Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар соли 2021 барои кор дар Русия аз ҳама бештар патент расмӣ гардонданд

Беш аз нисфи патентҳои корӣ, ки соли гузашта дар Русия расмӣ гардонда шуда буданд, ба шаҳрвандони Ӯзбекистон рост меояд.

Ин аз нишондиҳандаҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба вазъи муҳоҷират бармеояд.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти идора, ҳамагӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2021 2 миллиону 221 ҳазору 826 патенти меҳнатӣ расмӣ гардонда шудааст, ки 1 миллиону 316 ҳазору 569 ададашро шаҳрвандони Ӯзбекистон, қариб 787 ҳазорашро шаҳрвандони Тоҷикистон ва қариб 65 ҳазорашро шаҳрвандони Озарбойҷон гирифтаанд. Ба ғайр аз ин,  шаҳрвандони Украина (37 ҳазор) ва Молдавия (17 ҳазор) патент расмӣ гардондаанд, хабар медихад ТАСС.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2021 теъдоди патентҳои корӣ барои муҳоҷирон тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, теъдоди рухсатномаҳои  кори барои шаҳрвандони хориҷӣ расмигардондашуда низ афзоиш ёфтааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: