ШИНОСНОМАҲОИ ШАҲРВАНДӢ СУПУРДА ШУДАНД

Дар шаҳри Навоӣ ба 17 нафар, ки ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардиданд, шиносномаҳои шаҳрвандӣ супурда шуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Оилаи Ҷӯраевҳо, ки дар шаҳри Навоӣ зисту зиндагӣ мекунад, аслан аз Тоҷикистон мебошад. Онҳо бо иродаи тақдир ба кишвари мо омадаанд. Абдураҳмон Ҷӯраев ва ҳамсари ӯ Юлдуз Ҷӯраева, ки Ӯзбекистонро Ватани худ меҳисобанд, дар ин ҷо орому осуда зисту зиндагӣ доранд ва чаҳор нафар фарзандро тарбия мекунанд. Орзуи чандинсолаи онҳо бино бар шаҳрвандӣ ҷомаи амал пӯшид.
Дилафрӯз Қудратоваи тоҷикистонӣ, ки аз соли 1993 боз дар деҳкадаи Маликработи ноҳияи Кармана зиндагӣ мекунад, низ аз гирифтани шиноснома беҳад хурсанд шуд. Модари се нафар фарзанд, ки ҳоло дар фурудгоҳи байналхалқии «Навоӣ» кор мекунад, хурсандии худро аз он ки шаҳрванди Ӯзбекистон шуд, пинҳон намедорад.
– Ба сабаби набудани шаҳрвандиам ман наметавонистам дар ҷараёни бағоят муҳими сиёсӣ – интихобот иштирок кунам, – мегӯяд Д.Қудратова. – Шодам, ки минбаъд ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи кишвар ҳақ дорам интихоб кунам ва интихоб шавам. Баъди ба даст гирифтани шиноснома ман ҳамбастагии худро ба тақдири Ватан хеле амиқ идрок намудам.
Бояд таъкид кард, ки соли равон дар вилояти Навоӣ миқдори шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардиданд, ба 95 нафар расид.
Дар маросими супурдани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ҳокими вилояти Навоӣ К.Турсунов баромад кард.

Нуриддин РАҲИМОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: