ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ҲАЙАТИ ВАКИЛОНИ ТОТОРИСТОНРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 ноябр ҳайати вакилони Русияро таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими зинаи имрӯзаи ҳамкорӣ ва пешомади рушди ҳамкории амалӣ бо Тотористон – яке аз шарикони асосӣ барои минтақаҳои мамлакатамон байни субъектҳои Федератсияи Русия баррасӣ гардиданд.
Фаъол гардидани мубодилаҳои тарафайни корӣ ва маданиву инсонпарварӣ бо қаноатмандӣ қайд гардид. Соли ҷорӣ дар пойтахти Тотористон шаҳри Қозон консулгарии генералии Ӯзбекистон кушода шуд.
Ҳаҷми тиҷорат бо ин минтақаи Русия меафзояд. Дар соҳаҳои мошинсозӣ, нафту газ, кимё ва дигар лоиҳаҳои муштарак татбиқ мегарданд.
Муҳим будани минбаъд амиқ гардондани ҳамкории муфид, вусъат додани ҳаҷми муомилоти мол, пурзӯр гардондани кооператсия ва пеш бурдани лоиҳаҳои дақиқ дар соҳаҳои кишоварзӣ, мошинсозӣ, электротехника ва дорусозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, хоҷагии манзиливу коммуналӣ, инчунин нигаҳдории тандурустӣ ва таълим қайд гардид.
Бинобар ҷамъбасти вохӯрӣ оид ба қабул намудани «харитаи роҳ» барои соли 2020-ум ва мунтазам баргузор намудани вохӯрии гурӯҳи дуҷонибаи корӣ оид ба вусъат додани шарикӣ аҳду паймон шуд.
 ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: