ШИКАСТАНАФС БОШЕМ!

Шикастанафсӣ ё худ ҷилавгирӣ аз нафс аз мавзӯъҳои доманадорест, ки дар адабиёти классикии мо хеле васеъ ва равшан маънидод гардидааст.

Чун ба осори гузаштагонамон таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки ин мавзӯъ ҳамаҷониба баррасӣ шудааст, намояндагони адабиёти пурғановати мо одатҳои пурхӯрӣ ва баднафсиро бо мисолҳои барҷаста зикр кардаанд, ки онҳо барои наслҳои оянда дастурамали хубанд.

Луқмони Ҳакиму Закариёи Розӣ, Шайх Абуалӣ ибни Синову дигар табибони машҳури мо гаштаву баргашта таъкид намудаанд, ки манбаъ ва асоси аксари бемориҳо аз пурхӯрист ва одамӣ бояд аз ин иллати зиёновар худдорӣ намояд, яъне нафси саркашро ҷилавдорӣ кунад. Шоире дар ин маврид хеле хуб гуфтааст:

Агар нафси шикаста раҳнамо буд,

Туро осудаҳолӣ то само буд.

Чу нафси саркашат андар миён аст,

Гумон дорам туро охир ҷазо буд...

Дуруст аст, ки алҳол замони серию пурист. Болои дасторхони мо тамоми нозу неъмати дунё фаровон аст. Вақте нафаре дар тараддуди маъракае омодагӣ мегирад, як-ду рӯз пеш хешовандону пайвандонро ба оши маслиҳат даъват менамояд. Дуруст, ки дар урфият «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ наояд» гуфтаанд. Аммо сад афсӯс, ки ин анъана танҳо як навъ исрофкорист. Дар асл бошад, соҳибони тӯй пас аз гусели меҳмонҳо бо аҳли оила рӯйхати дарозе тартиб медиҳанд ва аллакай пагоҳи ҳамон рӯз мебинед, ки тамоми анвои хӯрдании дунё рӯйи дасторхон омода гардидааст.

Ба хотири ҳеч кас намеояд, ки он маҳсулоти хӯрдании соҳибтӯй баъди соатҳои дароз ба кадом ҳолат меояд. Ин ҳақиқати талхро бояд, ки тан бигирем.

Аммо афсӯс, ки ҳоли ҳозир ҳам оилаҳое вуҷуд доранд, ки ба пораи ноне зоранд ва шабу рӯз аз Яздони пок илтиҷо менамоянд, ки ба оилаашон ризқ ато намояд. Суоле ба миён меояд: Барои чӣ, вақте дасторхони шоҳона меороем, аз бенавоён ёд намеорем? Ё худ вақте дасторхон меороем, одамонро ба тоифаҳо ҷудо мекунем? Ҳамаи мову шумо инро борҳо шунидаему ба лавҳи хотир гирифтаем. Аммо барои чӣ амал намекунем?

Чаро одамонро ба тоифаҳо ҷудо мекунем? Ба бархе ҳатто тамаллуқкорему ба баъзе бо назари паст ва беэътиборӣ менигарем. Оё ин аз рӯйи адолат аст?

Ин як тарафи масъала. Тарафи дигари масъала: алҳол нафароне низ ҳастанд, ки ба имконияти иқтисодии худ ба маънии «ман аз кӣ камам?» амал мекунанд, бо қарзу қарздорӣ дасторхон меороянд ва ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. 

Боре омӯзгоре дар суҳбат бо афсӯсҳо чунин эътироз мекард:

– Ман ҳайрони онам, ки ба мардуми мо чӣ шудааст? Хайр, агар тӯй бошад, мо ҳам мефаҳмем. Аммо дар маросимҳои гуногуни мотам низ чун тӯй дасторхони пурдабдабаи шоҳона меороем. Барои чӣ пирони рӯзгордида ва одамони синну солашон бузург ин масъаларо ба мардуми одӣ намефаҳмонанд. Охир, дар урфият беҳуда нагуфтаанд: «Дасторхони мурда дароз аст...» Пас чаро меоянду мехӯранду мебаранд... Ҳол он ки ин маъракаи хурсандӣ нест, соҳибони он азодоранд.

Хонандаи азиз доир ба ин мавзӯъ чӣ фикру андеша дошта бошад.

Солеҳ МУҲАММАДҶОН,

ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: