ШАҲСУТУНИ САНЪАТИ ТОҶИК

(Эҳдо ба Артисти халқии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов)

Шаҳсутуни санъати тоҷик ҳастӣ, Ҷӯрабек,
Номи тоҷик аз туву аз санъатат вирди забон.
Қалбҳоро забт кардӣ бо навоҳои хушат,
Васфи ту созанд з-ин рӯ то абад пиру ҷавон.

Буд воло аз бароят қадри инсон, з-ин сабаб
Қалби покатро барои халқи олам бохтӣ.
Бо суруди дилкашу оҳангҳои нав ба нав
Дидаву дилҳои мухлисро мунаввар сохтӣ.

Ташнаи созу навои туст аҳли Сӯхмарз,
Омадиву ташнагиро рафъ кардӣ дафъатан.
Ту сароӣ, мераванд арғушт гулҳои қатор,
Бо садову лаҳни хуб амсоли булбул дар чаман.

Бо ту нозад аҳли Сӯх, эй ҷӯраи дерини Сӯх,
Номи тифлашро ба уммеде гузорад Ҷӯрабек.
Номи ту вирди забони халқи олам гаштааст,
Тоҷики дунё бифахрад з-он ки дорад Ҷӯрабек!

Расулбеки АҲМАДЗОД.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: