ШАҲРСОЗИИ ЗАМОНАВӢ: ҚАДАМҲОИ ҚАТЪӣ ДАР РОҲИ ПЕШРАФТ

Дар натиҷаи чорабиниҳое, ки ба куллан нав сохтани қиёфаи шаҳру деҳот, беҳтар гардондани шароити иҷтимоии аҳолӣ нигаронда шудаанд, адади масканҳои зебову обод меафзоянд.

Қисми зиёди чунин ислоҳот дар аксар ҳолатҳо ба роҳи нав, миқёси васеъ ва руҳи замон татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, сохтмони маркази байналхалқии корчаллонии пойтахт «Tashkent City» бо суръати баланд идома дорад.
Лоиҳаи маркази байналхалқии корчаллонии «Tashkent City» бо ҷалб намудани ширкати «ARUP» (Бритониёи Кабир), «Tabanlioglu» (Туркия), «DPArchitects» (Сингапур) ва ширкатҳои дигари бонуфузи байналхалқӣ коркард шудааст. Аз ҳама муҳимаш, барои сохтмон маблағи давлат ҷалб карда нашудааст. Ба охир расондани сохтмони маркази нав мувофиқи андозаҳои ҷаҳонӣ дар тӯли се сол ба нақша гирифта шудааст. Яке аз объектҳои аввалине, ки дар ҳудуд сохта мешавад, меҳмонхонаи панҷситорадор ва Конгресс холл ба ҳисоб мераванд. «Tashkent City» ба меҳмонони пойтахт, соҳибкорон ва халқамон хидмат хоҳад расонд. Конгресс холл барои баргузор намудани чорабиниҳои давлатӣ истифода хоҳад шуд.
Дар майдони 80 гектари ҳудуд маркази тиҷорат, боғи саноатӣ, маҷмӯъҳои тиҷоратӣ, толорҳои конфронс, ресторанҳо ва марказҳои маданӣ, манзилҳои бисёрошёна бо суръати баланд сохта мешаванд.
Чӣ хеле ки мутахассисон таъкид менамоянд, дар сохтмони объектҳо коркардҳои ғайристандартӣ ва лоиҳаҳои меъморӣ истифода мешаванд. Барои таъмин кардани мустаҳкамии меҳмонхонаи «Hilton» дар чуқурии то 37 метр беш аз 378 сутун насб карда шудаанд. Мустаҳкамкунии хоки зери Конгресс холл бо ёрии технологияи пошидани симон иҷро шудааст. Ба таҳкурсии бинои мазкур 3900 сутун насб гардидааст. Дар ба амал татбиқ намудани технологияи мазкур аввало таркиби мураккаби замин, вазни бино ба назар гирифта шудааст. Аз фарши намо, ки қариб аз 4 ҳазору 500 тонна пӯлод, ойна ва алюмин таркиб ёфтааст, истифода гардидааст.
То ба кушодашавии боғи «Tashkent City» вақти кам мондааст. Дар ин ҳудуд майдончаҳо барои сайр ва истироҳат, ҳавзи сунъӣ ва дар атрофи он ресторани замонавӣ сохта хоҳанд шуд. Лоиҳаи планетария дар асоси андозаҳои байналхалқӣ аз ҷониби мутахассисони туркиягӣ коркард шудааст.
– Дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон фаввораҳо сохтем, – мегӯяд намояндаи ширкати бонуфузи чинӣ оид ба лоиҳасозӣ ва сохтмони фаввораҳо Яо Тао Ёнг. – Дар ҳавзи сунъӣ фаввораи дар Ӯзбекистон калонтарин ҷойгир карда шуд, ки 138 иншооти бузург ва хурди гидротехникиро фаро мегирад. Фаввора равшанибахшанда ва мусиқавӣ хоҳад шуд. Барои ин дар атрофи он қариб 600 прожекторҳои ранга васл карда мешаванд. Яке аз хусусияти ба худ хоси фаввора дар он аст, ки фавраи об ба баландии 80 метр мебарояд. Барои самараҳои махсус бошад, механизмҳои замонавӣ васл карда хоҳанд шуд, ки онҳо ба фавраи об шакл медиҳанд.
Боз як тафовути низоми фаввора дар он аст, ки бо ёрии техникаи махсус видеороликҳои кӯтоҳ намоиш дода мешаванд. Яъне, бо ёрии онҳо «экрани обӣ»-и андозааш     20х40 метр пайдо мешавад. Мутахассисони лоиҳа барои он ки ба аз ҳад зиёд кор кардани конструксия роҳ дода нашавад ва фароҳам овардани ба тарҳи алоҳида соз кардани қисмҳои ҷудогонаи он низоми махсусро таҳия намуданд. Баробари ин васл намудани ду лазери иловагӣ барои самараи оригиналӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳудуди  «Tashkent City» кӯли сунъии майдонаш 1,5 гектар созмон дода хоҳад шуд.
– Барои кӯли сунъӣ дизайни биологӣ истифода бурда мешавад, – мегӯяд раиси раёсати ширкати «Биоарт» Эрдал Есил. – Ин усул дар Ӯзбекистон бори аввал истифода бурда мешавад. Ба иваз намудани об зарурат намемонад, чунки низоми нав онро ба таври автоматикӣ соф мегардонад.
Ба бисёриҳо маълум аст, ки дар сохтмони  «Tashkent City» духтараки шуҷоатманд – идоракунандаи кран Наргиза Арслонова иштирок менамояд. Ғайриихтиёр аз ҷасорати Наргиза лол мемонад кас.
– Аввалҳо ба сохтмони бузург нигоҳ карда, вуҷудамро ҳаяҷони сахт фаро мегирифт, – мегӯяд Н. Арслонова. – Ҳоло аз он эҳсоси ифтихор дорам, ки дар сохтмони «Tashkent City»-и зебову нотакрор саҳми ман ҳам ҳаст.
Имрӯз қиёфаи Тошканд куллан нав мегардад. Дар якчанд ноҳияҳои шаҳр – Олмазор, Мирзо Улуғбек, Юнусобод ва дигарҳо мавзеъҳои замонавии ба  «Tashkent City» монанд сохта мешаванд.
Аз ҷумла, маҷмӯи истиқоматии «Olmazor city», ки дар ноҳияи Олмазор сохта мешавад, дизайни ба худ хоси замонавӣ дорад. Он 23,5 гектарро фаро гирифта, дар чорроҳаи Роҳи хурди ҳалқагин, кӯчаи Қорасарой, Олмазори Нав ва Олмазори Шимолӣ қад меафрозад. Дар ин ҷо маҷмӯъҳои дилхушӣ ва варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ ва хидматрасонии маишӣ сохта хоҳанд шуд.
Ба охир расондани зинаи якуми сохтмон дар соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Хуллас, баъд аз як сол дар хонадонҳои нави «Olmazor city» хонатӯйҳо баргузор  хоҳанд гардид.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки манзилҳои навро ширкати «Mesa Mesken» (Туркия) бино бар технологияи замонавии «Tunnel qolip» бунёд хоҳад кард. Бино бар суханони мутахассисони ширкат ҷиҳатҳои фарқкунандаи «Tunnel qolip» аз усулҳои анъанавӣ дар аз ҷиҳати сейсмикӣ мустаҳкам будани бино ва суръати баланди сохтмон ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, хонаҳои 9, 12 ва 18-ошёна то ба нуҳ балли заминҷунбӣ тоб меорад.
– Ба ҳудуд дарахтоне шинонда хоҳанд шуд, ки ҳаворо тоза намуда, иқлими мусоидро фароҳам меорад. Дарозии роҳи пиёдагардони соҳили анҳор 800 метрро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо метавонед саросари хиёбон ва дар роҳрави махсус бо велосипед сайр кунед, – мегӯяд менеҷери маҷмӯи истиқоматии «Olmazor city» Бахтиёр Убайдуллаев.
Таъкид бояд кард, ки хонаҳо дар ҳолати таъмирёфта, барои зист тайёр ба истифода супурда мешаванд. Ҷойҳои исти нақлиёти автомобилии зеризаминӣ дар ҳавлии хонаҳои бисёрошёна имкони нигоҳ доштани муҳити табииро фароҳам меоранд.
Ба бехатарии маҷмӯи истиқоматӣ низ эътибори алоҳида дода мешавад. Дар ин ҷо фаъолияти хидмати дидбонӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Ба сокинони маҷмӯъ ID-картаҳои махсус дода мешаванд. Ин бобати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии қонуншиканӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар ҳудуд маҷмӯи варзишиву солимгардонӣ сохта хоҳад шуд. Дар ин ҷо дар 2 ҳазор гектар бассейн, фитнес-зал, сауна, фитобар бунёд меёбад.
Боз як қулайӣ дар он аст, ки дар наздикии маҷмӯа дар масофаи 2-2.5 километр ду истгоҳи метро мавҷуд аст. Яъне, аҳолӣ ҳангоми сафар ба маркази шаҳр мушкилӣ намекашад. Баробари ин, имконияти ба се сол тақсим намуда, харид кардани хонаҳои нав ҳаст. Дар замири ин гуна сохтмони бузург мақсади баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити муносиби зист ниҳон аст.

Абдулазиз МУСОЕВ,
Нурулло НАСРИЕВ,
мухбирони ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: