15 апрел – рӯзи таваллуди устод Айнӣ
Адиб ва драманависи машҳур Ғанӣ Абдулло, ки солҳои сиюми асри бист қадам ба арсаи адабиёт ниҳода буданд, аз аввалин шогирдони устод Айнӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳангоме ки Ғанӣ Абдулло бисту ду сол доштанд, дар аввалин анҷумани нависандагони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзиданд. Аз анҷуман хотираҳои зиёде доштанд ва зимни сӯҳбатҳои дӯстона баъзе лаҳзаҳои онро ба ёд оварда, бо камоли шавқ нақл мекарданд.
– Анҷуман, – мегуфтанд Ғанӣ Абдулло, – 17 августи соли 1934 дар Хонаи иттифоқҳо сар шуда, то якуми сентябр, яне, 16 рӯз идома ёфт. Дар ин фурсати тӯлонӣ оид ба ваъзи адабиёт, маҳорати нависандагон, робитаи адабиёт бо ҳаёти халқ баҳсу мунозираҳои пурҷӯшу хурӯш ва баъзан бисёр ҷиддӣ сурат гирифтанд. Аз бисёр кишварҳо адибони тараққипарвар низ иштирок мекарданд. Тамоми кори анҷуман зери назари Максим Горкий ва яке аз раҳбарони мамлакат Бухарин ҷараён дошт. Горкий бо вуҷуди беморӣ ва зери назари духтурон қарор доштан роҷеъ ба вазъи адабиёти он замон чор соат маърӯза кард. Боиси сарфарозии мо, вакилони Тоҷикистон буд, ки устод Айнӣ ҳамчун намояндаи барҷастаи адабиёти Осиёи Миёна ба раёсати анҷуман интихоб шуданд ва аз номи онҳо нутқи пурмазмуне эрод карданд. Ва инчунин дар анҷуман шоири мумтоз устод Лоҳутӣ котиби Иттифоқи Нависандагон интихоб гардиданд.
– Аз нахустин рӯзҳои анҷуман, – гуфтанд Ғанӣ Абдулло, – дар дили устод Айнӣ иштиёқи бузурге пайдо шуд, ки бояд бо Горкий мулоқот намоянд. Ва, хушбахтона, дар яке аз рӯзҳои анҷуман ин орзу амалӣ гашт ва ду нависандаи забардасти асри бист чанд дақиқае бо ҳам сӯҳбат оростанд. Горкий пас аз пурсопурси ба устод Айнӣ гуфт:
– Ман шуморо ғоибона нағз мешиносам. Шумо на танҳо устоди нависандагони тоҷик, балки устоди адибони Осиёи Миёна ҳастед. Ман романи “ Дохунда”- атонро хондаам. Асари хубест. Умедворам, ки боз асарҳои нав ба нав хоҳед навишт.
Устод Айнӣ аз ин мулоқот хеле хушнуд гашта, бо таъби болида мегуфтанд:
– Хуш ба ҳоли Горкий! Бо вуҷуди беморӣ, серкорӣ, иҷрои корҳои зиёди ҷамъиятӣ боз вақт ёфта “ Дохунда”-ро хондааст. О, бародарҳо чӣ хел ба ин хел шахс қоил намешавед! Магар роҳбарӣ ба адабиёти сермиллати як мамлакати бузург кори осон аст? Ҳалолаш бод, бо ин ҳиммату ғайрат! Ғанӣ Абдулло стенограммаи Анҷумани якуми нависандагонро, ки аз як китоби бузург иборат аст, дар ихтиёр доштааст ва фурсатҳои муносиб онро варақ зада, худро аз сари нав дар муҳити он анҷуман эҳсос мекарданд.
Ман он китобро чанд рӯзе ба амонат гирифта, мутолиа намудам ва худро дар ҷараёни пурталотуми баҳсу мунозираҳои бисёр ошкоро ва басо тезу тунд эҳсос намудам..
– Дар анҷуман, – мегуфтанд Ғанӣ Абдулло, – Бухарин маърӯзаи муфассале намуда, он ҳама баҳсу мунозираҳоро басе воқеъбинона ва донишмандона ҷамъбаст намуд, ки ман дар умрам чунин маърӯзаи ҷолиб ва илмию ҳақиқатнигоронаро дигар нашунидаам.
Максим Горкий дар яке аз рӯзҳои анҷуман як ҳайати бисёр калони нависандагонро барои меҳмонӣ ва сӯҳбати дӯстона ба бӯстонсарои худ давъат менамояд. Ба ин ҳайат устод Айнӣ ва Ғанӣ Абдулло низ ворид гашта буданд.
Бӯстонсарои Горкий 70 километр дур аз маркази шаҳр воқеъ гардида буд. Ғанӣ Абдулло дар мавридҳои зарурӣ бо хоҳиши устод Айнӣ вазифаи тарҷумониро ба ҷо меоварданд. Аз рӯи гуфти он кас устод Айнӣ ҳангоми сӯҳбатҳои одиву муқаррарӣ матлабро мефаҳмиданд, аммо озодона ба русӣ ҳарф зада мақсадашонро баён карда наметавонистанд. Дар чунин мавридҳо ба тарҷумон эҳтиёҷ доштанд.
Пеш аз зиёфат меҳмонон ҳамроҳи Горкий дар боғи бӯстонсаро, ки шабеҳи як ҷангалзори хурд буд, сайру гашт мекарданд.
– Устод Айнӣ, гуфтанд Ғанӣ Абдулло, – дар боғ дар паҳлуи Горкий қадам зада, манзараҳои ҷолиб ва гулгаштҳои сабзу хуррамро тамошо мекарданд. Дар баъзе лаҳзаҳо ман гуфтугӯи онҳоро тарҷума мекардам. Аммо устод бидуни тарҷума, мехостанд, ки бо ду-се калима таассуроти худро ба Горкий баён намоянд. Бинобар он ба Горкий рӯй оварда гуфтанд: “Боғи бисёр нағз. Боғи олӣ, босафо ва дилкушо”. Горкий бо табассум сар ҷунбонида, суханҳои устодро тасдиқ мекард ва аз зери бағали он кас дошта, оҳиста-оҳиста қадам мезад. Баногоҳ аз куҷое суратгирҳо пайдо шуда, Горкий ва Айниро аксбардори намуданд. Дар ҳамин мулоқоти бӯстонсаро Горкий пешниҳод мекунад, ки бояд дар Маскав театри байналмилалӣ таъсис дода шавад, то санъаткорони ҷумҳуриҳои миллӣ бо навбат омада, ҳунарнамоӣ кунанд ва аз таҷрибаву дастовардҳои якдигар баҳраманд гарданд. Ин пешниҳод ба устод Айнӣ хеле писанд меояд. Театри мазкур то кунун вуҷуд дошта, ҳунарпешагони тоҷик борҳо дар саҳнаи он ҳунарнамоӣ кардаанд.
Дар хотимаи Анҷумани нависандагон Ҳукумати Тоҷикистон дар қароргоҳи намояндагии ҷумҳурӣ дар Маскав ба ифтихори меҳмонони он зиёфате меорояд. Ба зиёфат Бухарин ва Горкий даъват карда мешаванд.
– Ана, дар чунин вақти муносиб, гуфтанд Ғанӣ Абдулло, – устод Айнӣ аз маврид истифода намуда, бо ёрии мо – шогирдонашон Бухаринро аз ҳуҷум ва туҳмати ба асарашон “ Намунаи адабиёти тоҷик” суратгирифта воқиф сохтанд. Бухарин пас аз фаҳмидани асли мақсад хеле афсӯс мехӯрад ва мегӯяд: “ Ин гуноҳи дастгоҳи таблиғотии мост, ки ба иғвои бадхоҳон бовар кардааст. Бояд ин иштибоҳ ҳарчӣ зудтар ислоҳ ёбад ”. Суханони Бухарин устод Айниро хеле рӯҳбаланд менамояд.
– Дар ҳамин зиёфат донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Маскав таҳсил мекарданд, барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши меҳмонон мекунанд. Ин ҳунарнамоӣ ба Горкий хеле писанд меафтад.
– Горкий, мегуфтанд Ғанӣ Абдулло, – аз рақсу мусиқии тоҷик ба ваҷ меомад, дар айни авҷи мусиқӣ ангуштонашро қарсос занонда, дастафшонӣ мекард. Чун зиёфат ва консерт хотима ёфт, Айнӣ ба Горкий дӯстонаву самимона бо ҳам хайрухуш намуданд.
–Ман фардо ба Самарқанд меравам, хайр саломат бошед, – гӯён Айни ба Горкий даст медиҳанд.
– Ҳар бор, ки ба Маскав омадед, ҳатман мулоқот хоҳем кард, – гуфта Горкий самимона дасти устод Айниро мефишорад.
– Маҳз дар рӯзҳои анҷуман, гуфтанд Ғанӣ Абдулло, – аввалин шиносоӣ ва мулоқоти Айниву Горкий амалӣ гашт. Ду суханвари бузурги аср аз дидори якдигар шод буданд. Устод Айнӣ такрор ба такрор мегуфтанд: “ Шодам, ки ба давлати дидори Горкий мушарраф шудам ”.
РАҲИМӢ – МУТАРҶИМИ УСТОД АЙНӢ
Шоири маъруф Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз шогирдон ва дӯстони бисёр наздики устод Айнӣ буданд. Дар сафарҳои Маскав устодро ҳамроҳӣ мекарданд ва дар зарурат вазифаи мутарҷимиро низ ба ҷо меоварданд. Баъзан ҳангоми болидани табъашон аз сӯҳбату вохӯриҳояшон бо устод Айнӣ лаҳзаҳои ҷолибро нақл намуда, худашон низ ба завқ меомаданд.
– Соли 1941, дар моҳи апрел, нақл мекарданд Раҳимӣ, – бори аввал дар Маскав Даҳаи санъати тоҷик барпо гашт. Аз ҳунари волои санъаткорони тоҷик толорҳои Маскав ба ҷӯшу хурӯш омада буданд. Қариб тамоми раҳбарони мамлакат барномаҳоро тамошо мекарданд.
Дар хотимаи Даҳаи санъат дар Кремл ба ифтихори аҳли ҳунари тоҷик зиёфати ҳукуматӣ барпо мегардад. Раҳимӣ дар сари як миз дар паҳлӯи устод Айнӣ нишаста, мухтасари баъзе баромадҳоро ба он кас мефаҳмониданд.
– Вақте Сталин ба сухан баромад, – гуфтанд Раҳимӣ, – таваҷҷуҳи ҳама ба сӯи ӯ нигаронида шуд ва аҳли зиёфат дар интизори он буданд, ки вай дар ҳаққи тоҷикон чӣ сухане хоҳад гуфт. Сталин бо оромӣ ва бо виқори ба худ хос гӯё суханҳоро чида-чида интихоб карда, тоҷиконро чун халқи қадимтарин ва дорои тамаддуни ба худ хос васфу ситоиш намуд. Вай бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки тоҷикон аз ҷавҳари даҳо ва хиради хеш нобиғаеро чун Фирдавсӣ ба дунё овардаанд. Устод Айнӣ баробари шунидани ин суханон якбора ба ваҷ омада, дасти росташонро баланд бардошта, бо шиддат ба рӯи зонуашон зада, гуфтанд: “Оҳ, шарқшиносон мурданд!”.
– Дар паси ин суханони устод беадолатиҳо ва дағалона поймол намудани ҳуқуқи халқи тоҷик ба забон ва адабиёти худ ниҳон буд. Зеро он замон шарқшиносони Маскаву Ленинград ва пайравони онҳо бо ҳадафҳои муғризонаву бадқасдона адабиёти классикии тоҷику форсро аз рӯи ҳудудҳои ҷуғрофӣ тақсимбанди намуда, тоҷиконро аз суханварони тавонояшон, ки дар сарзаминҳои Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои дигар зиндагӣ ва эҷод кардаанд, мехостанд ба қуллӣ маҳрум намоянд. Яъне, аз паси сари тоҷикон адабиёт ва сухансароёни бузурги онҳоро ба савдо гузошта буданд. Дар он даврони пурмоҷаро ва ҳокимияти идеологияи мутлақ танҳо устод Айнӣ буданд, ки бо ҷасорати ба худ хос аз мероси адабии тоҷикон далеронаву қотеона дифо мекарданд. Аз ин рӯ ба Фирдавсӣ додашуда чун шоири миллии тоҷикон устод Айниро бо ваҷд наоварда наметавонист. Бинобар он устод бо як шодмонии ногаҳонӣ ва ифтихормандӣ ҷӯшу хурӯши дили худро бидуни ихтиёр баён доштанд. Дар баробари ин ба ҳаққонияти талошу муборизаҳои худ боварии комил пайдо карда буданд.
– Вақте, – гуфтанд Раҳимӣ, – устод Айнӣ даст ба зону заданд, дарҳол шахси ҷиддисимо ва қоматбаланде ҳозир шуда, пурсид:
– Дар ин ҷо чӣ гап? Сабаб чӣ буд, ки мӯйсафед даст ба зону зад? Магар суханони доҳӣ ба ӯ писанд наомад?
Раҳимӣ бадоҳатан чунин ҷавоб медиҳанд:
– Баракс, мӯйсафед чунон хурсанд шуданд, ки аз ҳаяҷони зиёд даст ба зону задаанд. Бубинед, ҳатто чашмонашон аз шодмонӣ барқ мезанад.
– Мебинам, офарин ба мӯйсафеди доно! – гуфта он шахс пас гашта меравад.
Дар рӯзҳои баргузории Даҳаи адабиёти тоҷик дар тирамоҳи соли 1949 низ Раҳимӣ ҳамеша дар паҳлӯи устод Айнӣ қарор доштанд. Дар даҳа 30 нафар адибони тоҷик иштирок менамоянд ва дар баррасии асарҳои онҳо 45 нафар намояндагони адабиёти рус ширкат мекунанд. Дар қасри адибони Маскав шаби адабии устод Айнӣ бо ширкати нависандагони рус Симонов, Федин, Фадеев, Леонов барпо мегардад. Устод Айнӣ аз таваҷҷуҳи зиёде, ки нисбаташон зоҳир мешуд, бисёр хурсанд ва рӯҳбаланд буданд.
– Ҳамон замон, – гуфтанд Раҳимӣ, – тасодуфан ба дастам маҷаллаи “ Природа “ афтод ва дидам, ки дар он мақолаи устод Айнӣ чоп шудааст. Маҷалларо ба он кас нишон додам, пас онро тамошо кардан гуфтанд:
– Муҳаммадҷон, саҳифаи охири маҷалларо кушода телефони сармуҳаррирашро ёфта занг зан, аз номи ман изҳори сипос намо ва гӯй, ки ҳаққи қалами маро фаромӯш накунад.
Раҳимӣ дудила мешаванд, аммо пас аз таъкиди дубораи устод Айнӣ ноилоҷ занг зада, бо сармуҳаррир иброз медоранд, ки устод Айнӣ хоҳиши дидани ӯро доранд. Ва ҳар ду дар соати муқарраршуда ба назди сармуҳаррир медароянд.
Ӯ меҳмононро самимона пазироӣ намуда, бо қаҳваю чой зиёфат карда, сипас мегӯяд:
– Агар Айнии мӯҳтарам дархосте дошта бошанд, мо омодаем бо камоли майл иҷро намоем.
Ба ҷои устод Айнӣ Раҳимӣ дар ҷавоб мегӯянд, ки мӯйсафед аз чопи мақолаашон дар чунин як маҷаллаи бонуфуз изҳори ташаккур менамоянд. Баъд каме тафаққур намуда, сипас бо садои андаке пасттар ва истиҳоламез иброз медоранд:
– Мӯйсафед инчунин хаққи қаламашонро мепурсанд.
– Бисёр хуб, – мегӯяд сармуҳаррир, нағз шуд , ки худашон бо пои худ омаданд ва бо ин баҳона шинос шудем.
Ва сармуҳаррир “ ҳозир-ҳозир” – гӯён аз ҷой бархоста, берун меравад ва пас аз чанд дақиқае баргашта, бо як одобу фарҳанги баланд конвертеро ба дасти устод месупорад.
Пас аз кӯча баромадан устод Айнӣ ба Раҳимӣ рӯ оварда, мегӯянд:
– Муҳаммадҷон, ту аз ин кори ман ҳайрон машав. Ман ҳаққи ҳалоли меҳнатамро гирифтам. Магар ман асарҳоямро, мақолаҳоямро ба осонӣ навиштаам.? Азоб кашидаам, хуни дил хӯрдаам ва ҳақ дорам, ки музди заҳматамро бигирам.
– Як рӯз, – гуфтанд Раҳимӣ, – устод хоҳиш карданд, ки маро ба ягон ресторан бар, ки хӯроки миллӣ дошта бошад. Пас аз фикру андеша устодро ба ресторани “Боку” бурдам, ки дар маркази Маскав воқеъ гаштааст. Бо рӯйхати таомҳо шинос шуда, ду питӣ фармудам. (Таоми озарӣ, ки шабеҳи шӯрбои тоҷикист). Таоми сергӯшт ва сермаҳсул ба устод писанд афтод. Ба устод фаҳмондам, ки аз рӯи таомул дар ресторан хӯроки якӯм ва дуюм мефармоянд. Дар ҷавоб гуфтанд:
– Саросема нашав, Муҳаммадҷон. Гӯй ду табақча биёрад.
Чун табақчаҳо оварда шуданд, устод гӯшт ва дигар масолеҳи питиро рӯи табақча гузошта, ба Раҳимӣ низ таъкид менамоянд, ки чунин кунад. Баъд ба косаю табақча нигариста мегӯянд:
– Дидӣ, Муҳаммадҷон, инаш хӯроки якум, ваяш хӯроки дуюм. Бемалол сер мешавем. Ба хараҷоти зиёдатӣ ҳеҷ ҳоҷат нест.
Вақте аз ресторан берун омадан марди солор ва миёнсоле, ки собиқ шахси ҳарбӣ буданаш аён буд, палтоҳои Раҳимию устод Айниро аз гарду ғубор пок намуда, бо меҳрубони ба сари китфашон мегузорад. Раҳимӣ номаълум карда, ба кафи дасти ӯ бист тийин мемонад, аммо он аз чашми устод Айнӣ пинҳон намемонад. Баъди чанд қадам дуртар рафтан устод бо қаҳр мегӯянд:
– Муҳаммадҷон, боз ин чӣ мақоми нав? Чаро ба ӯ пул додӣ? Ин одати бадро аз куҷо омӯхтӣ?
Раҳимӣ дар ҷавоб мегӯянд:
– Хайр, устод, ҳеҷ гап не. Бист тийин кирои сухан намекунад, ба як чизу ним чиз умедвор аст.
– Гап дар сари бист тийин нест, Муҳаммадҷон! – бо шиддат мегӯянд Айнӣ .
– Шумоҳо ана бо чунин амалу рафторатон ва меҳрубониҳои ҳавоиатон одамонро ба роҳи бад мебаред. Вай мардак бар ивази хидматаш аз давлат маош мегирад, боз ба вай пул додан чӣ ҳоҷат. Бо ин амалатон одамонро ба пули муфт, ба порагирӣ одат менамоед. Ана ҳамин майда чуйдаҳо ҷамъиятро оқибат харобу доғдор мекунад. Имрӯз бис тийин додӣ, хурсанд шуд, дафъаи оянда агар чизе надиҳӣ, ба рӯят нигоҳ намекунад, ба саломат ҷавоб намедиҳад. Дигар, Муҳаммадҷон, ин коратро такрор накун!
Раҳимӣ бо табассуми гуворое ба нақлашон хотима дода, гуфтанд:
– Аз ҳар мулоқоте, ки бо устод Айнӣ доштам, як сабақи тозаи зиндагӣ омӯхтаам. Устод ҳам инсони асил буданд ва ҳам нависандаи асил.
Раҷабалӣ Қудратзода.
(Аз китоби “ Бар фарози қуллаҳо”)