ШАҲДУ САМАРИ УМР

Эргашбойамак – писари Бобои Отабой аслан зодаи Чакалаки Ғазантераки Тоҷикистон.

Ба ҷанги алайҳи зидди фашизм дар солҳои 1941-1945 рафту пас аз анҷоми набард ба зудӣ барнагашт. Бо Нюра ном русдухтараке издивоҷ карда, сипас роҳи зодгоҳро пеш гирифтанд.
Зану шавҳар бо аҳли диёри аслӣ дар як сафу дар як қатор истода, то охирҳои умр меғалтиданду мехестанд. Нахустин рӯзҳои зиндагиашон бо Нюра, ки деҳотиёни тоҷик ба тариқи хеш «Нура» мегуфтанд, чандон осон намекӯчид. Вале, рафта-рафта...
***
Дар набардҳо Эргашбойамаки он гоҳ ҷавони тануманд, борҳо захмӣ шуда, баъди ҷарроҳиву табобатҳо шифо меёфт. Боз ба корзор даромада меҷангид. Вале, як дафъа гӯё бахташу кораш омад накард. Дар задухӯрдҳои нобаробар алорағми хасм дар натиҷаи таркиши тири тӯп сараш сахт лат ёфт. Дар майдони ҷанг, дар қатори фавтидагону маъюбон дар ҳавои сарди зимистон монд, то дер гоҳ, то омадани хоҳарони шафқат мадҳуш мехобид.
Ҳавои сарди зимистон. Аз ҳар куҷо аранг-аранг нолаву фиғони захмиён шунида мешуд. 
Ҷанг ҷанг аст. Аз рӯи қоидаву қонунҳои хеш ба касе раҳму шафқатро раво намебинаду раво надидааст дар ҳамаи давру замонҳо...
Аз дур ба гӯши Эргашбой, ки базӯр ба худ омада буду илоҷи халосӣ меҷуст, шарфаи по шунида шуду ба дилаш як навъ рӯшноӣ ато кард. Ин шарпаву сиёҳӣ шарпаи пои ҳамон духтарак – Нюраву волидонаш буд. Зеро, аз рӯи талаботи ҷанг он замон аҳолии таҳҷоӣ, вазифадор буданд, ки  барои наҷоти захминшудагон кӯшиш баранд.
Эргашбои Отабойро ба кулбаи аз дасти ҷанг нимвайроншудаи хеш гирифта оварданд. Ӯро парасторӣ намуданд. Аз луқмаи бе ин ҳам ночизи худ насибаш гардонданд, ки ҳеҷ аз хотираш дур намеравад. Охир, «як донаи некӣ ҳазор реша дорад, ба шарте ки он ба марзаи дили некону роҳафтодагон биафтода бошад», гуфтаанд бузургони мо.
Дафъаи дигар вақте ки ӯ захмӣ шуд, дар шифохонаи ҳарбӣ муолиҷа гирифт. Нюра боз ба дидани ӯ омад...
...Ғиҷиррос зада кушода шудани дари палата ӯро ба худ овард. Ногоҳ, ҳамон Нюра ва боз ба қавли ғазантеракиҳои гузари Чакалак – Нураро дида, қалби пурҳарорату пурдардаш ҳаяҷон  фаро гирифт.
Ҷонибҳо ба ҳам нигариста, лабханд мезаданду дар замирҳояшон оташаке фурӯзон мешуд.
– Камакак картошкаи дар қӯрпухта овардам, – гуфт Нюра.
– Шир овардам, волидонам салом гуфтанд, – иловаҳо менамуду дилбардориҳо месохт.
Байт:
Як бор ҷамоли ёр дидан 
ҳавас аст,
Дар орзуи дубора бисёр 
кас аст.
***
Ана ҳамин хел муносибати Отабои тоҷику як духтараки мавзунқомату чашмонаш гулобӣ, сафедчеҳраи рус, ҳамон наҷотдиҳандаи умраш ҷиддитар шуд. 
Мулоқоту дидорбиниҳои мустаҳкам хулқу хӯи ҳамдигарии Нюраву Эргашбои Отабойро боз ҳам писанди ҳамдигар месохт. Нюраяш дар сари ҳар гап Эргашбои Отабояшро навозишкорона:
– Эргаш, Эргашик, – мегуфту Эргаши Отабой бо лаҳҷаи тоҷикиаш:
– Нура, Нураҷон! Ҷаҳони зебою нурафшон, сабабгори умри дубораам, – мегуфт.
... Ва ниҳоят, бо иҷозати командири қисми ҳарбӣ, ки он ҳангом бо тақозои шароити ҷангӣ ҳуқуқ ба издивоҷ намудан дода шуда буд, дар иштироки ҷанговарон — ҳамяроқон ақди никоҳ баста буданд. Бо ҳамин, то охири умри бобаракати хеш ҳамқисмату ҳамфикр бимонданд ва соҳиби фарзандон бо исмҳои Тоҳиру Зоҳир ва Марям шуданд.
Чӣ хеле ки мегӯянд: «Тифоқӣ аз муттафиқӣ хезад». Ба мисли Эргаш Отабои тоҷику Нюраи рус муттаҳидии халқҳоямон буд, ки аз болои фашизм музаффар шудем. Ба ин рӯзҳои накӯю истиқлолу ваҳдати миллӣ расидем.

Муҳаммадшарифи САЛИМПУР,
сокини 
шаҳри Сирдарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: