Шифохона бо дастгоҳи нав таъмин шуд

Банки саҳҳомӣ-тиҷоратии “Агробанк” ба шифохонаи марказии ноҳияи Сӯх дастгоҳи ташхискунандаи ултрасадо – УЗИ туҳфа намуд.

Банки саҳҳомӣ-тиҷоратии “Агробанк” ба шифохонаи марказии ноҳияи Сӯх дастгоҳи ташхискунандаи ултрасадо – УЗИ туҳфа намуд. 

Шифохона бо дастгоҳи нав таъмин шуд
Дастгоҳи мазкур 400 миллион сӯм арзиш дорад.
– Кормандони шифохонаи мо аз ин туҳфаи банки саҳҳомӣ-тиҷоратии “Агробанк” хеле хурсанданд. Ба роҳбарияти ин банк аз номи духтурони ноҳия арзи сипос мекунам. Дар муддати кӯтоҳ ба шифохонаи мо таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурӣ интиқол ёфтанд, ки қимати умумии он ҳудуди даҳ миллиард сӯмро ташкил мекунад, – мегӯяд сарпизишки беморхонаи марказии ноҳияи Сӯх Раҳматҷон Тоҷиев.

Субҳон ИСОЕВ,
мухбири ҷамоатии «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

 

САХОВАТ ВА ХАЙРИЯ  ДАВОМ ДОРАНД
Депутатҳо, роҳбарон ва фаъолони Шӯрои вилоятии андиҷонии Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон дар самти омӯзиш ва ҳалли мушкилоти аҳолии минтақа, дастгирии оилаҳои ниёзманди кӯмаки иҷтимоӣ корҳои сазовори эътиборро ба анҷом мерасонанд.
Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи «Меҳрубонӣ ба 17000 хонадон дар тӯли 17 сол», ки ба муносибати 17-умин солгарди ҳизб амалӣ мешавад, як қатор чорабиниҳои хайрия гузаронида мешаванд.
Гулнора Мирзааҳмедова дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Гузар”-и ноҳияи Андиҷон зиндагӣ мекунад. Модари танҳо дар рӯйхати оилаҳои камбизоати ниёзманд ба ҳифзи иҷтимоии маҳалла меистад. Ягона фарзандаш низ барои кор ба хориҷа рафтааст. Аммо аз сабаби пандемияи коронавирус ӯ наметавонад ба модараш мунтазам пул фиристад.
Раиси Шӯрои вилоятии ҳизб Хуршедахон Халилова дар доираи иҷрои лоиҳа маҳз ба ин манзил ташриф оварда, аз ҳоли  модар хабар гирифт. Вай ба модари танҳо  маҳсулоти хӯрокворӣ дод.
Сокини кӯчаи Янгилики маҳаллаи Исломобод Муаззамхон Саримсакова низ ниёзманд аст. Зане, ки ҳаёти худро ба нигоҳубини бародар ва хоҳари имконияти ҷисмониашон маҳдуд бахшидааст, ҳоло танҳо буда, ба кӯмак ниёз дорад. Аз хабаргирии депутат сари онахон ба осмон расид.
Сокини маҳаллаи Исломобод Танзилахон Зокирова солҳост, ки саробони худро аз даст додааст. Вай чор фарзандашро танҳо тарбия карда, ба воя расонд. Вай се духтарашро бо кӯмаки одамони неки маҳалла ба шавҳар дод. Онҳо ҳоло осоишта зиндагӣ мекунанд. Фарзанди хурдӣ ҳанӯз ба балоғат нарасидааст. Вай ба модараш дар корҳои хона кӯмак мерасонад, аммо барои даромад ба даст овардан ҷавон аст, бояд ба мактаб равад. Аз ҷониби депутат ба ин оила низ кӯмак расонда шуд.
Роҳбари шӯрои вилоятии ҳизб инчунин аз ҳоли пиронсолони камбизоат, ятимон ва пирони маҳаллаҳои Буюк Турон ва Завроқи ҳавзаи интихоботии 59-уми Ҳакон, ки он ҷо депутат интихоб шудааст, хабар гирифт.
Дар ин рӯзҳо чунин корҳои хайрхоҳона ва саховатмандонаи ҳизб дар тамоми ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилоят идома доранд.

Ф. УБАЙДУЛЛОЕВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: