«ШИФО» ОБОДТАР МЕШАВАД

аммо вазъи он табъи дил нест

Агар шумо вориди деҳаи хушҳавои Оҳалик – Шаҳнондараи ноҳияи Самарқанд гардед, аз байни анбӯҳи дарахтону соҳили дарёчаи шӯху беқарор садои бачагони хушзавқ ба гӯш мерасад. Зеро дар ин ҷо беш аз сад нафар писаракону духтаракони мактабхон аз тамоми гӯшаю канори шаҳру ноҳияҳои вилоят зери назорати табибону тарбиятгарон саломатии худро мустаҳкам мекунанд. Қариб сад нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун ва мураббиён дар атрофи онҳо парвона мебошанд.
Бояд таъкид намуд, ки сиҳатгоҳ тамоми сол фаъолият мебарад. Дар ин солҳо ҳазорҳо нафар фарзандони Самарқанд ва берун аз он маҳз, дар ҳамин макон саломатии худро мустаҳкам кардаанд.  Аммо дар ин ҷо на ҳама корҳо табъи дил аст. 
Рост гуфтаанд, ки ҳар кӣ хиёнат варзад, дасташ дар ҳисоб биларзад. Чӣ ҷойи руст кардан аст, дар байни ҷамоаи сиҳатгоҳи мазкур шахсоне пайдо шуданд, ки бо тамаъкорӣ ба ҳаққи фарзандони халқ хиёнат кардаанд. Мо тоҷикон мақоле дорем: «Офтобро бо доман пӯшида намешавад». 
Аввало, ноинсофӣ ва ҳаққи мардумхӯрии ошпазҳо ошкор гардид ва шикояту аризаҳои ҳолдонҳои худотарс ва волидайни ҳайратзада ба идораҳои гуногун афзуд. Оқибат «як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дастӣ, малахак!» шуд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов бо чанд нафар шахсони масъул бидуни огоҳӣ, нобаҳангом ва ғайричашмдошти роҳбарон ба сиҳатгоҳ омада, аввало ба ошхона даромад. Аҷибаш он буд, ки ба рӯйи миз табақчаҳои пури аз ярмаи ҷав – перловка истода, ҳеҷ кас даст назадааст. Охир, таом на сифат дошту на маза. Ошпазҳо бо об ҷӯшонда, пешкаши бачагон кардаанд. Бачаҳо хомӯшу итоаткорона ба дасти ходимон менигаристанду халос. Таоми дуюм картошкаи бирён бо моҳӣ будааст. Ошпазҳои ноинсоф ба ҷойи 150 грамм моҳӣ, ки дар таомнома ва меъёр пешбинӣ шудааст, ҳамагӣ 15-20 граммӣ, яъне «ба ном» моҳӣ гузоштаанд. Ҳангоми аз назар гузаронидани ошхона маълум шуд, ки ошпазҳо дар дегчаи алоҳида гӯштбирён ва дар лагани калон моҳиро пинҳон кардаанд, ки «мис»-и фаъолияташон ошкор гардид.
Дар дорухона низ камбудиҳои ҷиддӣ мавҷуд буд. Зеро муддати аксарияти доруҳо гузашта буданд. Ба пурсиши «Чаро ин тавр шуд?» масъулон китф дарҳам кашиданду халос.
Сипас, ҳокими вилоят Эркинҷон Оқбӯтаевич як-як иншоотро аз назар гузаронд. Маълум шуд, ки дар ин бобат низ муаммоҳои ҷиддӣ мавҷуданд. Аксарияти биноҳо бо мурури замон фартут шудаанд ва илоҷи таъмиру тармим нест.
Баъзеҳо надониста ва нафаҳмида дар шабакаҳои интернет навиштаанд, ки гӯё ба шаҳраки Гулобод бачагони бемории силро овардаанду акнун ин касалии сирояткунанда ба атроф паҳн мешавад.
– Ин гапи беҳуда аст, – гуфт сардухтури сиҳатгоҳи барқароркунии саломатии бачагони рақами савуми вилоят дар деҳаи Оҳалик Ҷамила Равшанова. – Зеро дар мо фарзандони падару модарашон ба ин беморӣ гирифторшуда, инчунин сиҳат ёфтагон саломатии худро мустаҳкам мекунанд, ки эҳтимоли ба дигарон сироят кардан надорад. Мо бо вуҷуди ҳамин, тамоми чораҳоро  дидем ва шахсони масъулро вобаста кардем. Дар омади гап таъкид кардан лозим аст, ки пас аз ташрифи ҳокими вилоят корҳои сохтмон оғоз ёфтанд. Акнун дар сиҳатгоҳи махсуси мо барои 200 нафар бачагон мактаб, хобгоҳ, толори варзиш, ошхона ва ҳатто кӯдакистон барои 75 нафар қад хоҳад афрохт. 
Қаблан дар Оҳалики поён мактаби ибтидоии сиҳатгоҳи бачагон вуҷуд дошт, ки собиқ ҳокимони ноҳия ва вилоят вайрон карда буданд ва он ҳоло ба хароба мубаддал гаштааст. Инчунин, бинои қадимсохти мактаби рақами 18-уми деҳа низ ба замин яксон шуд. Бинобар ҳамин, мардуми Оҳалик аз тақдири сиҳатгоҳи «Шифо» ба таҳлука афтодаанд, ки магар боз як манзили таърихӣ ба ҳукми нестӣ хоҳад афтод.
Ҳокими вилоят қатъан ваъда дод, ки худ азнавсозии сиҳатгоҳро зери назорат гирифта, корҳои ободонӣ дар асоси нақша ва лоиҳаи замонавӣ ҷараён мегиранд.

З. ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: