Шавкат Мирзиёев: Ҳар гуна вазифаи марбут ба ояндаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дорад

Санъат, адабиёт ва варзиш дар ҳаёти ҷавонон нақши муҳим доранд. Сарвари давлат дар муроҷиатномаи худ дар Форуми ҷавонони Ӯзбекистон ба вазифаҳои минбаъдаи рушди ин соҳаҳо дахл кард.

Санъат, адабиёт ва варзиш дар ҳаёти ҷавонон нақши муҳим доранд. Сарвари давлат дар муроҷиатномаи худ дар Форуми ҷавонони Ӯзбекистон ба вазифаҳои минбаъдаи рушди ин соҳаҳо дахл кард.

-- Соли оянда мо 580-солагии зодрӯзи гузаштаи бузурги худ Алишер Навоиро ба таври васеъ ҷашн хоҳем гирифт. Бо эҷодиёти Ҳазрати Навоӣ мунтазам шинос кардани ҷавонон муҳим аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки версияҳои мутобиқшудаи осори мутафаккири барҷастаро таҳия намуда, барномаҳои гуногун ва замимаҳои мобилиро таҳия намоем, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президент пешниҳод кард, ки дар Тошканд китобхонаи боҳашамати замонавӣ сохта шавад.

-- Ин қасри маърифат бо навтарин дастовардҳои илмӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Дар он асарҳои нодиртарин, беназир, пурарзиштарини мамлакати мо ва ҷаҳон ҷамъ оварда мешаванд. Боварӣ дорам, ки ин макон бо чароғи воқии зиёи мо мубаддал хоҳад шуд, ки мероси бой ва номҳои гузаштагони бузургро дар тамоми ҷаҳон тараннум месозад, рамзи ғуруру ифтихори ҳамаи ҳамватанон ва пеш аз ҳама шумо, фарзандони азизи мо хоҳад буд.

Чанде пеш барои ҳаёти варзишии кишварамон хабари хуш омад. Тибқи қарори Шӯрои олимпии Осиё, шаҳри Тошканд Бозиҳои осиёии наврасони соли 2025-ро баргузор мекунад. Дар ин мусобиқа варзишгарони ҷавони 45 кишвари қитъа тақрибан аз рӯи 20 намуди варзиш қувва меозмоянд.

-- Далели он, ки чунин бозиҳои бонуфузи байналмилалии варзишӣ бори аввал дар таърихи мо дар Ӯзбекистон баргузор мешаванд, бешубҳа, ба ҳамаи мо ҳисси ифтихор мебахшад. Дар айни ҳол ин ба зиммаи мо масъулияти азим мегузорад. Ин боз як имкони олиест ба шумо барои нишон додани қобилият ва маҳорати худ, баланд бардоштани парчами Ватани мо, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дастур дода шуд, ки ин ҷашнвораи варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор карда шавад, чемпионатҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин ҷомҳои ҳоким дар намудҳои варзиш, ки ба барномаи Бозиҳои Осиё дохил карда шудаанд, ташкил карда шаванд.

-- Бо мақсади таъмин намудани рушди ҷисмонӣ ва маънавии насли наврас, аз ҷумла ташкили пурмазмуни вақти холии онҳо, ҷалби васеъ ба варзишҳои оммавӣ, платформаи электронии «Тарзи ҳаёти солим» таҳия карда мешавад. "Пайроҳаҳои саломатӣ" барои сайругашт ва велосипедронӣ сохта мешаванд, -- қайд кард сарвари давлат.

Солҳои охир майдончаҳои варзишии дар маҳаллаҳо ташкилшуда ба ҷои дӯстдоштаи ҷавонон табдил ёфтанд. Қайд карда шуд, ки ин кор идома дода мешавад. Ҳамзамон, барои самаранок истифода бурдани толори варзишии мактабҳо берун аз вақти корӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар форум мушкилоти марбут ба тарбияи маънавии ҷавонон ошкоро баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки дар ҷаҳон муноқишаҳо ва муқовиматҳои гуногун афзоиш ёфта, терроризм, экстремизм ва дигар таҳдидҳо ба фазои Интернет амиқан ворид шудаанд.

-- Дар чунин шароити душвор ҷавонони мо бояд ҳассос ва ҳушёр бошанд, дар ҳар як масъала, пеш аз ҳама, бо назардошти манфиатҳои Ватан амал кунанд. Чунин накӯкориҳо, аз қабили саъй ба дониш ва касб омӯхтан, эҳтиром ба оила, тозагии маънавӣ, эҳтиром ба калонсолон, дилсӯзӣ ба хурдсолон, садоқат ба арзишҳо -- аз замонҳои қадим дар хуни халқ, миллати мо ҷой доранд. Мо бояд чунин мероси бебаҳоро на танҳо ҳифз кунем, балки онро ғанӣ гардонем ва ба наслҳои оянда расонем.

Дар ин ҷо ман волидон, модаркалон ва бобоҳо, муаллимон ва мураббиён, намояндагони зиёиён ва ҷомеаи васеро даъват мекунам, ки ба ин мушкил бетафовут набошанд, балки корҳои тарбиявии ҷавононро пурзӯр кунанд.

Ҳарчанд душвор бошад ҳам, имрӯз усулҳои мувофиқи муассир,  ба тамоюлҳои замонавӣ ҳамоҳанги тарбияро ёфтан лозим аст. Мо бояд кӯдакони барои мо азизро аз ғояҳои харобиовар ва зараровар, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, табъи бепарвоӣ ва қашшоқии маънавӣ муҳофизат кунем. Дар рафъи чунин падидаҳои манфӣ бояд ҳамаи мо ва пеш аз ҳама, ҷавонони азизи мо фаъол бошанд. Албатта, шумо қудрати маънавӣ ва суннатҳои деринаи мардуми моро ҳифз карда метавонед, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар форум Президент таъкид кард, ки ҳар як вазифаи марбут ба ояндаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

-- Кор бо ҷавонон бояд вазифаи асосии ҳамаи мо -- аз Президент то вазир, аз ҳоким то раиси маҳалла бошад. Вақти он расидааст, ки ҳар як ҳоким, ҳар як вазир, ҳар як раиси маҳалла ба саволи «Ман имрӯз барои ҷавонон чӣ кор кардам? Ман фардо барои фарзандонамон боз чӣ кор карда метавонам?” ҷавоб диҳад ва ин кор бояд ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо гардад.

Фарзандони азизи ман! Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки халқи мо, Ватани мо аз шумо дастовардҳои бузургро интизор аст! Ба умед ва эътимоди олии кишвар сазовор шудан ва шоистаи ин будан -- хушбахтии бузургтарин дар ҷаҳон аст. Бигузор ҳамаи шумо чунин шарафро соҳиб шавед,  -- таъкид кард дар охири суханаш Шавкат Мирзиёев.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: