Президент Шавкат Мирзиёев 30 январ бо муаррифии лоиҳаҳо дар соҳаҳои ҷавонон, варзиш, нигаҳдории тандурустӣ ва электроэнергетика шинос шуд.
Сарвари давлат 28 январ дар ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба рушди таълими мактабӣ доир ба ташкили пурмазмуни фароғати ҷавонон ва оммавигардонии варзиш миёни онҳо як қатор дастурҳо дод. Дар муаррифии имрӯза лоиҳаҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Шахсони масъул дар бораи натиҷаҳои супориши оид ба омӯзиши шароити маҳаллаву мактабҳо гузарондашуда маълумот доданд. Зимнан зикр гардид, ки аз 9 309 маҳалла дар саросари кишвар 763-тоаш иншооти варзишӣ надоранд ва дар беш аз 6 ҳазор маҳалла китобхона вуҷуд надорад. Ғайр аз ин, аз 10 130 мактаб зиёда аз 2000-тоаш толори варзишӣ, 22 мактаб китобхона надорад.
Оид ба сохтани иншоотҳои варзишӣ ва китобхонаҳо дар мактабу маҳаллаҳо 3 намуд таклифҳои лоиҳавӣ тартиб дода шудаанд. Пешниҳоди якум гузоштани рафҳои китоб ва асбобҳои варзишӣ, дуюм – сохтмони майдончаҳои варзишии кушод ва сеюм – сохтмони толорҳои варзишии пӯшидаро пешбинӣ менамояд.
Сарвари давлат ин лоиҳаҳоро маъқул накард ва оид ба аз нав дида баромадан тавсияҳо дод.
– Тасаввур кунед: ба мардуми оддии деҳот чӣ лозим аст, ба ҷавонон чӣ лозим? Кӯдакон бегоҳӣ чӣ бозӣ мекунанд? Калонсолон дар куҷо ҷамъ мешаванд ва сӯҳбат мекунанд? Дар ин бора фикр карда, лоиҳаро бо назардошти хоҳиши мардум тартиб дод. Масалан, маҳалла мактабу стадион дорад. Дар шафати онҳо майдончаи футболи хурд, баскетбол, тенниси рӯи миз, ҷои шоҳмотбозӣ сохтан мумкин аст. Ҳама чизе, ки барои ин лозим аст, дар худамон истеҳсол карда мешаванд.
Дуюм, дар ин ҷойҳо китобхона, толори компютерӣ, ошхона, ҳаммом сохтан мумкин аст. Дар оянда пунктҳои тиббиро ҷойгир кардан мумкин аст. Умуман, хидматрасонӣ инкишоф меёбад, мардум қаноатманд мешаванд. Ҳар як маҳалла бояд чунин маркази иқтисодӣ, ҷамъиятӣ ва таълимӣ дошта бошад, ки дар онҳо зиндагӣ ҷӯш занад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вазифа гузошта шуд, ки лоиҳа бо назардошти эродҳо такмил дода, марказҳои маҳаллаҳо дар асоси шарикии давлатию хусусӣ ташкил карда шаванд. Дар баробари ин ба соҳибкорон ба ивази ӯҳдадорихои иҷтимоӣ имтиёзҳо дода мешавад. Соатҳои муайян дар як рӯз барои ҷавонони маҳаллӣ ройгон хоҳанд буд. Ҳамин тариқ, соҳибкор даромад ба даст меорад ва объектҳо самаранок истифода мешаванд.
Дар маросими муаррифӣ инчунин лоиҳаҳо оид ба зиёд намудани фарогирии хонандагон ба таълими мактабӣ баррасӣ шуданд.
Чунон ки маълум аст, дар панҷсолаи ҷорӣ дар мамлакати мо бояд 1 миллиону 200 ҳазор ҷои донишандӯзон ташкил карда шаванд. Аз ин рӯ, сарвари давлат дастур дод, ки мактабҳои нав бунёд карда, гунҷоиши мактабҳои мавҷуда зиёд карда шаванд. Дар асоси ин лоиҳаҳои мактабҳо барои 330, 660, 990, 1320 ва 1650 ҷой тартиб дода шудаанд. Дар онҳо биноҳои иловагӣ, толорҳои бисёрфунксионалӣ, ҳаммом, лабораторияҳои замонавӣ бунёд карда, бо тахтаҳои интерактивӣ ва курсиҳои бароҳат муҷаҳҳаз гардонда мешаванд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки ҳолати таҳкурсиву девори ҳар як мактаб бо мутахассисон омӯхта шавад.
– Барои чӣ ман инро мегӯям? Дар он ҷое, ки имконпазир аст, мактабҳои мавҷуда васеъ карда шаванд. Чунки ҳам бачагон ва ҳам муаллимон ба ҷои худ одат кардаанд. Шояд дар маркази маҳалла замини дигари холӣ набошад. Агар дар канор сохта шавад, нақлиёт лозим мешавад, ба он ҷо рафтани бачаҳо мушкил мешавад. Бинобар ин ба мақсад мувофиқ аст, ки дар худи мактаб ошёнаи иловагӣ ё бинои нав сохта шавад, – гуфт Президент.
Супориш дода шуд, ки ба ҳар як мактаб бо назардошти вазъияти он ва демографияи нуқтаи аҳолинишин муносибат зоҳир карда, дар куҷо сохтани бино ва аз чанд ошёна иборат будани онро дақиқ ба хисоб гирифт.
Соли гузашта Шавкат Мирзиёев борҳо бо лоиҳаи сохтмони Маркази тиббии саратоншиносӣ шинос шуда буд. Имрӯз дар бораи корҳои дар ин самт анҷомдодашуда маълумот дода шуд.
Бинои марказии марказ аз 10 ошёна ва 650 кат иборат хоҳад буд. Он 16 кабинети чарроҳӣ, шуъбаи реанимация барои 45 кат, шуъбаҳои муолиҷаю ташхис хоҳад дошт. Инчунин дар як шабонарӯз барои қабули 100 нафар беморхона пешбинӣ шудааст. Имрӯзҳо тайёр кардани таҳкурсии бино оғоз ёфт.
Сарвари давлат дастур дод, ки марказ бо таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла бо истифодаи босамари сармояи хориҷӣ муҷаҳҳаз гардонида, малакаи кадрҳо такмил дода шавад.
Дар тақдимот инчунин тадбирҳои васеъ намудани иқтидори низоми таъминоти барқ муҳокима шуданд.
25 январи соли ҷорӣ дар низоми минтақавии энергетикӣ ҳодисаи техникӣ рӯй дод. Ин ба тамоми нерӯгоҳҳои барқӣ таъсир расонда, вазъияти фавқулодда ба амал овард.
Сабабҳои зиёде ҳаст, ки ба ин оварда мерасонанд. Махсусан, низоми ягонаи энергетикӣ бо хатҳои магистралии иқтидорашон 200-500 киловатт пурра ҳалқагин гардонда нашудааст. Дар қисми асосии узелҳои Шимолу Ғарбӣ ва Ҷануби Ғарбӣ шабакаҳои иқтидорашон 500 киловатт мавҷуд нестанд. Баъзе шоҳроҳҳо аз қаламрави давлатҳои ҳамсоя мегузарад.
Бинобар ин дар мамлакати мо барпо намудани низоми ягонаи халқагин аз ҳисоби сохтани шабакаҳои иқтидорашон 500-750 киловатт ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, то соли 2026 иқтидори умумии истеҳсолӣ ба 27 ҳазору 400 мегаватт ва тавлидоти солона то ба 110 миллиард киловатт-соат расонда мешавад. Он гоҳ тамоми минтақаҳои мамлакат бо шабакаҳои иқтидорашон 500-750 киловатт бо барпо намудани низоми ягона мустаҳкам пайваст карда мешаванд.
Президент зарурати ислоҳсозии низоми қувваи барқ, идома ва рушди ҳамкориро бо кишварҳои ҳамсоя таъкид кард. Супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарор дар бораи зиёд кардани иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва автоматикунонии таъминоти қувваи электр тартиб дода шавад. Мақсади асосӣ баланд бардоштани устувории низоми энергетикӣ ва бо қувваи барқ бефосила таъмин намудани аҳолӣ мебошад.