Дар шаҳри Намангон боз як шифохонаи замонавӣ ба истифода супурда шуд.
Дар мамлакатамон барои мустаҳкамсозии базаи моддиву техникии соҳаи тиббиёт эътибори дучанд дода мешавад.
Хусусан, дар вилояти Намангон дар ин бобат корҳои амалӣ ба пеш меравад.
Дар маҳаллаи Илғори шаҳри Намангон клиникаи “Medikal Plaza”, ки барои мустаҳкамсозии солимии занону духтарон ихтисосонида шудааст, барпо карда шуд. Хонаҳои маскани тиббӣ бо ашёҳои зарурӣ ва анҷомҳои замонавӣ таҷҳизонида, ҳамаи имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ин ҷо асосан бемориҳои акушер-гинекологиро 4 нафар мутахассиси таҷрибанок муолиҷа мекунанд. Мутахассисони тиббӣ бо кумаки воситаҳои лаборатория, физиотерапия, УЗИ ва ЭКГ ба беморон хидмат мекунанд. Маскани таббӣ дар як вақт имконияти ба 50 нафар бемор хидмати тиббӣ расониданро дорад.
Дар натиҷаи ташкилшавии ин маскан 30 нафар мутахассиси тиббӣ ва техникӣ бо кор таъмин шуданд.
– Дар ҳудуди маҳалла ташкил шудани маскани тиббӣ барои мо – занону духтарон имконияти васеъ пайдо кард. Ба хонаамон наздик, якчанд км. роҳ тай карда, ба маркази шаҳр рафтан душвориҳо меовард. Боз хурсандиовар аст, ки ин бинои баланду хушрӯ ба маҳаллаамон файзу тароват бахшид, – мегӯяд яке аз сокинони ин маҳалла Дилафрӯз.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.