Дар поёни сафари Президенти Туркия ба кишвари мо Президенти Ӯзбекистон бо муаррифии лоиҳаҳое, ки дар вилояти Хоразм амалӣ карда мешаванд, шинос шуд.
Дар кишварамон дар миқёси васеъ сохтмон давом дорад. Дар Андиҷон, Намангон, Нуқус ва дигар шаҳрҳо мавзеҳои нав сохта мешаванд.
Ҳамин тариқ, бо ташаббуси сарвари давлат бунёди шаҳраки Ал-Хоразмӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои ин дар назди фурудгоҳи байналмилалии Урганч 110 гектар замин ҷудо карда шудааст.
Дар муаррифии рӯзи 7 феврал консепсияи умумии шаҳрак тасдиқ карда шуд. Ин дафъа вазифаҳо ва мундариҷаи ҳар як бинои он баррасӣ шуданд.
Дар лоиҳа сохтмони донишгоҳ, IT-парк, манзил, мактабу боғчаи бачагон, маҷмӯи варзишӣ пешбинӣ шудааст. Дар маркази шаҳр хиёбони Муҳаммад ал-Хоразмӣ доман густурда, муҷассамаҳои нави олими бузург гузошта мешавад.
Президент супориш дод, ки комиссияи идораи сохтмон ташкил карда шавад.
– Ин шаҳр дар дохили шаҳр хоҳад буд. Донишгоҳ, маркази инноватсионӣ ва мактабҳо кластери илмию таълимиро ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо инчунин хонаҳои истиқоматӣ барои коргарон, минтақаи илмию истеҳсолӣ сохта мешавад. Бояд шаҳракро хушсифат бунёд кард, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Инчунин таҷдид ва васеъ гардондани майдонҳои намоишгоҳии Осорхонаи санъати Урганҷ, бо бинои замонавӣ таъмин кардани театри лухтаки Хива ба нақша гирифта шудааст. Президент истифодаи босамари ин муассисаҳо, ба роҳ мондани хидматҳои иловагӣ, фароҳам овардани шароитро барои дарёфти даромад муҳим арзёбӣ кард.
Дар бораи корҳое, ки дар соҳаи коммуналӣ анҷом дода мешаванд, маълумот дода шуд. Вазифа гузошта шуд, ки сохтори Вазорати хоҷагии манзилию коммуналӣ такмил дода, кори пурсамари он дар сатҳи поёнӣ таъмин карда шавад.
Пас аз муаррифӣ Президент Шавкат Мирзиёев ба Тошканд баргашт.