Ба ташкил ёфтани шаҳри Ғозғони вилояти Навоӣ панҷ сол пур шуд
Президентамон 12-13 марти соли 2019 аснои ташрифи худ ба вилояти Навоӣ дар шаҳраки Ғозғон ҳам шуда, оиди рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудуд як қатор супоришот дода буд. Дар вохӯрӣ бо фаъолон бошад, таклифи ба Ғозғон додани мақоми шаҳрро пеш гузошт.
Мувофиқи қарори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 майи соли 2019 дар вилояти Навоӣ шаҳри Ғозғон ташкил карда шуд. Дар даврае, ки гузашт, дар ҳудуд як қатор объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ва корхонаҳои саноатӣ ба кор андохта шуд. Ҷойҳои нави корӣ ташкил шуданд. Агар гӯем Ғозғон ба маънои ҳақиқӣ ба майдони сохтмон ва бунёдкориҳо табдил ёфт, хато намекунем.
Дар ин ҷо сохтмони объектҳои соҳаи иҷтимоиву идоравӣ идома меёбад.
– Мувофиқи қарори Президент аз 25 декабри соли 2023 «Дар бораи чораҳои рушди инфрасохтори иҷтимоию истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2024-2026» шифохонаи муҷаз бо 49 ҷой сохта мешавад, – мегӯяд ҳокими шаҳр Азим Бозоров. – Барои ин дар соли ҷорӣ ҷудо гардидани 6,3 миллиард сӯм муайян шудааст. Алҳол дар блокҳои якум ва сеюм корҳои сохтмон, дар блоки дуюм корҳои кофтани котлован ба амал бароварда мешавад. Айни замон сохтмони бинои ҳокимияти шаҳр сар шудааст. Дар ин бино ғайр аз ҳокимияти шаҳр барои як қатор ташкилотҳо ҷой ҷудо карда мешавад. Дар паҳлуи ҳокимият бинои прокуратура қад рост мекунад. Хулоса, дар ҳама ҳудудҳои шаҳр корҳои сохтмон пеш бурда мешаванд.
Баробари сохтмон ба беҳсозии инфрасохтор эътибор дода мешавад. Аз ҷумла, дар шаҳри Ғозғон бо мақсади ба энергияи барқ муттасил таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ ва лоиҳаҳое, ки нав ба нақша гирифта шудаанд, 2 нимистгоҳи трансформаторнок, ки иқтидораш 25 мВТ мебошад, нуқтаи барқии дузанҷираи дарозиаш 12 километра, ки 25мВТ қувват дорад, барпо мегардад.
Барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии кӯчаи Осиёи ҶШМ «Мармаробод» 7,5 километр қубур гузаронда мешавад. Бо мақсади ба амал баровардани обёрӣ дар ҳудуди ҶШМ «Тумар» 1,7 километр, дар ҳудуди ҶШМ «Мармаробод» 1,05 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш, 25 километр роҳи то ҶШМ «Шайхон» тӯлкашида шағалпӯш гардонда шуданд. 1 километр роҳи автомобилии 4К388«б» дар кӯчаи Осиёи ҶШМ «Мармаробод» аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Ҳоло дар шаҳр ба барпои сохтмони объектҳои оби нӯшокӣ низ эътибори алоҳида дода мешавад.
Аз ҷониби ҶММ «Махсус қурилиш монтаж» ба ивази 13 миллиард 362,3 миллион сӯм нуқтаҳои канализатсия барпо гашт. Дар ин рӯзҳо дар объект корҳои санҷишӣ гузаронда мешаванд.
Хулоса, алъон дар шаҳр бо мақсади офаридани кулли шароитҳои қулай барои беҳбуди ҳаёти аҳолӣ амалигардии ислоҳоти муттасил, корҳои сохтмон, бунёдкорӣ ва ободониҳо давом мекунанд.
А. БӮРИЕВ,
мухбири ӮзА.
Дар суратҳо: ба ташкил ёфтани шаҳри Ғозғон 5 сол пур шуд.
Суратгир:
С. АСЛОНОВ (ӮзА).