«ШАҲРВАНДОН НЕ, ҲУҶҶАТҲО АМАЛ МЕКУНАНД»

Тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҳоло шаҳрвандон ҳар рӯз ба ин ё он муаммо ва мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

Тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҳоло шаҳрвандон ҳар рӯз ба ин ё он муаммо ва мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

Солҳои охир дар мамлакат аз ҷониби Президент ва ҳукумат бобати бартараф намудани мушкилоти аҳолӣ, фароҳам овардани қулаиҳои мусоид ба шаҳрвандон, ташкил намудани мулоқоти намояндагони мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ, расондани хидматҳои давлатӣ ва ғайра корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. 
Тавре ки маълум аст, дар кишвар аз соли 2003 барои аз рӯйхат гузарондани субъектҳои соҳибкорӣ тибқи тамоили «Равзанаи ягона» аз ҷониби инспексияҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ мешуданд. Аз моҳи январи соли 2016 дар назди инспексияҳои мазкур тибқи тамоили номбурда марказҳои расондани хидматҳои давлатӣ фаъолияти худро шурӯъ карданд. Мувофиқи ақидаи мутахассисони соҳа дар даврони пуршиддати ислоҳот кори соҳа ба талабот ва хоҳиши халқ ҷавобгӯ набуд. Яъне дар ин ҷода навбатпоиҳои барзиёд, оворагариҳо, расмиятбозӣ, тамаъгарӣ ва ғайра мушоҳида мешуданд. 
Бинобар ин фармони Сарвари давлат «Дар бораи чораҳои куллан ислоҳсозии низоми ба аҳолӣ хидматрасонии давлатӣ» аз 12 декабри соли 2017 эълон шуд. 
Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур дар назди Вазорати адлия Агентии хидматҳои давлатӣ ташкил гардид. Дар як муддати кӯтоҳ навиштаҷоти «Шаҳрвандон не, ҳуҷҷатҳо амал мекунанд» шиори агентӣ гардид. Боиси қайд аст, ки алҳол хидматҳои давлатӣ нафақат ба соҳибкорон, балки ба аҳолии оддӣ низ аз ҷониби Маркази хидматҳои давлатии назди қабулгоҳҳои халқии тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ расонда мешаванд. 
– Аз моҳи январи соли 2018 то имрӯз ба аҳолӣ ҷамъ 935 хидмати давлатӣ расонда шуд. Алҳол рӯзе ба ҳисоби миёна 50-60 муроҷиат-аризаи шаҳрвандон мерасанд. Ғайр аз ин бинобар аз рӯйхати давлатӣ гузарондани субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкорон, тадбиркорони якка ва шахсони ҷисмонӣ ҷамъ 346 муроҷиат расида, ҳаллу  фасл шуданд, – мегӯяд директори Маркази хидматҳои давлатии ноҳияи Пискенти вилояти Тошканд Ҷавлонбек Атоев. – То ба наздикӣ аз ҷониби марказ 37 хели хидмати давлатӣ фақат ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорон расонда мешуд. Аз 1 апрели соли ҷорӣ миқдори хидматҳои давлатӣ ба 50 хел расид, ҳамчунин хидматрасонии давлатӣ ба шаҳрвандони ҷисмонӣ низ ҷорӣ гардид. Албатта, ин эътибор дар соҳа навгонии муҳим аст. Зеро минбаъд шаҳрвандон ба як ҷо муроҷиат карда, муаммо ва мушкилоти худро ҳал менамоянд. Ин дар навбати худ ба кам шудани навбатпоӣ, пешгирӣ гардидани кашолакорӣ, оворагардӣ, коғазбозӣ мусоидат мекунад.  
Бинобар таъкиди Ҷ.Атоев мувофиқи фармони Президент барномаи чораву тадбирҳо доир ба амалӣ гардондани рӯйхати хидматҳои давлатӣ, ки фақат тавассути маркази хидматҳои давлатӣ тибқи тамоили «Равзанаи ягона» давра ба давра тӯли солҳои 2018-2020 татбиқ мешаванд, тасдиқ гардидааст. 
Алҳол дар ин марказҳо ба аҳолӣ мувофиқи талаботи замон ва технологияҳои инноватсионӣ хидматҳои давлатӣ расонда мешаванд. Тавре ки таъкид гардид, баъди пурра кор кардани низоми мазкур дигар шаҳрвандон идора ба идора намегарданд, балки ҳуҷҷатҳо ҳаракат мекунанд. 

М.МИРМАҲМАДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: