Ба наздикӣ бо ҳамдастии Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, рӯзномаи «Овози тоҷик» ва гурӯҳи эҷодии «Мурувват» дар китобхонаи мазкур бахшида ба 80-умин солгарди зодрӯзи Шоири мардумии Ӯзбекистон Александр Файнберг маҳфили ёдбуд баргузор шуд.
Дар шаби ёдбуд шоирон, нависандагон ва олимони саршиноси ӯзбек, намояндагони ҳунари киносозӣ, фаъолони Маркази фарҳанги миллии рус, аҳли фарҳанг, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонии шаҳр ширкат ҷустанд.
– Ман ӯро аз солҳои 60-ум мешиносам, – гуфт адабиётшиноси саршиноси ӯзбек Иброҳим Ғафуров. – Аз дилбохтагони шеъри безаволи Пушкин буд, дар аҳде хома ба даст гирифт, ки шеъри Александр Блок, Твардовский, Борис Пастернак, Роберт Рождественский, Евгений Евтушенко... ба дили хонанда роҳ меҷуст.
Александр Файнберг дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон фаъолияти густурда дошт, тавону салиқаи худро дар киносозӣ низ санҷидааст, шеърро мисли як ровӣ мехонд. Ёдам ҳаст, устод Эркин Воҳидов чанде дар Маскав барои достони «Исёни арвоҳ»-и худ тарҷумон ҷуст. Ҳеч кас ҷуръат накард, Александр Файнберг онро ба ӯҳда гирифт. Достони мазкур дар тарҷумаи ӯ хеле хуб баромад, вай рӯҳи достонро ба забони русӣ дода тавонист. Шеърҳои Алишер Навоӣ, Эркин Воҳидов, Абдулло Орифов, Амон Матҷон ва дигар шоирони муосири ӯзбек дар тарҷумаи ӯ ба хонандаи рус пешниҳод гардидаанд. Шеъри мондагори ӯ дунёи ӯст...
Наздики даҳ китоби шеърии шоир дар нашриёти гуногуни Ӯзбекистон рӯйи чопро дидаанд. Шоир соли 2008 ба мукофоти давлатии Федератсияи Русия – медали Пушкин сазовор дониста шудааст. Шеърҳояш дар нашрияҳои адабии Русия, ИМА, Канада, Исроил... рӯйи чопро дидаанд.
Шоири мардумии Ӯзбекистон Абдулло Орифов дар бораи ӯ фармудааст: «Александр Файнберг шоири нодир, тарҷумон ва нависандаи арсаи ҷаҳонист. Маҷмӯаҳои ӯ далели рӯшани ин гуфтаанд. Эҷодиёти ӯ натанҳо ба хазинаи шеъри русии Ӯзбекистон, балки шеъри умумиҷаҳонии аҳди мо низ ворид шудаанд».
Аз баромади дӯстон, ҳамкорон ва ҳамсари шоир аён гардид, ки Александр Файнберг инсони якрӯ ва ҳақталошу ҳақпарвар ва рӯшноидӯст будааст.
Қироати шеърҳои ӯ аз ҷониби толибилмони синфҳои болоии мактаби миёнаи таълими ҳамагонии рақами 50-уми пойтахт, намоиши пораҳо аз филми мустанади «Александр Файнберг», сурудҳо бар ашъори ӯ ба шукӯҳи маҳфили ёдбуд афзуданд.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».