ШАҲРИ ҚУВАСОЙ: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО

Шаҳри Қувасой дар вилояти Фарғона аз бузургтарин шаҳри саноатӣ маҳсуб меёбад.

Шаҳри Қувасой дар вилояти Фарғона аз бузургтарин шаҳри саноатӣ маҳсуб меёбад. Мардуми он дар баробари истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатӣ, ба кишту парвариши зироатҳои хӯрокворӣ, боғпарварӣ, чорводорӣ ва мурғу моҳипарварӣ низ машғуланд.
Шаҳри Қувасой дар ҳамвориҳои водии Фарғона воқеъ гардида, дар самти шимол бо ноҳияҳои Қува ва Тошлоқ, дар самти ҷанубу ғарб бо шаҳри Фарғона ва ноҳияи Фарғона, дар самти шарқӣ бо шаҳри Қизилқияи Ҷумҳурии Қирғизистон марзҳои муштарак дорад.
Қувасой бо рустоҳои он дар майдони 264 километри мураббаъ доман густурдааст. 30 ҷамоати шаҳрвандон бештар аз 93 ҳазор аҳолиро муттаҳид менамояд. Қисмати бештари аҳолӣ дар шаҳри Қувасой ва ҳудуди 42,4 фоизи онҳо дар рустоҳо ба сар мебаранд. Намояндагони 15 миллат сокинони Қувасойро ташкил медиҳанд ва аз рӯи теъдоди умумӣ 43 дарсади он ӯзбекҳо, 32,3 дарсад тоҷикҳо, 14,5 дарсад қирғизҳо ва қисмати боқимонда намояндагони миллатҳои дигар мебошанд.
Ҷамъиятҳои саҳҳомии «Қувасойсемент», «Квартс», ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Қувасой шифер хризотил», «Фарғонасемент» ва «Электроқишлоққурилиш» аз корхонаҳои саноатии Қувасой маҳсуб меёбанд. Ин корхонаҳо семент, шифер, оинаҳои сохтумонӣ, маҳсулоти оҳану бетон ва зарфҳои шишагин истеҳсол мекунанд.
Табиати шаҳру рустоҳои Қувасой барои кишту парвариши сабзавот ва мева хеле мусоидат мекунад. Хусусан, гелос ва себи қувасоиҳо дар Ӯзбекистон ва берун аз он харидорони зиёд дорад.
То соли 1917 Қувасой яке аз минтақаҳои камаҳолӣ ба шумор рафта, аҳолии он бо чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул шудаанд. Соли 1954 ҳудуди он доман фарох намудааст ва ба Қувасой мақоми шаҳраки коргарон додаанд. Аз соли 1956 корхонаву ташкилотҳои гуногун пайдо шудаву ин шаҳр рӯ ба рушду ривоҷ овардааст.
Мувофиқи маълумотҳо шаҳр то соли 1928 ба номи Муян ёд мешудааст. Соли 1929 дар Қувасой корхонаи оҳакбарорӣ, солҳои 1929-1932 корхонаи тавлиди семент, солҳои 1933-1939 нерӯгоҳи давлатии барқи ноҳиявӣ (ГРЭС), соли 1937 корхонаи хиштбарорӣ, соли 1941 корхонаи шифербарорӣ, солҳои 1946-1947 корхонаи кимёвӣ бунёд шудаанд.
Соли 1958 корхонаҳои оҳакбарорӣ ва тавлиди шифер ба корхонаи муштарак табдил дода шудааст ва сонитар ба ин корхона дастгоҳҳо ва технологияҳои нав насб кардаанд. Соли 1995 ин корхона ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёфтааст ва беш аз пеш бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Корхонаи дуюми бузурги саноатии шаҳр ҷамъияти саҳҳомии «Квартс» мебошад, ки аз соли 1975 ба ин сӯ фаъолият мекунад. Он оинаҳои гуногуни сиёҳ ва ранга, банкаҳо ва зарфҳои гуногуни шишагин истеҳсол мекунад ва дар Осиёи Марказӣ корхонаи калонтарини шишабарорӣ маҳсуб меёбад. Маҳсулоти он ба Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон содир мегардад. Ашёи хоми ин корхона дар маҷмӯъ аз минтақаҳои гуногуни кишварамон ба даст меояд.
Ногуфта намонад, ки соли 2010 ҷамъияти саҳҳомии «Квартс» ба истеҳсоли оинаҳои сиёҳи мисин шурӯъ намуд. Чунин оинаҳоро қаблан ба кишвари мо аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, Русия ва Туркия меоварданд. Ҷамъияти саҳҳомии «Квартс» якчанд мукофоти байналхалқии сифатро ба даст овардааст. Аз ҷумла, соли 2017 дар шаҳри Порис корхонаи мо иштирокчии ягонаи озмун аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт. Дар ин ҷо ба намояндаи корхонаи мо мукофоти “International Star for Leadership in Quality” ё «Ситораи байналмилалии роҳбарӣ барои сифат» супурда шуд.
Ин ҷо зикри як гурӯҳ шахсони кордидаву корозмударо қайд карданием, ки ба ҳайси роҳбари аввали шаҳри Қувасой дар ривоҷу равнақи он саҳми калон гузоштаанд. Мардум ҳамеша номи Баҳодур Раҳимов, Маматқул Раҳматов, Владимир Балала, Валентин Власов, Шӯҳрат Аҳмедов, Убайдулло Отабоев, Даврон Искандаров, Асқаралӣ Раҳмоналиев, Худойбердӣ Қосимов, Насибулло Раҳматуллоев ва Адҳам Зиявиддиновро бо ифтихор ба забон меоранд.


БА ЗИНДАГИИ ОСУДА ВА ПУРНИШОТ ҲАМЕША ШУКР МЕГУЗОРАМ
Ман Донишкадаи забон ва адабиёти руси Тошкандро хатм кардаам. Аввал чанд соли умри худро ба касбу кори омӯзгорӣ бахшидам ва ба тарбияи наслҳои наврас машғул шудам. Омӯзгорӣ аз пешаҳои пуршараф маҳсуб меёбад. Ин касб аз соҳиби худ донишу маҳорат талаб мекунад. Барои ҳамин омӯзгор бояд мунтазам омӯзад ва такмили касбу маҳорат кунад. Дар акси ҳол ба муваффақият ноил шуда наметавонад.
Шукр мекунам, ки соли 1995 дар қатори як гурӯҳ кормандони соҳаи таълими халқи шаҳри Қувасой ба гирифтани нишони сарисинагии “Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ноил шудам. Дар тӯли ҳаёт ғайр аз омӯзгорӣ ба корҳои дигар низ ҷалб гардидам. Замони салтанати шӯравӣ омӯзгорони зиёд ба идораҳои берун аз соҳаи маориф низ барои иҷрои корҳои гуногун даъват мешуданд. Ман аз зумраи ҳамин омӯзгорон ба шумор меравам ва солҳои зиёд
дар вазифаҳои гуногун кор кардаам. Аввал дар кумитаи иҷроияи шаҳр шуъбаи меҳнатро сарпарастӣ намудам. Баъд мудири шӯъбаи умумии кумитаи ҳизбии шаҳри Қувасой тайин шудам.
Вақте ки ба омӯзишгоҳи касбию техникии рақами 14 ба кор даъват карданд, вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои маънавиро ба дӯш доштам. Баъди касби истиқлол он ба коллеҷи касбу ҳунар табдил ёфт. Аз чаҳор тараф хатмкунандагони синфи нӯҳуми мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ омада, дар он таҳсил мекарданд ва дар баробари гирифтани маълумоти миёна соҳиби касбу кор мешуданд.
Хурсандибахш аст, ки дар мамлакатамон сол аз сол таваҷҷӯҳ ба соҳаи таълим ва тарбия меафзояд, ҳурмату эътибори омӯзгор баланд мешавад. Ин маҳз иқдому ташаббуси сарвари давлатамон мебошад ва ман онро бо камоли майл қайд мекунам, зеро кишваре, ки омӯзгораш ҳарчи беш аз ғамхориҳо бархурдор мегардад, ҳатман пеш мераваду тараққӣ мекунад.
Аммо омӯзгорон бояд бештар эҳсоси масъулият кунанд, дар акси ҳол кори таълиму тарбия ҳаргиз пеш намеравад. Модоме ки давлат чунин сиёсати хубу оқилонаро пиёда мекунад ва барои кормандони соҳаи маориф тамоми шароиту имкониятро фароҳам меоварад, ҳеч омӯзгор ҳақ надорад, ки ин ғамхориҳоро нодида гирад.
Вақте ки маро барои вохӯрӣ ба муассисаҳои таълимӣ даъват мекунанд, аввалин нуктае, ки зикри онро барои омӯзгорони ҷавони он лозим мешуморам, ҳамин эҳсоси масъулият ва такмили мунтазами касб мебошад. Дар ин солу замон илму фан, техника ва технология, воситаҳои коммуникатсионӣ босуръат тараққӣ мекунанд, аз ин рӯ, омӯзгорон наметавонанд аз ин раванд ақиб монанд.
То пахши пандемияи коронавирус мо дар бораи дарсу мулоқотҳои онлайн чандон тасаввурот надоштем. Ҳоло фарзандону наберагони мардум дар хона нишаста, аз устодони худ сабақ меомӯзанд, вазифаҳои додашударо иҷро карда, соҳиби илму маърифат мешаванд.
Пӯшида нест, ки ҳамаи омӯзгорони мактабҳои таълимоти умумӣ, коллеҷҳову литсейҳои академӣ, ҳатто донишгоҳҳо ба ин чандон тайёр набуданд. Дар айни ҳол шароит маҷбур намуд, ки омӯзгорон низ аз ин усули таълиму тадрис фаровон истифода кунанд. Пас, такмили донишу маҳорат ҳамеша зарур будааст.
Ман раиси Шӯрои ҷамоатии шаҳри Қувасой ҳастам. Шаҳри Қувасой мақоми агросаноатиро касб намудааст. Қаблан он аз шаш хоҷагии ҷамоавӣ ё совхоз иборат буд. Ҳоло мардум ғайр аз кор дар корхонаҳои саноатӣ, ба боғпарварӣ, кишти зироат, паррандапарварӣ ва занбӯрпарварӣ низ машғуланд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Қувасой рӯ ба рушду ривоҷ овардаанд.
Зимнан дар бораи депутат ва мақому манзалати ӯ чанд фикру ақидаамро матраҳ карданиам. Депутат шахсест, ки мардум дар интихобот ӯро вакили худ интихоб кардаанд. Ҳар як депутат бояд бо интихобкунандагон зуд-зуд мулоқотҳо баргузор кунад ва бо истифода аз ваколати худ ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳову рафъи мушкилоти онҳо иқдом намояд.
Мебинам, ки баъзе депутатҳои Шӯроҳои ноҳия, вилоят ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дар шаҳру рустоҳо байни мардум гашта, тибқи ваъдаҳои пешазинтихоботӣ бо онҳо дидору мулоқотҳо анҷом медиҳанд, дарду доғашонро мепурсанд. Ин хеле хуб аст. Аммо дар радифи ин, баъзе депутатҳо бо интихобкунандагони худ вохӯрданро ба гӯшаи хаёл намеоранд.
Бо таассуф қайд мекунам, ки аз 30 нафар депутати Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия 6-7 нафар ҳамеша ба назар намоёнанд, эҳсоси масъулият мекунанд ва дар ҳалли масъалаҳои ҳалношуда ҷиддан иқдом менамоянд. Барои он ки фаъолияти депутатҳои Шӯрои ноҳия ва вилоят маълум ва равшан шавад, мо пешниҳод кардем, ки онҳо дар ҳар шаш моҳ як маротиба ба интихобкунандагони худ ҳисобот диҳанд. Дар он сурат вакилони халқ ба ҳавзаҳои интихоботии худ рафта, вохӯриҳо баргузор менамоянд.
Ин ҷо боз дар бораи мафҳуми “истеъфо” ақидаҳоямро баён карданиам. Баъзеҳо шояд бо машаққат ба сари мансаб меоянд ва кӯшиш мекунанд, ки курсии худро муддати дароз аз даст надиҳанд. Бо вуҷуди он ки аз ӯҳдаи кор намебароянд, ҳаргиз даст ба истеъфо намезананд. Аммо шахсони соҳибвиҷдон ҷуръат карда метавонанд, ки аз мақом истеъфо диҳанд.
Президенти мамлакат мубориза бо коррупсияро омили муҳими суботи ҷомеа мешуморад. Ҳар як шаҳрванди кишварамон бояд дар ин самт ҷоннисорӣ кунад, зеро баъзан барои ба боғча додани кӯдак, барои шомил шудан ба кор ришва талаб мекунанд. Ин иллатест, ки пешрафту тараққиёти мамлакати моро ба ақиб мекашад, обрӯ ва эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад. Хусусан, пеши роҳи сармоягузоронро масдуд мекунад.
Ҳодисаи бо иттиҳоми ришватхорӣ ба даст афтидани проректори Донишкадаи политехникии Фарғона дар тамоми шабакаҳои интернетӣ пахш шуд ва он ба обрӯи вилояти мо халал ворид кард. Магар ин аз рӯи инсоф аст?!
Дар баробари мубориза бо коррупсия устувории қонунро таъмин кардан лозим аст. Осмони мамлакатамон мусаффост, сулҳу субот барқарор аст, кормандон бо маош таъминанд, аммо ҳарисӣ ва чашмгуруснагии баъзе роҳбарону курсинишинон ҳанӯз касро ба ҳайрат меорад. Виҷдони онҳо бо нафсу ҷиғилдонашон тавъам шудааст. Барои ҳамин бояд дар дастаҷамъӣ алайҳи коррупсия мубориза барем, он гоҳ ин мубориза натиҷаҳои босамар ба бор меорад.
Ман соҳиби се фарзанду ҳафт набера ҳастам. Онҳоро дар роҳи ростиву росткорӣ тарбия мекунам. Писарам Шӯҳратҷон дар соҳаи маданият кор мекунад. Дилшодҷон маъмури корхонаи оинабарории «Кварс» мебошад. Шоирҷон корҳои тиҷорату соҳибкориро бар ӯҳда дорад. Ҳамеша барояшон насиҳат карда мегӯям, ки ҳалол ёбанду ҳало хӯранд.
Ба гирифтани нишонҳои “25-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон” ва “25-солагии Конститутсияи Ӯзбекистон” низ мушарраф шудам ва ба ин зиндагии пурнишот ва фаровон ҳамеша шукр мегузорам.

Тоҳирҷон ӮРИНБОЕВ,
ноиби раиси хазинаи “Нуронӣ”-и
шаҳри Қувасой.


ҲАМАИ ПЕШРАВИҲО – 
БА ШАРОФАТИ ИСТИҚЛОЛ
Мамлакати мо 1 сентябри соли 1991 ба истиқлолият расид. Дар муддати кӯтоҳ шаҳри Қувасой намои тоза касб намуд ва биноҳои зиёди маъмуриву истиқоматӣ қомат афрохтанд. Дар маркази шаҳрамон «Боғи ҷавонон» бунёд гардид. Яке аз ҳодисаҳои хурсандибахши солҳои охир 65-умин солгарди шаҳри Қувасой мебошад, ки 20 сентябри соли гузашта ба таври васеъ таҷлил карда шуд. Ба ин муносибат таҳти унвони «Ӯзбекистон – маъвои умумии мо» фестивал роҳандозӣ шуд. Дар он намояндагони 15 миллати маскуни шаҳри Қувасой, меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои дуру наздики вилоят ва Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамҷавор ширкат карданд. Соли гузашта дар доираи 65-солагии шаҳри Қувасой 65 нафар фарзандони оилаҳои камбизоати шаҳру рустоҳои он хатнасурӣ шуданд.
Ҳоло дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Қувасой дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд. Илму фан тараққӣ мекунад, кормандони соҳаҳои таълиму тарбия, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Соли равон фаъолияти 7 китобхона ва 3 дӯкони китобфурӯшӣ ба роҳ монда шуд. Дар 29 мактаби таълимоти умумӣ, мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон, Маркази авлоди баркамол, мактаб-интернати махсуси рақами 90 фарзандони мардум ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Соли таҳсили 2019-2020 мактаби таълимоти ҳамагониро 1 ҳазору 160 нафар, коллеҷҳои касбу ҳунарро 95 нафар хатм намуданд. Ба 10 нафари онҳо медали тилло, ба 4 нафар медали нуқра супурда шуд.
Дар кишварамон нисбат ба ҷавонон сиёсати хос пеш гирифта мешавад. Дар ин замина барои татбиқи 27 лоиҳа, ки соҳибкорони ҷавон ба иҷрои он камари ҳиммат бастаанд, 2 миллиарду 900 миллион сӯм қарзҳои имтиёзнок ихтисос дода шуд. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби барномаи давлатии «Маҳаллаи обод» дар панҷ мактаби таълимоти умумии шаҳрамон дар ивази 3 миллиарду 700 миллион сӯм корҳои тармиму сохтмон ба фарҷом расиданд.
Дар 47 муассисаи таълими томактабии давлативу хусусӣ 5 ҳазору 22 нафар кӯдакон ҷалб карда шудаанд. Аз рӯи нишондиҳандаи фарогирии ҳудудӣ ин теъдод бештар аз 74 дарсадро ташкил менамояд. Дар муассисаҳои таълими томактабии ҷамоатҳои шаҳрвандони Боғбон ва Кокулон бо маблағи 5 миллиард сӯмина корҳои сохтмон анҷом дода шуданд.
Мо барои ривоҷи варзиш аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Дар давоми як соли охир ҷавонони қувасоӣ дар мусобиқаҳои гуногуни дохиливу байналхалқӣ 13 медали тилло, 23 нуқра ва 13 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Шаҳриёр Ҳасанбоев, Нурбек Мирзобоев, Ригина Синагатулина, Ӯғилой Раҳмоналиева, Шодиёна Турсуналиева, Муродилхон Неъматуллаев аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ба чунин натиҷаҳои баланд расиданд.
Дар тарғиби намудҳои санъат ва шеъру адабиёт номи Солибобо Ҳошимов, Муҳаммадҷон Баҳриев, Аловуддин Шаропов, Замира Султонова, Муҳаммадҷон Машарипов ва Абдулло Содиқ, пайравони ҷавони онҳо Акмалҷон Саъдихонов, Севара Ҷӯраева, Лайлохон Халилова, Сардор Эргашев, Ҳамидулло Абдуллоев, Сардор Тоиров ва Милена Мадмӯсоева дар байни мардум бо ҳунару санъат ва шеърияти худ маъруф гаштаанд.
Роҷеъ ба соҳаи тандурустӣ қайди ин нуктаро ҷоиз медонам, ки 3 поликлиникаи оилавӣ, 3 бунгоҳи тиббии деҳот, 1 маркази скрининги марбути Иттиҳодияи тиббии шаҳри Қувасой дар ихтиёри мардум қарор доранд. Ходимони он шабу рӯз дар барқарории саломатии мардум ва ҳифзи он бо садоқат меҳнат мекунанд. Хусусан, дар ин шабонарӯз, ки пахши пандемияи коронавирус тамоми ҷомеаи ҷаҳонро сахт нигарон кардааст, онҳо серкору сертараддуд мебошанд ва барои пешгирӣ аз сирояти ин беморӣ саъй ва кӯшиш менамоянд.
Пиёда кардани ислоҳоти доманфарох ҳамаи соҳаҳоро фаро гирифтааст. Дар солҳои охир 476 субъекти соҳибкорӣ (ҷамъи он 1763-то ва аз ин шумор 531-то ҶММ, 347 корхонаи хусусӣ, 104-то корхонаи оилавӣ, 14 корхонаи муштарак, 178-то корхонаҳои гуногун) ва ҳафт корхонаи саноатӣ ташкил карда шуд. Ба ҷалби 43 миллион доллар сармояҳои мустақими хориҷӣ муваффақ шудем. Дар солҳои 2020-2021 татбиқи ба қимати 123,3 миллион доллар 38 лоиҳаи сармоягузорӣ ва фароҳам овардани 1912 ҷойи нави кор барномарезӣ шудааст.
Дар тобеи шаҳри Қувасой 522 хоҷагии фермерӣ дар майдони 14 ҳазору 582 гектар машғул ба фаъолият мебошанд. Хоҷагии фермерии “Ашӯров Охунҷон Солиҷон”, ҶММ “Илёсов” ва агрокластери ғаллапарварии “Ҳасанҷон Ҳусанҷон Муян полвонлари” дар байни ин хоҷагиҳои фермерӣ шӯҳрати бештар доранд. То ҳамин давраи соли равон ба ивази 9 миллиону 445 ҳазор доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа содир карда шуд.
Аз 1500 гектар майдонҳои кишти ғалла бештар аз 4 ҳазору 683 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намудем ва нақшаро 132 фоиз иҷро кардем. Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатии корхонаҳоямон баробари 5 миллиону 518 ҳазор доллар мебошад.
Таъмин ба ҷойи кор аз масъалаи басо умдаи кишварамон ба шумор меравад. Дар ин росто тибқи “Барномаи шуғл” соли равон 487 ҷойи нави кор фароҳам овардем.
Дар чаҳорчӯби барномаи давлатии “Маҳаллаи обод” дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Дӯстлик” шаш ҳавлӣ, дар маҳаллаи Пакана 10-то хонаҳои чорошёна, се бинои сеошёна, ду бинои панҷошёна, дар ҷамоати “Ёшлик” сето бинои панҷошёна, дар маҷмӯъ 519 хонаҳои истиқоматӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додем. Соли оянда дар ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Навоӣ ва Ҳувайдо сохтмони ду бинои панҷошёнаи истиқоматиро шурӯъ хоҳем кард.
Дар шаҳри Қувасой 95 дарсади аҳолӣ бо гази табиӣ ва 86 дарсади онҳо бо оби ошомиданӣ таъмин мебошанд. Бо вуҷуди ин, ҷиҳати таъмини аҳолии мавзеъҳои аҳолинишини нав бо барқ, гази табиӣ ва моеъшуда, ҳамчунин ангишт тамоми чораҳо пиёда шудаанд. Ба наздикӣ боз панҷ километр лӯлаи оби ошомиданӣ кашидем, беш аз севуним километр роҳҳоро мумфарш кардем.
Дар шароити кунунии ҷилавгирӣ аз пахши пандемия барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба вижа, собиқадорони ҷангу ақибгоҳи фронт, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, маълӯлон, ятимон ва одамони эҳтиёҷманд беш аз 1 миллиарду 200 миллион сӯм кӯмак расонидем. Ба ин қишри ҷомеа 1 миллиарду 863 миллиону 660 ҳазор сӯм пули нақд тақсим кардем, онҳоро бо 30 намуди доруҳои тиббӣ таъмин кардем.
Бар асоси фармони Президенти мамлакат аз 27 июли соли 2018 таҳти рақами ФП-5466 дар бораи Барномаи давлатии “Ҷавонон ояндаи моанд” барои ба ҷойи кор таъмин кардани ҷавонон ва роҳандозии фаъолияти соҳибкории онҳо 990 миллион сӯм қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуд. Умедворем, ки дар ин самт низ ба муваффақиятҳои беш аз пеш ноил мешавем.
Ба мақсади иҷрои супоришҳои сарвари давлатамон ва “Харитаи роҳ”, ки зимни ташриф ба вилояти мо қабул гардидааст, чораҳои зарурӣ дида шудаанд. Дар ин замина барои тараққиёту пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, нашъунамои шаҳрамон ва фаровонии ҳаёти мардуми он аз тамоми имкониятҳо босамар истифода хоҳем бурд. Ба таъбири мӯҳтарам Шавкат Миромонович мардум бояд аз мо розӣ бошанд.

Равшан РАҲИМҶОНОВ,
ҳокими шаҳри Қувасой.


ДАСТОРХОНИ МАРДУМ АЗ НОЗУ НЕЪМАТ ФАРОВОН МЕГАРДАД
Хоҷагии фермерии “Иқбол”-и ҷамоати шаҳрвандони “Юқоримуян” аз хоҷагиҳои фермерии серсоҳаи шаҳри Қувасой муаррифӣ шудааст. Роҳбари он Замира Мадаминова зодаи маҳаллаи Тоҷикмуяни ин ҷамоат мебошад. То таъсиси хоҷагии фермерӣ Замира Мадаминова ба кори тиҷорат шуғл меварзид. Нимаи дуюми солҳои навадуми қарни гузашта заминҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ дар миёни коргарон тақсим шуд ва ҳар як узви ин хоҷагӣ мувофиқи тавони худ қитъаҳои заминро барои кишту парвариши зироат ҷудо карда гирифт.

Ҳамон солҳо Замира бо шавҳараш  Мавлонҷон Мадаминов тасмим гирифтанд, ки дар қатори дигарон 20 гектар замин ҷудо карда гиранд ва ба кишту парвариши маҳсулоти зироат ва боғпарварӣ машғул шаванд. Ҳокимияти шаҳри Қувасой барояшон 20 гектар замин ҷудо кард.
– Ҳар сол дар даҳ гектар ғалла парвариш мекунем. Соле нест, ки мо нақшаҳои давлативу шартномавиро иҷро накарда бошем. Соли гузашта кишту парвариши ғалларо хеле хуб ба роҳ мондем ва натиҷа низ дилхоҳ буд. 50 тонна ҳосили хушсифати гандум ба даст овардем, – мегӯяд Замира Мадаминова.
Вай афзуд, ки аксарияти сокинони маҳаллаи Тоҷикмуян, хоҳ зану хоҳ мард, деҳқонзодаанд ва кишту парвариши зироатро хеле хуб медонанд. Ба ибораи дигар, кори деҳқонӣ барои тоҷикмуяниҳо касбу кори падару бобоист.
– Бобоям – Муллоҷумъа Раҷабов зодаи ноҳияи Сӯх буданд. Он кас ба деҳаи Тоҷикмуян омада, дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардаанд. Баъд ба модарбузургам – Тиллохони кокулонӣ издивоҷ кардаанд. Маҳаллаи Кокулон дар наздикии шаҳри Фарғона воқеъ гаштааст ва аксарияти мардуми он низ тоҷиктаборанд. Падарам – Ёқубҷон солҳои дароз сардори бригадаи зироаткорӣ буданд ва ба ҳамаи мо низ касбу кори деҳқониро ёд додаанд, – мегӯяд Замира Мадаминова.
Тавре ки вай тазаккур дод, таҷрибаи зану шавҳар сол аз сол зиёд мегардад. Дар айни ҳол хоҷагии фермерии онҳо дар миёни хоҷагиҳои фермерии шаҳри Қувасой дар сафи пеш қарор дорад. Ба гуфтаи роҳбари хоҷагии фермерии “Илҳом” ҳосили имсолаи кишти ғаллаашон низ фаровон шуд. Ғайр аз иҷрои нақшаи давлатӣ ва шартномавӣ ба коргарон аз 500 килограммӣ то якуним тоннагӣ гандум тақсим кардаанд.
– Аз рӯйи натиҷаҳои ба дастомада соли равон низ хеле хуб ҷамъбаст хоҳад шуд. Ба 50 миллион сӯм себ, 30 миллион сӯм бодом, 20 миллион сӯм олу ва 18 миллион сӯм анор фурӯхтем. Агар сарфу хароҷоти барои нуриҳои маданиву минералӣ ва пардохти маош сарфшударо аз миқдори умумии даромадамон барорем, даромади софи хоҷагиамон ҳудуди 60 миллион сӯмро ташкил мекунад, – изҳор кард Замира Мадаминова.
Маълум шуд, ки хоҷагии фермерии серсоҳаи “Илҳом”-и маҳаллаи Тоҷикмуян ғайр аз он ки эҳтиёҷи худ ва коргаронро рафъ месозад, дар корҳои ободонии маҳалла низ саҳми калон мегузорад.
– Дар минтақаи мо 150 хоҷагӣ аз беобӣ азият мекашад. Барои он ки онҳоро бо оби ошомиданӣ таъмин кунем, мутахассисонро ба кор ҷалб намудем. Хароҷоти умумии кашидани оби ошомиданиро мо ба дӯш гирифтем. Ҳоло масъалаи аз зери замин кашидани обро ҳаллу фасл мекунанд. Аллакай сокинони ин маҳалла дар ҳаққамон дуои нек мекунанд. “Пул нагиру дуо гир” гуфтаанд дар урфият. Даст задан ба корҳои нек барои мардуми шарифи мо ба ҳукми анъана даромадааст. Мо низ хостем аз ин раванд дар канор намонем, – мегӯяд Замира Мадаминова.
Ба таъкиди роҳбари хоҷагии фермерии “Илҳом” соли 1997 аз дасти Президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов медали “Шӯҳрат”-ро гирифтааст. Вай мегӯяд: вақте ки ба хона баргашт, одамони зиёд бо тантана истиқболаш гирифтанд ва медали овезони ӯро тамошо мекарданд.
– Ҳамдеҳагон, ҳақу ҳамсояҳо ва хешу табор аз тариқи телевизион дидаанд, ки Ислом Каримов медали “Шӯҳрат”-ро ба ман тақдим карданд. Барои ҳамин аз Тошканд баргаштанамро мунтазир шудаанд, то бидонанд, ки ману аъзои хонаводаамро ба ин муносибат шодбош гӯянд, – бо хушҳолӣ ёдовар шуд Замира Мадаминова.
Тавре ки вай боз тазаккур дод, ин мукофоти давлатӣ боис гардид, ки минбаъд бештар эҳсоси масъулият намояд ва дар бобати ба даст овардани ҳосили фаровон ва аз нозу неъмат пур кардани дасторхони мардум талош кунад.
Замира ва Мавлонҷон Мадаминовҳо соҳиби чаҳор фарзанд – се духтару як писар ва ҳашт набера мебошанд. Писари ягонаашон – Дилмурод корҳои ҳисобу китоби хоҷагии фермерии серсоҳаи “Илҳом”-ро пеш мебарад.
Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Юқоримуян” Эркинҷон Мирзокаримов мегӯяд, ки ҳамаи сокинони маҳаллаи Тоҷикмуян аз зиндагии имрӯзаи худ шоду мамнунанд. Вай хонаводаи Замира Мадаминоваро барои он тавсиф кард, ки дар меҳнат обутоб ёфтаанд ва аз маҳсулоти истеҳсол кардаашон ҳам худ ва ҳам хонаводаҳои камбизоати маҳаллаашонро баҳраманд месозанд.
– Ҳар сол бо анҷоми ҷамъоварии ҳосили ғалла ва меваву сабзавот як ҳиссаи онро барои чунин хонаводаҳои камбизоати маҳалла ҷудо мекунанд. Ин кори хайру савоби онҳоро дида роҳбарони хоҷагиҳои фермерии дигар, соҳибкорон ба онҳо пайравӣ мекунанд, – изҳор кард Эркинҷон Мирзокаримов.
Дар айни ҳол, қисме аз заминҳои аз кишти зироатҳо холишудаи хоҷагии фермерии “Илҳом” барои киштукори баҳорӣ тайёр карда мешавад. Баъзе қитъаҳои заминро аллакай барои кишти гандуми тирамоҳӣ шудгор карда мондаанд, то ки гандум зудтар барояду майса занад.
– Ба афзоиши ҳосили соли оянда ва баракату нусрати он аз ҳозир заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад. Мо ба ин ҷиҳати кор ҳамеша диққати асосиро равона мекунем. Ниҳолҳои мевадиҳанда бошанд, аввали баҳор аз шоху навдаҳои зиёдатӣ поккорӣ мешаванд ва ҳар як муғчаи он ҳосили пурбор медиҳад, – мегӯяд Замира Мадаминова.

Неъматҷон НАЗИРОВ,
мудири шуъбаи маънавият ва маърифати ҳокимияти шаҳри Қувасой.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: