ШИФОКОРОН — ҚАҲРАМОНОНИ РӮЗ

Пандемияи коронавирус, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд, то чӣ андоза муҳим будани нақши соҳаи тиб ва шифокоронро дар ҳаёти инсон аз ҳарвақта дида равшан нишон дод.

Пандемияи коронавирус, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд, то чӣ андоза муҳим будани  нақши соҳаи тиб ва шифокоронро дар ҳаёти инсон аз ҳарвақта дида равшан нишон дод.
Имрӯзҳо, онҳо ҳаёти худро  зери хатар гузошта, ҳар рӯз, ҳар соат барои барқарор намудани сиҳатӣ,  нигоҳ доштани ҳаёти ҳазорҳо, миллионҳо нафар одамон ҷонбозӣ менамоянд.
Тибқи маълумоти охирин, шумораи ба ин беморӣ мубталошудагон аз ҳама бештар дар Иёлоти Муттаҳида, Испания, Италия, Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир ба қайд гирифта шудааст. Гарчанде ки сатҳи беморӣ дар ҳар кишвар ҳар хел аст, вирус барои аҳолии ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ мебошад.
Маълум аст, ки дар мамлакатамон низ тамоми кӯшишу воситаҳо барои мубориза бо ин беморӣ ва пешгирии паҳншавии эпидемия, шифо ёфтани сироятёфтагон равона карда шудаанд. Вазъияти кунунӣ бар дӯши ҳар як кас масъулияти бузург мегузорад. Айни замон мо шоҳиди онем, ки вазифаи душвортарин ба дӯши табибон вогузор шудааст. Маҳз бо шарофати фидокорӣ, таъбир ҷоиз бошад, қаҳрамонии онҳо вазъи санитарию эпидемиологӣ дар кишварамон мӯътадил мегардад.
Президент Шавкат Мирзиёев дар фармон ва қарорҳо, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба коронавирус нигаронида шудаанд,  инчунин дар ҷамъомадҳои видеоселекторӣ оид ба зудтар бартараф намудани ин хавотир вазифаҳои мушаххас муайян намуд. Қайд карда шуд, ки табиист  вазифаи масъултарин ба зиммаи шифокорон мебошад.
Роҳбари давлати мо дар як қатор ҷамъомадҳои видеоселекторӣ оид ба масъалаҳои пешгирии паҳншавии коронавирус, инчунин муроҷиатҳояш ба халқ ба меҳнати фидокоронаи шифокорон эътибори махсус дод. Доир ба аз ҷиҳати моддиву маънавӣ рағбатноксозӣ ва дастгирии онҳо қарор қабул шуд. Албатта, ин гуна эътимоди бузург ва боварӣ ба кормандони тибб  ва санитариву эпидемиологӣ бесабаб нест.
Кормандони тиббӣ дар шароити душвор вазифаҳои худро бо ҳушёрӣ ва қаҳрамонона иҷро мекунанд. Аз ҷумла, беморони гирифтори коронавирус дар клиникаи Пажӯҳишгоҳи эпидемиология, микробиология ва бемориҳои сироятӣ дар тӯли ду ҳафта табобат карда шуданд. 67 нафар кормандони тиббӣ, ки бо муолиҷаи ниҳоят вазнин ва машаққатнок машғул буданд,  ба реабилитатсия фиристода шуда, дар ҷойи онҳо шифокорони навбатӣ ба кор шурӯъ карданд.
Номбар намудани ин рақаму далелҳо кифоя нест. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд ҳис кард, ки кору масъулияти духтурон то чӣ андоза хатарнок аст. Дар ниҳоят, онҳо бояд ҳар рӯз, ҳар дақиқа беморонро назорат кунанд, беист таҳлилҳои тиббӣ, муолиҷаҳои зарурӣ гузаронанд ва ҳамзамон худро аз ин беморӣ ҳифз кунанд. Меҳнати чунин кормандони далер ва ботаҷриба бояд боз ҳам қадр карда шавад.
Суханони «Дар Ӯзбекистон зиндагӣ бо суръати мӯътадил идома дорад. Аз ҳама муҳимаш, хидмати фидокоронаи ҳазорон ҳамватанони мо, хусусан духтурон, садоқаташон ба кори худ, чораҳои фаврӣ надешидашуда  натиҷаҳои хуб мебахшанд»-и Президент Шавкат Мирзиёев барои тамоми халқамон ҷасорати бузург ва далели эътимоди баланд ба шифокорон гардид.
Тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар мамлакати мо, садоқати табибон ба касби худ дар ҳама гуна ҳолатҳо, фидокории онҳо баҳри ҳифзи саломатии халқамон намунаи ҷасорат гуфтан мумкин аст. Албатта, хурсандиовар аст, ки шахсони фидокоре ҳастанд, ки омодаанд дар чунин шароити вазнин ба ҳамватанони мо кӯмак кунанд ва онро дар амал нишон диҳанд.
Дар рӯзҳои санҷиш ихтиёриён низ ҷонбозӣ нишон медиҳанд. Аз ҷумла, онҳо ба воситаи ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба оилаҳои камбизоат, бепарастор, нафақахӯрони танҳо хӯрокворӣ расонда дода, дар маҳалҳо фурӯши молҳои озуқавориро ташкил мекунанд. Хусусан, донишҷӯёни Академияи тиббии Тошканд фидокориашонро тавассути кӯмаки беғарази сидқидилона нишон медиҳанд.
Дар байни мардуми мо иборае ҳаст: «Ба сари халқ мусибат ояд, бефарқ набояд шуд». Ин дар кори табибони клиникаҳои хусусӣ низ инъикос ёфтааст. Онҳо инчунин ба ҳамкорони худ дар табобати гирифторони пандемияи коронавирус кӯмак мерасонанд.
Оре, ҳоло мардуми тамоми ҷаҳон дар муқобили ин беморӣ озмоиши ба худ хосро аз сар мегузаронанд. Дар чунин мубориза фидокорӣ ва ҷасорати духтурон ба мо боварӣ мебахшад. Зеро, инсоният ин озмоишро бо иродаи қавӣ, меҳру оқибат ва ҳамбастагӣ паси сар хоҳад кард.

Светлана ИНЪОМОВА,
раиси раёсати Бунёди байналмилалии хайрияи «Соғлом авлод учун». 
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: