ШАҲРЕ, КИ БА МАҚОМИ ШАРИФ МУНОСИБ АСТ

Бухоро – пойтахти маданияти ислом

Шаҳри Бухоро дар соли 2020  «Пойтахти маданияти исломӣ’ эълон гардид. Созмони «Илм, таълим ва маданият»-и Ташкилоти ҳамкории исломӣ ISESKO ҳар сол ба се шаҳри се минтақа: мамолики араб, давлатҳои Осиё ва давлати мусулмони Африқо унвони  «Пойтахти маданияти исломӣ»-ро медиҳад. Соли ҷорӣ аз давлатҳои Осиё Бухоро, аз мамлакатҳои араб Қоҳира ва  аз Африқо Бамако (Малӣ) ба  мақоми «Пойтахти маданияти исломӣ» муносиб дониста   шуданд. Бухоро яке аз шаҳрҳои кӯҳнатарин ва шӯҳратмандтарини  Осиёи Марказӣ буда, дар минтақаи ҷанубӣ- ғарбии Ӯзбекистон воқеъ гардидааст ва таърихи бештар аз 2500-сола  дорад. Пойтахти маданияти исломӣ Бухоро аз қадимулайём ҳамчун шаҳри шариф  шинохта шудааст. Қисми назарраси маркази шаҳри  Бухороро шаҳри кӯҳна ташкил намуда, қисми асосии он  аз мадрасаҳо иборат аст. Аз ин рӯ Бухорои шарифро беҳуда «Қуббат-ул-ислом», яъне «Гунбади ислом» нагуфтаанд. Аслан Бухорои шарифро дар давоми асрҳо ҳамчун пойтахти маданияти ислом машҳур  буд гӯем, муболиға намешавад. Аз ҷониби СҲИ ҳамчун пойтахти маданияти исломӣ  эътироф гардидани шаҳри Бухоро ин самараи саҳми арзандаи шаҳр ва олимони ин ҷо ба камолрасида ба тамаддуни исломӣ мебошад. Аз таълифоти Наршахӣ маълум мегардад, ки Бухоро ба туфайли фақеҳи машҳур Абӯҳафси Кабири Бухороӣ (767-832) аввали асри IХ сазовори номи «Қуббат-ул-ислом», яъне  «Гунбади дини ислом» гардидааст. Ба туфайли фаъолияти Шайх Сайфиддини Боҳарзӣ (1190-1261) обрӯю эътибори шаҳр дар олами ислом афзуд. Аз ин рӯ баъди чор аср, яъне аз асри ХIII инҷониб ба шаҳри Бухоро сифати дигар «шариф» илова гардида, он  ҳамчун Бухорои шарофатнок машҳур шуд. Бухоро ҳамчун маскани илму маърифат низ мақоми баланд дорад. Дини муқаддасамон ба илм эътибори ҷудогона дода соҳиби мавқеи хеле воло будани олимон дар он таъкид ёфтааст. Дар «Қуръони Карим» калимаи «илм» 814 бор зикр ёфтааст. Аз ҷумла дар он чунин оварда шудааст: «Бигӯед. Доноён ба  нодонон баробар шуда метавонанд?!» Дар ҳақиқат фақат   соҳибони ақл ибрат мегиранд. (Сураи «Зумар», ояти 9). Дар ҳадисҳо низ илмомӯзӣ   тарғиб ёфта «Талаби илм барои ҳар як мусулмон фарз аст» гуфта шудааст. (Ривояти Имом ибни Можа). Е. Мейендорф асри ХIХ ба Бухоро сафар карда дар бораи мавқеи Бухоро дар олами ислом чунин гуфтааст: «Ба туфайли мадрасаҳо, алломаҳо  ва қадамҷоҳои муборакаш ба  зиёратгоҳи мусулмонон табдил ёфтааст. Шояд барои ҳамин ҳам он сазовори номи «шариф» шудааст. «Бухоро макони мадрасаҳои азим аст. Таълими динӣ дар диёри мо аз азал ривоҷу равнақ дошт. Бисёрии мадрасаҳои бонуфуз ва ҷараёни таълиму тарбия дар онҳо сазовори таҳсин будааст. Мадрасаҳо нафақат чун таълимгоҳи динӣ, балки онҳо баҳри омӯхтану омӯзонидани фанҳои дунёвӣ низ ҳамчун мактаб хидмат кардаанд. Беҳуда нест, ки алломаҳои бузурги ин сарзамин бо илму маърифат ба тамаддуни олам саҳми арзанда гузоштаанд. Ном ва мероси илмии онҳо асрҳост, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Бухорои кӯҳна низ бо мадрасаҳои сершумори худ шӯҳрат ёфтааст. Ба ин ҷо аз гӯшаву канори олам толибилмони зиёд баҳри илмомӯзӣ ташриф меоварданд. Ин анъана асрҳои минбаъда низ давом кардааст. Муаррихи давраи аштархониён Маҳмуд ибни Валӣ (асри XVII) дар бораи мақоми Бухоро ҳамчун маркази илму фарҳанг таваққуф намуда онро «Чашмаи илму олимон» номидааст. Сайёҳи рус Н. Хаников низ дар хотираҳои худ дар ин бора «Бухоро маркази густаришёбии илм буд ва ҳаст» гуфтааст.  Ба фикри Наршахӣ  мадрасаи «Форжак»-и Бухоро, ки аз сӯхтори соли 937 зарар  дидааст, яке аз аввалин мадрасаҳои Осиёи Марказӣ будааст. Дар асрҳои миёна мадрасаҳои Бухоро ҳамчун маркази  илм на фақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар Шарқи мусулмон машҳур буд.  Дар давраи Амир Темур ва Темуриён мадрасаҳо вазифаи мактаби олиро иҷро кардаанд. Маълумотҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки амири Бухоро Амир Ҳайдар (1800-1826) бо номи «Амир» ё ки «Олӣ» мадраса созондааст. Замони ҳукмронии вай аз гӯшаву канори олам ба Бухоро толибилмон омада илму фан инкишоф ёфтааст.  Яке аз ёдгориҳои кӯҳнатарини Бухоро мадрасаи Мири Араб мебошад. Ин мадраса даргоҳи илмест, ки дар Осиёи Марказӣ муддати дароз хидмат мекунад. Аз марҳилаи нави таърихӣ то имрӯз ин мадрасаро зиёда аз ҳазор нафар кормандони малаканоки динӣ, муфтиёни зиёд, уламо ва имом-хатибоне, ки имрӯз фаъолият доранд, хатм  кардаанд. Бисёр хатмкардагони ин даргоҳи илм ҳамчун уламоёни машҳур дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя фаъолият доранд. Мадрасаи «Мири Араб»-ро дар олам он уламоҳое машҳур карданд, ки замоне ин ҷо таҳсил гирифта аз худ асарҳои гаронбаҳо мерос гузоштаанд. Дар ин мадраса солҳои гуногун олимон, мударрисҳои зиёд сабақ омӯхтанд. Аз ҷумла асрҳои наздик дар ин ҷо Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, устоди Муфтӣ Эшон Бобохон Миён Бузург таълиму тарбия гирифта, баъд мударрисӣ кардаанд. Сабаби дигари муддати тӯлонӣ фаъолият доштани мадрасаи «Мири Араб» дар он аст, ки ба  ин мадраса яке аз пирҳои тариқати Нақшбандия Мири Араб Саййид Абдуллоҳи Яманӣ асос гузоштааст. Ҳамин тариқа Бухорои шариф ба тамаддуни олам ва олами ислом саҳми арзанда дорад ва соҳиби сифату унвонҳо шудани он тасодуфӣ нест. 
Чун дар дигар гӯшаҳои мамлакат дар Бухорои мо низ дар қатори дигар соҳаҳо дар соҳаи дину маърифат низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд. Соли ҷорӣ сазовори унвони «Пойтахти фарҳанги олами ислом» гардидани гаҳвораи алломаҳо Бухорои азим ин эътирофи корҳои васеъмиқёси ободкунии мадрасаю масҷид, зиёратгоҳҳо ва такмил додани фаъолияти онҳо, эҳёи «Ҳафт пир», омӯзиш, тарғибу ташвиқи мероси маънавии эшон, дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои инкишофёбии сайёҳии зиёратӣ ва амсоли инҳо дар мамлакати мо мебошад. 
Ҷобир ЭЛОВ,
вакили Идораи мусулмонҳои Ӯзбекистон дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: