ШАҲРВАНДОНИ ӮЗБЕКИСТОН БА СОЛИ СИПАРИШАВАНДА БАҲОИ МУСБАТ ДОДАНД

Маркази омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» дар мавзӯи «Ӯзбекистон: афкори умум-2018» пурсиши иҷтимоӣ баргузор кард, ки дар ҷараёни он фикру ақидаи шаҳрвандон дар бораи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсии мамлакат ошкор гардид, дараҷаи қаноатмандии аҳолӣ аз натиҷаҳои дар соҳаҳои асосии ҳаёти давлат ва ҷамъият дар Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо бадастомада омӯхта шуд.

Дар пурсиш шаҳрвандони аз 18 сола боло, ки дар шаҳру деҳот зисту зиндагӣ доранд, намояндагони миллатҳои гуногун, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки дар соҳаву ҷанбаҳои мухталифи истеҳсолот кор мекунанд, иштирок карданд.
Пурсиши афкори умум бинобар натиҷаҳои соли 2018-ум нишон дод, ки Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо барои шаҳрвандони кишвар соли муътадил ва бомуваффақият гардид. Аксарияти шаҳрвандон – 87,4 бар онанд, ки барои Ӯзбекистон даврони нави рушди босифати иқтисодӣ фаро расид. Бинобар ақидаи иштирокдорони пурсиш тағйироти ҷиддии мусбат дар ҳаёти мамлакат, ки дар соли 2018-ум ба вуқӯъ пайвастанд, пеш аз ҳама бо ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ вобаста мебошанд, ки аз ҷониби роҳбари давлат муайян гардиданд ва имкон доданд он низоми идораи давлатӣ ташаккул ёбад, ки ба таҳдиду хурӯҷҳои замонавӣ қодир аст ҷавоб диҳад, манфиатҳои ҳар як шаҳрванд ва умуман тамоми ҷомеаро таъмин карда тавонад.  
Бинобар пурсиши мазкур аксарияти аҳолӣ ба натиҷаҳои ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат, таъмин сохтани амният, ҳамдилии байнимиллӣ дар ҷомеа, кушодадилии динӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ намудани таъқибот нигаронда шудаанд, баҳои мусбат медиҳанд.
Пурсиши афкори умум нишон дод, ки аксар шаҳрвандони мамлакат – 99,2 фоиз сиёсати миллии дар Ӯзбекистон татбиқшудаистодаро асоси ҳамдилии миллӣ ва шаҳрвандӣ меҳисобанд.
Бинобар ақидаи 82,1 фоизи шаҳрвандон дар мамлакат бобати беҳтар кардани муҳити корӣ, аз байн бардоштани монеаҳои маъмурӣ ва саддҳо барои тезонидани рушди соҳибкории хусусӣ, ҷорӣ намудани ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо чораҳои маҷмӯӣ татбиқ мешаванд.
Мувофиқи ақидаи 88,9 фоизи шаҳрвандон баланд гардидани нуфузи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи муфиди тарафайн бо кишварҳои хориҷӣ, пешоҳангони сиёсати байналхалқӣ, созмонҳои баобрӯйи байналхалқӣ натиҷаҳои асосии бадастовардаи Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷии соли сипаришудаистода ба шумор мераванд.    
Пурсиш собит сохт, ки 96,3 фоизи ӯзбекистониён чораҳоеро, ки дар мамлакат таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев бинобар ислоҳсозии низоми суду ҳуқуқ, таъмин ва ҳифз намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, минбаъд боло бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ татбиқ мегарданд, дастгирӣ мекунанд ва маъқул медонанд. Боз як комёбии муҳимтарини соли равон дар соҳаи иҷтимоӣ мувофиқи ақидаи 81,4 фоизи пурсидашудагон беҳтар гардидани сохтмони  манзил, ободонии шаҳру деҳот, таъмин шудани талаботи аҳолӣ ба манзилҳои арзон ба шумор меравад. 
Бинобар фикри 78,1 фоизи иштирокдорони пурсиш татбиқшавии барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» ба ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба манзил ва ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат карданд. 
76,7 фоизи шаҳрвандон муътақиданд, ки дар соли сипаришаванда чораҳои маҷмӯӣ бинобар рушди минбаъдаи соҳаҳои фарҳанг ва санъат, қаробати аҳолӣ ба намунаҳои беҳтарини маданияти миллӣ ва ҷаҳонӣ, ҳифз кардан ва афзун намудани мероси фарҳанг ва маънавияти миллӣ, муҳофизати иншооти мероси таърихӣ, такмил додани фаъолияти театр ва осорхонаҳо, дастгирӣ намудани арбобони илм, фарҳанг, санъати тасвирӣ, адабиёт, театр ва мусиқӣ бомуваффақият татбиқ гардиданд.
Пурсиш ягонагии фикру ақидаи шаҳрвандонро дар бораи он ки дар соли 2018-ум дар тамоми дараҷаҳо чораҳои самарабахш барои ҳаллу фасли мушкилоти таълим татбиқ гардида, мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шуд, дар ҷараёни таълиму тарбия усулҳои таълими замонавии инноватсионии педагогӣ ҷорӣ гардиданд, низоми барномаҳои таълимӣ ва ҷараёни таълиму тарбия, қаробати илм дар истеҳсолот вусъат ёфтанд, ошкор кард. 
Дар ҷараёни пурсиш 61,1 фоизи шаҳрвандон ба кори дастгирии ҳамаҷонибаи занон баҳои баланд доданд. Мувофиқи ақидаи иштирокдорони пурсиш дар ин бобат Кумитаи занони Ӯзбекистон нақши махсус мебозад. 
Иштирокдорони пурсиш тағйироти мусбатро дар соҳаҳои суду ҳуқуқ низ қайд карданд, ки дар натиҷаи онҳо таҳти васояти Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, маҳаллаҳо ва кумитаҳои занон шаҳрвандоне, ки надониста ҷиноят содир карда, аз кирдори худ сидқидилона пушаймон мебошанд ва қатъиян ба роҳи дуруст дохил шудаанд, аз ҷумла ҷавонон, занон ва куҳансолон аз ҷазо озод карда шуданд. Бинобар ақидаи шаҳрвандон чораҳое, ки амалӣ шуданд, куллан ба анъанаҳои инсонпарварии халқи Ӯзбекистон, саъю кӯшиши ӯ барои меҳру мурувват зоҳир кардан ба онҳое, ки ниёзманданд, мусоидат менамоянд. 
Пурсиш нишон дод, ки 72,1 фоизи шаҳрвандон ба чораҳое, ки дар доираи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 татбиқ шуда, ба амали самарабахшу босифати низоми идораи давлатӣ, ба роҳ мондани фаъолияти муназзами тамоми шохаҳои ҳокимият, баланд гардидани эътимоди аҳолӣ ба низоми идораи давлатӣ, сари вақт ҳаллу фасл шудани мушкилоти ба миён омадаи иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон мусоидат менамоянд, баҳои мусбат медиҳанд.
Беш аз нисфи шаҳрвандони пурсидашуда (54,4 фоиз) қайд карданд, ки вазъияти моддии онҳо дар соли 2018 беҳтар шуда, миқдори умумии сармояашон дар буҷаи оила афзудааст. Тавре ки пурсиш собит сохт, даромади ӯзбекистониён аз ҳисоби зиёд шудани музди меҳнат (78,2 фоиз) , нафақаҳо (53,3 фоиз), фоида аз фурӯши ҳосили дар қитъаи наздиҳавлигӣ парваришшуда, ҳайвоноти хонагӣ, мурғ, маҳсулоти ширӣ (50,2 фоиз), фоида аз соҳибкорӣ, фаъолияти фермерӣ (26,2 фоиз) афзудааст.
Тадқиқот ошкор кард, ки дар тӯли соли 2018-ум баробари афзоиши даромад хароҷот ва талаботи шаҳрвандон низ зиёд гардидааст. Шаҳрвандон барои худомӯзӣ, беҳдошти саломатӣ, тамошои чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамчунин барои тадбирҳои оилавӣ бештар маблағ сарф мекунанд. 
Дар ҷараёни тадқиқот мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ ошкор гардиданд. Чунончи, 62,7 фоизи пурсидашудагон таъкид мекунанд, ки бояд кори вобаста ба ҳаллу фасли мушкилоти шуғл, таъминот бо ҷойи корӣ, фароҳам овардани бозори самарабахши меҳнат  пурзӯртар карда шавад. Афзудани нарх барои хидматҳои коммуналӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, маҳдудият ба оби ошомиданӣ низ аз ҳамин ҷумла мебошанд. 
Баробари ин, тавре ки натиҷаҳои пурсиш нишон доданд, шаҳрвандон ба таъсири мусбати ислоҳоти иқтисодӣ ба некӯҳолии минбаъдаи онҳо бовар доранд: 73,8 фоизи пурсидашудагон муътақиданд, ки дар соли ояндаи 2019-ум дараҷаи моддии оилаҳояшон беҳтар хоҳад шуд. 
Умуман шаҳрвандон ба соли 2018-ум баҳои мусбат медиҳанд.
Аксарияти онҳо (88,4 фоиз) ба он эътимод доранд, ки дар соли оянда Ӯзбекистон нафақат натиҷаҳои ба даст омадаро нигоҳ медорад, балки ба дараҷаи сифатан нави пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ ворид мегардад. 
Пурсиши баргузоршудаи иҷтимоӣ собит сохт, ки аксарияти мутлақи аҳолии мамлакат – 95,6 фоиз роҳи Президент Шавкат Мирзиёевро, ки ба пешрафти минбаъда ва бозсозии кишвар, дар ҷомеа фароҳам овардани муҳити эҳтироми тарафайн, ҳамдилии байнимиллӣ, риоя шудан ва ҳифз гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як шаҳрванд нигаронида шудааст, маъқул медонанд ва дастгирӣ мекунанд. 
Пурсиш омодагии шаҳрвандони мамлакатро ба иштироки фаъол дар татбиқ кардан ва ба ҳаёт ҷорӣ намудани вазифа ва мақсадҳои пешбиникардаи роҳбари давлат ошкор намуд. 

М. АНИСИМОВА, 
бинобар матолиби маркази «Ижтимоий фикр», 
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: