Шаҳри Хива пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълон шуд

  • Шаҳри Хива пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълон шуд
  • Шаҳри Хива пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълон шуд
  • Шаҳри Хива пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълон шуд

Ба унвони пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълон шудан 5 шаҳр довталабӣ доштанд

Дар чаҳорчӯби иҷлосияи XI Созмони ҳамкориҳоии исломӣ (СҲИ) барои нахустин бор дар бораи “Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом” эълон шудани Хива қарор қабул шуд. Дар ин бора Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон хабар додааст, менависад Azattyk.

Аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) ислоҳоти анҷомдодаи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бахши сайёҳӣ - соддагардонии раводид, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ободонии шаҳрҳои таърихиро омили аслии пирӯзӣ эътироф карданд.

Ба таври ҷудогона иқдомҳое барои эҳёи зоҳири таърихии Хева корҳои эҳёву барқарорсозӣ, инчунин насби дубораи поячӯбҳои интиқоли барқ, эҷоди шароит барои вуруди бештари гардишгарон, беҳбуди зерсохтор, бунёди меҳмонхонаҳои панҷситорадор, бутик-ҳотелҳо ва хобгоҳҳо (хостелҳо) мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

«Дар доираи Соли пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар шаҳри Хива дар сатҳи баланд ҷаласаи вазирони сайёҳӣ ва роҳбарони маъмурияти сайёҳии 57 кишвари узви СҲИ, конфронсҳои илмӣ, семинарҳо, намоишҳои аксҳо, намоишгоҳҳои бадеӣ ташкил ва баргузор мешаванд, ки имконоти сайёҳӣ дар Ӯзбекистонро ба маърази тамошо мегузоранд», - гуфта мешавад дар хабар.

Ба унвони пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълон шудан 5 шаҳр довталабӣ доштанд: Абу-Даби (АМА), Шанлиурфа (Туркия), Лагос (Нигерия), Душанбе (Тоҷикистон) ва Хива (Ӯзбекистон).

Солхои охир дар байни ин шаҳрҳо барои ғалаба дар номзадӣ муборизаи шадид идома дошт.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: