ШАҲРИСАБЗ – ШАҲРИ ГАРДИШГАРИИ СОЛИ 2024 ЭЪЛОН ГАРДИД

Дирӯз дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор шуд.

Ин ҷаласа таҳти раёсати Ӯзбекистон гузашт ва дар он Дабири кулли СҲИ Хусрав Нозирӣ ширкат кард. Инчунин он бо ҳузури вазирони корҳои хориҷии Эрон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон,  Покистон, Туркия ва мизбони ҷаласа – Ӯзбекистон роҳандозӣ гардид.
Қобил ба ёдоварист, ки СҲИ  як созмони байналмилалии минтақавӣ аст, ки соли 1964 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия таҳти унвони “Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ” барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ таъсис шудааст. Соли 1985 бо номи «Созмони ҳамкории иқтисодӣ» ба фаъолият идома додааст. Мақсади асосии созмон тавсеаи равобити иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои маънавию фарҳангии кишварҳои узв ва амсоли он.
Ӯзбекистон соли 1992 ба он пайвастааст ва ҳамкориҳояшро дар доираи ин созмон беш аз пеш тавсеа бахшидааст. 
Дар ҷаласаи Тошканд эълон гардид, ки раёсати Ӯзбекистон дар ин созмон ба охир расид ва соли 2023 ин мақом бар дӯши Озарбойҷон вогузорӣ мешавад. 
Бахтиёр Саидов – вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар маросими ифтитоҳи ҷаласа изҳор кард, ки таърих, фарҳанг, расму ойин, мазҳаб ва анъанаҳои мардуми кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз шабеҳи ҳамдигаранд.
– Инчунин давлатҳои аъзои СҲИ дорои иқтисодиёти пешрафта, сарватҳои бойи зеризаминӣ, халқи меҳнаткашу заҳматписанд ва рушди динамикӣ мебошанд. Ин созмон имкониятҳои пешбаранди тиҷорат, коммуникатсияҳои нақлиётӣ, кооператсияи саноатӣ, гардишгарӣ ва ҳифзи муҳити зистро низ дар худ гунҷоиш додааст. Шароити глобалии афзоиши рақобатнокӣ барои ба даст овардани захира, сармоя, технология ва дастрасӣ ба бозори беруна тақозо менамояд, ки мо дастаҷамъона ба ин аҳдоф бирасем, – гуфт Саидов. 
Дар ҷаласа вазирон суханронӣ карда, роҳҳои беҳбуди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин созмонро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ аз қабули якдилонаи қатъномаи Маҷмаи умумии СММ доир ба ташаббуси панҷуми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии он аз ҷониби кишварҳои узв ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд.
  Вай дар пайи суханронӣ аз кишварҳои узв даъват бар амал овард, ки дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад,тавассути иштироки фаъол ва гирифтани ӯҳдадориҳо барои таҳрики амалҳои нав, суръат бахшидани талошҳои мавҷуда ва таҳкими ҳамкориву мушорикат ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои марбут ба об аз ташаббусҳои кишвараш дастгирӣ намоянд.
Ногуфта намонад, ки ҷаласаи 26-уми СҲИ бо қабули Баёнияи Тошканд ба кори худ хотима бахшид. 
Дабири кулли СҲИ Хусрав Нозирӣ баъди анҷоми ҷаласа нишасти хабарӣ баргузор намуд.
– Бешубҳа, эътироф мекунам, ки таҳти раёсати Ӯзбекистон СҲИ барои расидан ба ҳадафҳои худ хеле пешрафт намуд. Бо ташаббуси ҷаноби Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли 2022 дар минтақаи СҲИ «Соли таҳкими робита» эълон гардида буд, ки аз ҷониби Шӯрои вазирони созмон баҳои баланд гирифт. Дар ҷаласа Шӯрои вазирон ба фаъолияти СҲИ низ дар соли 2022 баҳои баланд дода, масъалаҳои муҳими рӯзномаро баррасӣ намуд, – гуфт Хусрав Нозирӣ.
– Ёдовар мешавам, ки СҲИ як форуми байниҳукуматии иқтисодии даҳ кишвари Осиёи Ҷанубӣ, Марказӣ ва Ғарбӣ мебошад, ки тасмим гирифтааст минтақаро тавассути идоракунии хуб ва суръат бахшидан ба тиҷорат ба як блоки кишварҳои зичу алоқаманд ва устувор табдил диҳад. Дар робита ба ин, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узв ҷузъи ҷудонашавандаи рӯзномаи СҲИ мебошад, – тазаккур дод Дабири кулли СҲИ.
Ба таъкиди Нозирӣ  моҳи гузашта 30-умин солгарди таъсиси СҲИ-ро ҷашн гирифтанд, ки ҳанӯз соли 1992 Эрон, Покистон ва Туркия ҳузури Афғонистон ва Озарбойҷон, инчунин панҷ кишвари Осиёи Марказӣ: Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро ба оилаи СҲИ истиқбол намуданд.
Тавре ки Дабири кулли СҲИ ишора намуд, дар давраи раёсати Ӯзбекистон  корҳои омодагирӣ барои таъсиси ду долони нави муҳим, яъне Қирғизистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон  ва Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия шурӯъ гардидаанд. Дар соҳаи энергетика ҷорӣ намудани манобеи тозаи энергия, инчунин таъмини амнияти энергетикӣ тавассути долонҳои энергетикӣ дар минтақа меъёрҳои асосии низоми ҳамкории ин созмон арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки дар робита ба ин, дар соли 2022 ҷиҳати татбиқи ду лоиҳа пешравиҳои назаррас ба даст омадааст ва инҳо таъсиси бозори минтақавии барқ ва дуввум Маркази неруи барқи тозаи СҲИ мебошанд.
Хусрав Нозирӣ дар поёни нишасти хабарӣ гуфт:
– Ҷаласаро ҷониби Ӯзбекистон хеле муваффақона ташкил кард ва гузаронд. Ин ҷо фаъолияти мо низ бо қаноатмандӣ эътироф гардид. Минбаъд  барои амалӣ намудани нақшаҳо ва ҳадафҳои оянда пешниҳодҳои арзишманд ироа гардиданд. Илова бар ин, дар ҳошияи чорабинӣ мулоқоту гуфтугӯҳои хеле пурмаҳсули дуҷониба сурат гирифта, нақши СҲИ ҳамчун як форуми муҳими ҳамкориҳои минтақавӣ тасдиқи худро ёфт.
Хусрав Нозирӣ гуфт, ки СҲИ Шаҳрисабзро барои соли 2024 шаҳри сайёҳӣ эълон намуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: