Инсон ва рассоми соҳибистеъдод, Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон, узви Иттиҳоди рассомони ҷумҳурӣ, муҷассамасози моҳир Яков Иосифович Шапиро вафот кард.
Инсон ва рассоми соҳибистеъдод, Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон, узви Иттиҳоди рассомони ҷумҳурӣ, муҷассамасози моҳир Яков Иосифович Шапиро вафот кард.
Ӯ соли 1937 дар шаҳри Олевскии вилояти Житомири Украина таваллуд ёфт. Чун ҳазорҳо нафар кӯчиёни солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ соли 1941 оилаи онҳо ҳам ба Ӯзбекистон омад. Онҳо сараввал дар Марғилон зиндагӣ карданд, сипас ба Тошканд кӯч бастанд. Соли 1944-ум бошад, ба Ватани худ Украина рафтанд, дар ҳамон ҷо Яков таълими ибтидоиро дар мактаби миёнаи бадеии назди заводи чинии Житомир гирифт. Пас аз хатми омӯзишгоҳи бадеии Киев ба Академияи давлатии санъати Ленинград дохил шуд. Бисёр сафар кард. Гӯшаву канори гуногуни ҷаҳонро дид...
Баъдтар оилаи Шапироҳо бинобар сабабҳои гуногун боз ба Тошканд баргашт. Маҳз дар ҳамин ҷо Яков факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории ба номи Низомиро хатм кард. Ҳамин тариқ Ӯзбекистон як умр ватани ҳақиқии ӯ гардид, дар ин ҷо вай ҳамчун эҷодкор обутоб ёфт, соҳиби оила гардид, бисёр дӯстони соҳибистеъдод пайдо кард, бо мардуми гуногунмиллату гуногунмазҳаб ҳамсояю ҳамҷавор зиндагӣ намуд.
Асарҳои Яков Шапиро дар Тошканд, Бухоро Марғилон, Ҷиззах, Маскав, Шаҳраки кайҳоннавардон, Сиэтл (ИМА), Исроил... гузошта шудаанд. Вай муаллифи пайкараҳои Шароф Рашидов дар Тошканд ва Ҷиззах, муҷассамаҳои Ғафур Ғулом, Ҳамид Олимҷон, Шота Руставели, Максим Горкий, Ботир Зокиров, Лаъл Баҳодур Шастри дар ноҳияҳои марказии пойтахт, ҳамчунин офарандаи ёдгории Александр Пушкин дар Уссурии кишвари Приморе мебошад... Асарҳои ӯ истгоҳҳои метрополитени Тошканд — «Истиқлол» (собиқ ба номи Ленин), «Ҳамид Олимҷон», «Буюк ипак йӯли» (собиқ Горкий), «Кайҳоннавардон»-ро зебу оро медиҳанд.
Яке аз асарҳои беназири Яков Шапиро ҳайкали Хоҷа Насриддини харсавор дар назди Лаби ҳавзи шаҳри Бухоро ба шумор меравад, ки барои сайёҳони тамоми ҷаҳон ҷойи диданӣ аст. Муҳтавои асарҳои ӯ бахшида ба мавзӯи кайҳон дар истгоҳи метрои «Кайҳоннавардон» бо намои Замин-Модар, қаҳрамони афсонавӣ Икар, симоҳои Улуғбек, Сиолковский, Королёв, Гагарин, Терешкова, Леонов ва бо нимтанаи ҳамватани мо, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Владимир Ҷонибеков низ бағоят ҷолиб мебошанд. Пайкараи «Писарбачаи найнавоз», ки дар хиёбони «Тошканд»-и шаҳри Сиэтл – бародаршаҳри пойтахти мо гузошта шудааст, низ ғайриоддӣ ва назаррабост. Симои шарқӣ дар муҳтавои суруди тоҷикии «Маро бибӯс», ки дар пайкараи овозхони машҳур Ботир Зокиров таҷассум ёфтааст, хотирнишин мебошад...
Дар ҳар як асари Яков Шапиро махсусияти рассом равшан ба назар мерасад. Зеро вай онҳоро бо иродаву фармоиши дилу рӯҳи худ эҷод кардааст! Тавре ки худи муаллиф борҳо такрор мекард, «ба тарзи дигар буда ҳам наметавонад... Танҳо ҳамин тавр, яъне бо амри дил метавон дар маводи сахт, хоҳ он биринҷӣ бошад, хоҳ тиллоӣ, ғояи хости дили худро дақиқ, зинда, ҳаётӣ ифода кард...»
Бигузор, хотираи дӯсти мо, рассоми воқеан бузург абадӣ бошад.
Ш.ЗАЙНУДДИНОВ.