Инчунин, дар қуттии собун ҳам дору пинҳон кардааст.
Бино ба ахбори хадамоти матбуоти маҷмааи махсуси гумрукии «Тошкент-АЭРО» дар пости Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов халтаи полиэтилении шаҳрванд, ки дар хатсайри «Деҳлӣ-Тошканд» парвоз кард, аз назар гузаронида шуд.
Дар натиҷа, дар он 8 номгӯй дорувориҳо, аз ҷумла 59 ампула, 97 флакон ва 142 конверт, ки аз рӯйи тахмин 40 миллион сӯм арзиш доранд ва дар дохили қуттии қаннодӣ, қуттии собун ва маҳсулоти нонӣ пинҳон карда шуда, бо тартиби муқарраршуда ба назорати гумрукӣ пешниҳод нагардидаанд ва сифаташ кафолат дода намешавад, муайян гардид.
Ҳоло аз рӯйи ин ҳолат тафтишот идома дорад.