда, дар бораи аҳамияти қадр кардани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки халқҳоямон ва рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ суханронӣ кард.

-- Солҳои охир, ба туфайли муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстии абадии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, мо натиҷаҳои азим ба даст меорем. Албатта, шумо, намояндагони мӯҳтарами ҷомеа ва зиёиёни ду кишвар низ дар ин муваффақиятҳо саҳми бебаҳо доред; мо онро хуб медонем ва ба он баҳои баланд медиҳем, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Беҳуда нест, ки як қисми муҳими чорабиниҳои пешбининамудаи барномаи сафари пешвои Ӯзбекистон дар Хуҷанд сурат мегирад. Ин шаҳри бостонӣ барои халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баробар азиз аст. Дарвоқеъ, он дар тӯли асрҳо муҳимтарин маркази Роҳи Бузурги Абрешим буд ва дар ҳаёти фарҳангии тамоми минтақа нақши калон дошт.

Таърих корнамоиҳои фармондеҳони бузург -- писари маъруфи Хуҷанд Темур Малик ва хоразмшоҳ Ҷалолиддин Мангубердиро, ки ба муқобили истилогарон паҳлӯ ба паҳлӯ истода буданд, дар хотираи халқҳоямон нақш бастааст. Шаҳр нақши муҳимро идома дода, дар даврони Темуриён, Шайбониён ва дар давраи хонигариҳо ривоҷ ёфтааст.

Хусусан он факт қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар Хуҷанд Маркази ҷамъиятии маънавият ва маърифати ӯзбек, мактаби илмии тайёр кардани мутахассисони филологияи ӯзбек дар донишгоҳи маҳаллӣ фаъолият нишон медиҳанд.

Ӯзбекистон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳифз ва рушди фарҳанги тоҷикон, инчунин фарҳанги миллат ва халқиятҳои дигар аҳамияти калон медиҳад. Дар мамлакати мо зиёда аз як миллиону шашсад ҳазор тоҷик -- ҳамватанони мо, ки дар рушди Ӯзбекистон саҳми сазовор мегузоранд, зиндагӣ мекунанд. Инҳо олимони боистеъдод, соҳибкорон ва деҳқонон, муаллимон ва табибон, арбобони фарҳанг ва санъат, роҳбарони сатҳҳои гуногун мебошанд.

Дар таҳкими ризоияти байнимилӣ 15 маркази фарҳангии миллии тоҷикон саҳми муҳим доранд. Рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ нашр мешаванд, барномаҳои телевизион ва радио интишор карда мешаванд. Дар Ӯзбекистон 255 мактаби таълими забони тоҷикӣ, факултетҳо ва шӯъбаҳо дар як қатор донишгоҳҳои ҷумҳурӣ фаъолият нишон медиҳанд. Дар соли ҷории таҳсил қабул ба ин самт ду баробар афзудааст.

Танҳо дар солҳои охир зиёда аз 130 нафар ҳамватанони миллати тоҷик бо мукофотҳои олии давлатии Ӯзбекистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар кишварҳои мо ба омӯзиш ва ғанигардонии тарафайни адабиёт ва санъати ду халқ диққати калон дода мешавад. Ба ин бастаи мустаҳками ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ӯзбекистон ба имзо расидаанд, мусоидат мекунад. Аз ҷумла, созишномаҳои ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ як қатор лоиҳаҳоро пешбинӣ мекунанд, ки барои мустаҳкам намудани робитаи маънавии халқҳоямон, муттаҳид сохтани ҷавонони мо дар атрофи манфиатҳои муштарак пешбинӣ шудаанд.

Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки ҷаҳони муосир босуръат тағйир меёбад, даъватҳои нав ва таҳдидҳо ба амният, аз ҷумла дар минтақаи мо ба миён омада истодаанд.

--Мо бояд сарвати бузурги худ -- сулҳ ва субот, дӯстӣ ва ҳамкориро махсусан қадр намоем ва афзоиш диҳем, дар ҷавононамон эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро тарбия намоем, -- гуфт роҳбари Ӯзбекистон. -- Танҳо бо муттаҳид сохтани саъю кӯшиш мо метавонем ба ҳадафҳои умумӣ -- таъмини сулҳ ва некӯаҳволӣ, шукуфоии наслҳои оянда расем. Боварӣ дорам, ки шумо, намояндагони мӯҳтарами зиёиёни эҷодкор ва илмӣ бо дониш ва таҷрибаи бойи ҳаётӣ, бо нерӯ ва ғайрати хоси худ, дар таҳкими дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон саҳми сазовори худро мегузоред. Ва ман мутмаинам, ки чунин рисолати олӣ ва наҷиб дар дасти шумост.

Президентҳо аз Қасри фарҳанги "Арбоб" дидан карданд. Ин маҷмаа соли 1959 сохта шудааст. Он барои халқи тоҷик аҳамияти таърихӣ дорад. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар ин ҷо қарорҳои муҳими марбут ба истиқлолияти кишвар қабул карда мешуданд. Дар ин ҷо, дар соли 1992, лаҳзаи барои Тоҷикистон тақдирсоз, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари давлат ба кор шурӯъ кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: