ШАҲЛО БА САДО НАМУД ШАЙДО ҲАМАРО...

Дар ҳар анҷуману маҳфил, тадбиру вохӯрие, ки журналисти ботаҷриба, сухандони ширинзабони Сайқали рӯйи Замин, бонуи фарҳангдӯст ва бедордил, хушсадову хушсимо Шаҳло Аҳророва сухан гӯяд ё шеър қироат кунад, ҳозирин ҳушу гӯш гардида, мафтуну шайдои забони биҳиштӣ, садои дилнишину рафтору гуфтори муаддабона мешаванд.

Садои форами ин бонуи ҳунар ба умқи дилҳо роҳ ёфта, табъро болида, дилро саршори фараҳ месозад ва хаёлоти касро ба дуриҳои зебову хотирмони зиндагӣ мебарад...
Он айём Шаҳло дар мактаб таҳсил мегирифт. Рӯзе бобояш мулло Расул Назаров, ки марди донишманду дурандеш буд ва ҳамеша асарҳои безаволи Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Ҷомиро мутолиа мекард, набераашро пеши худ даъват намуда, гуфт: 
– Духтарам, одати пешгӯӣ кардан надорам, аммо дилам мегӯяд, ки ту дар оянда ҳамеша байни мардум мегардиву дар хизмати халқ мешавӣ... Аз ин лиҳоз, кӯшиш кун то ҳар коре, ки мекунӣ, дар тарозуи ақл баркашида, бо устоду волидон маслиҳат карда, пасон иҷро намоӣ, ҳар куҷо бошӣ, ҳуввияти миллии худро аз даст мадеҳ. Дуо мекунам, ки Офаридгор дар ҳама кор ёвару мададгори ту бошад!
Шояд аз насиҳат ва дуои неки бобо буд, ки Шаҳло баъди бо медали тилло хатм кардани мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 18-уми деҳаи хушҳавои Оҳалики ноҳияи Самарқанд, ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супурд. Ҳангоми таҳсил миёни донишҷӯён озмун гузаронида шуд ва дар он Шаҳло пирӯз гардиду имкони идомаи таҳсилро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба даст овард. Аз устодони ботаҷриба асрори соҳаро омӯхта, бо журналистони маъруфи ҷаҳон дар мулоқот шуд ва ин ҳама барои афзудани маҳорати журналистиаш мусоидат карданд. 
Шаҳло Аҳророва пас аз хатми донишгоҳ чанде дар радиои Тоҷикистон фаъолият намуду бо исрори волидон ба зодгоҳ баргашт. Аз соли 1991 кори худро дар телевизиони Самарқанд (СТВ) оғоз намуд. Инак беш аз 30 сол аст, ки ин бонуи ҳунар барои пойдорию густариши забони тоҷикӣ дар Самарқанд, пос доштани арзишҳои миллӣ, тараннуми дӯстии халқҳо ва мустаҳкам кардани равобити адабиву фарҳангӣ саҳми шоиста мегузорад. Тӯли ин солҳо як қатор барномаҳои муаллифии иттилоотӣ, адабӣ, мусиқӣ, фароғатиро, мисли «Ахбор», «Репортажи рӯз», «Шоми Самарқанд», «Таронаҳои дил», «Чаманоро», «Алӯлаку Булӯлак» омода ва пешкаши муштариён намудааст.
Бахусус, барномаи адабӣ-мусиқии «Шоми Самарқанд» миёни мардум маҳбубият пайдо кард.
Воқеан, Шаҳло Аҳророва аз зумраи журналистонест, ки аз ҳар дақиқа босамар истифода мебарад, пайваста дар талошу ҳаракат аст ва ҳамеша баҳри саривақт воқиф кардани мардуми вилоят аз навидҳои охирин кӯшиш мекунад. Гоҳо чун сухангӯ садри маҳфилу тадбир мешавад, гоҳо ба ҳайси наворбардор навор мегирад, гоҳо чун рӯзноманигор мақолаву андешаҳо менависад ва гоҳи дигар паси мизи компутер нишаста, чун танзимгар барномаҳои ҷолиб монтаж мекунад ва дар мавриде мебинед, ки ба журналистони ҷавон маслиҳатҳо дода, асрори тележурналистикаро меомӯзад. Дар ҳама гуна ҳолу вазъ тележурналист будани худро фаромӯш намекунад... 
Натиҷаи меҳнату заҳматҳояш мебошад, ки ба узвияти Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуд. Инчунин, бо нишонҳои сарисинагии «Ӯзбекистон мустақиллигига 30 йил», «Халқлар дӯстлиги» ва борҳо бо ифтихорномаву ташаккурномаҳои ҳокимияти вилоят сарфароз гардидааст.
Зиндагӣ пур аз шебу фароз, шодиву ғам ва орзуву армонҳост. Маҳз орзу аст, ки зиндагии моро ширин ва армон аст, ки касро ҷониби мақсадҳои нав роҳнамун месозад. Вақте аз Шаҳло дар бораи армони зиндагӣ ва орзуҳои ширин пурсидем, чунин ҷавоб гирифтем: 
– Вақте нишони «Халқлар дӯстлиги»-ро мегирифтам, дар чашмам ашк ҳалқа зад ва дар дил гуфтам, ки кош модарҷонам ҳаёт мебуданду ин мукофотамро медиданд. Ин бароям армон аст ва армони дигаре, ки дили маро пайваста ғамгин месозад, то ҳанӯз дубора роҳандозӣ нагардидани фаъолияти телевизиони Самарқанд (СТВ) мебошад. То ҳол мо барои аз даст надодани бинандагони худ дар шабакаҳои иҷтимоии телевизион кор мекунем ва барномаҳо омода намуда, тариқи веб-сайт, телеграм, ютуб ва фейсбук пешкаши ҳаводорон менамоем.
Вақте сухан дар мавриди орзуҳо меравад, бисёр мехоҳам, ки имконияте бароям пайдо шаваду дар сартосари кишвари маҳбуб шуда, аз деҳа, ноҳияву шаҳрҳои тоҷикнишин барномаҳо тайёр кунам. Фолклор, тарона, анъана, маросим, урфу одат, таърихи халқи азизамонро муаррифӣ намоям, бо бибиёни меҳнаткаши деҳот, бобоёни ҳунарманду қиссадон, ҷавонони боистеъдоду соҳибхирад суҳбат кунам. Орзу дорам, ки бо ҳамкасбони тоҷикистонӣ барномаҳои муштарак омода карда, пешкаши ҳаводорон намоям.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.
САМАРҚАНД.
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: