ШАҲРИ ШАРИФ ВА МАҚОМИ ОН

БУХОРО — ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ ЭЪЛОН ГАРДИД

САМАРҚАНД САЙҚАЛИ РӮЙИ ЗАМИН АСТ,
БУХОРО ҚУББАТУЛ ИСЛОМУ ДИН АСТ.

Ҳар боре сухан аз хусуси ин ду шаҳри бостонӣ равад, беихтиёр ин гуфтаҳо ба забон омада, аз обрӯю эътибори бузурги ин ду шаҳри  шуҳратманди дунё шаҳодат медиҳанд. Дуруст аст, ки ибораи арабии «қуббатул Ислом» дар гуфтугӯ шакли «қуввати ислом»-ро гирифтааст. Ин байт моҳиятан собит мекунад, ки Самарқанд зебу зинати дунё ва Бухоро ифтихори дини ислом мебошанд. 
Дар ҳақиқат Бухорои шариф баробари дигар сифатҳояш тӯли асрҳо ба сифати яке аз марказҳои тамаддуни ислом низ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Соҳибистиқлолӣ имконият дод, ки ин ҳақиқати таърихӣ эътироф гардида, барои диндорон шароити зарурӣ фароҳам ояд. Дар ин рӯзҳои мубораки моҳи Рамазони шариф суҳбати мо бо намояндаи Идораи мусулмонҳои Ӯзбекистон дар вилояти Бухоро Ҷобир ЭЛОВ аз ин хусус  сурат гирифт.

– Домулло, дар бораи таърих ва рушди дини ислом дар Бухоро таваққуф мекардед.
– Аввало ҳамдиёрони азизро бо моҳи шарифи Рамазон муборакбод мегӯям.
Маълум аст, ки ба дини ислом даромадани аҳли Бухоро бо тасаллути он аз ҷониби Қутайба ибни Муслим (тақрибан соли 711) вобастагӣ дорад. Аввалин масҷидро дар Бухоро Қутайба ибни Муслим сохтааст. Имом-ал-Бухорӣ ба 20 ҳазор нафар шогирдони он таълиму тарбия додаанд. Байни онҳо Имом Муслим, Имом-ат-Тирмизӣ барин бузургон ба воя расидаанд. Бухоро, пеш аз ҳама, бо Имом-ал-Бухорӣ, устодашон Абӯҳафси Кабири Бухороӣ, Ҳафт пири комил ва дигар авлиёаш бузург аст. 
Солҳои 1530-1536 дар Бухоро мадрасаи Мири Араб бунёд гардида, уламои гирду атроф дар он сабақ омӯхтаанд. Бухоро минбаъд ҳамчун маркази  илму маърифат ва дину тариқат дар қатори  ҳафт шаҳри муқаддаси олами ислом сазовори мақоми «Шариф» (шарофатнок, асил, соҳиби ифтихор) гардид. Вай дар масири  таърих бо унвонҳои «Фохира», «Қуббатул-ислом» низ машҳур аст.
– Оё дар замони салтанати шӯроҳо низ мадрасаи  Мири Араб фаъолият дошт?
– Бале. Гуфтан ҷоиз аст, ки мадрасаи Мири Араб дар олами ислом эътибор ва мавқеи ба худ хос дорад. Дар ин ҷо шогирдони зиёд аз Осиёи Миёна, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон, Русияю Қафқоз, Озарбойҷону Доғистон таҳсил гирифтаанд.
Мунавварқорӣ Абдурашидхонов, Шайх Юсуфхон Шокиров, Садриддин Айнӣ, Фозилқорӣ Собиров, Абдуқаҳҳор Ғаффоров, Асрорқул Мавлонқулов, Раҳматуллоқорӣ Обидов, Ғуломҷон Изомӣ, Ҳабибулло Солеҳ, Шайх Эшон Бобохон ибни Абдулмаҷидхон, баъди соли 1945: Усмонхон Алимов, Абдурашидқорӣ Баҳромов, Исмоил Махдум Сотти-ӯғли, Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф, Шайх Абдуғанӣ Абдуллоев, Абдулатифхон Султонмаҳмудов, Мухторҷон Абдуллоҳи Бухорӣ, Абдулғафур Раззоқи Бухорӣ, аз Туркманистон Насруллохон Ибодуллоев, аз Қирғизистон Кимсанбой Абдураҳмонов, аз Тотористон Шигабутдин Багаутдин ал-Қазонӣ ал Марҷонӣ, Шайхулислом Аллоҳшукур Пошшозода — раиси идораи мусулмонҳои Қафқоз, аз Бошқирдистон Талъат Тоҷиддин, собиқ Президенти Чеченистон Аҳмад Қодиров, раиси Шӯрои муфтиҳои Русия Равил Гайнутдинов, муфтии Қазоқистон Ратбек Насанбоев, раиси идораи мусулмонҳои Тотористон Гусман Исхаков, Умар Идрисов ва даҳҳо дигарон аз ҷумлаи онҳоанд.
– Солҳои истиқлол анъанаҳои қадимии диниамон эҳё гардиданд. Тарҷумаи Қуръони Карим, ободгардонии зиёратгоҳҳои пиру авлиё, таҷлили солгарди бузургони дин барин тадбирҳо ба меъёри оддии рӯзгорамон табдил ёф-танд. Аз ҷумла, дар Бухорои шариф ва гирду атрофи он воқеаҳои таърихӣ ба амал меоянд.
– Дарҳақиқат ғамхорию эътибор беназир аст.
Имрӯз дар Бухоро баробари омӯзишгоҳи динии Мири Араб фаъолият доштани мадрасаи бонувон — «Ҷӯйбори калон», мадрасаи олии Мири Араб (соли 2017), Мактаби тасаввуф (соли 2018), инчунин беш аз сад масҷид ба ин мисоли равшан аст. Баъди ташрифи сарвари давлат ба Бухоро такмили ихтисоси имом-хатибҳои ҷумҳурӣ дар зиёратгоҳҳои «Ҳафт пир»-и Бухоро сурат гирифт.
Ҳоло ҷозибаи Бухорои шариф бештар афзуда, вай пайваста диққати оламиёнро  ҷалб месозад. 
Моҳи феврали соли ҷорӣ дар ин ҷо аввалин анҷумани байналхалқии саёҳати зиёратӣ баргузор шуд, ки аз далелҳои он мебошад.
– Соли 2020-ум Бухоро пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шуд. Оё ин чунин мақоми шаҳрро бори дигар собит намекунад?
– Оре, Сохтори Созмони ҳамкории ислом оид ба илм, таълим ва фарҳанг (ISESCO) ҳар сол аз Осиёю Африқо се шаҳрро ҳамчун «Пойтахти фарҳанги ислом» эътироф мекунад. 
Дар конфронси IX вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои созмон шаҳрҳои Бухоро, Қоҳира (Миср) ва Бамако (Мали) дар соли 2020 ба ин ном муносиб дониста шуданд.
Соли 2007-ум пойтахти мамлакат шаҳри Тошканд низ сазовори ин унвон гардида буд.
– Барои  суҳбати пурмазмунатон ташаккур.
– Саломат бошед.

Амрулло АВЕЗОВ, хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: