ШИРИНБИЯ — РАСТАНИИ БИСЁРСОЛА

Ширинбия – растании бисёрсола ба оилаи Fabaceae мансуб буда, қадаш 50-150 см аст.

Қисми зеризаминии растанӣ ашёи хоми асосӣ буда, онҳо аз решаи асосӣ, решапояҳои бисёрқабатаи амудӣ ва уфуқӣ ва решаҳои иловагие, ки онҳоро дар хок нигоҳ медоранд, иборат аст. Решаи ширинбия ба чуқурии 8 метр ва одатан ба сатҳи оби зеризаминӣ мерасад. 
Пояҳои болои замин аз решаи асосӣ ва инчунин аз решапояҳои амудӣ ва уфуқӣ мерӯянд ва ҳар як бутта бо роҳи паҳншавии растанӣ майдони якчанд 10 м2-ро ишғол мекунад. Бо воситаи паҳншавии вегетативӣ барқарор ва васеъ кардани майдонҳои ширинбия яке аз усулҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Пояаш рост, баргҳояш мураккаби патмонанди тоқ, дарозиаш то 20 см, 3-10 ҷуфт, часпак, ҷилодор, зич, дарозрӯй, тухмшакл мебошад. Дарозии гулҳо 5-12 см, дарозии гулбандҳояш 3-7 см аст. Гулаш аз баргҳои 8-12 миллиметрии сафеду бунафш ва аз косабаргҳои тездандон иборат аст. Мевааш дарозрӯй, дарозиаш 3,5 см, рост ё каме каҷ, 1-8 тухмнок ва ҳамвор аст. Моҳҳои май ва июн шукуфта, моҳҳои август-сентябр мева медиҳад. Дар тиб решаи ширинбияро барои тайёр кардани доруҳои глитсирам, ликвиритон ва флакарбин истифода мебаранд.                             
Ширинбия асосан дар соҳили дарёҳои сероб, минтақаҳои адирнок ва нимхушкҳои Осиёи Миёна паҳн шудааст. Хусусияти фарқкунандаи майдони кишт дар наздикии обҳои зеризаминӣ баҳору тобистон зери об мондани он мебошад. Он, инчунин, дар маҷрои дарёҳои кӯҳнаю камоб, ҷӯю заҳбурҳо, дар ҳамвориҳои байни дарё ва дар нишебии кӯҳҳо месабзад, ки одатан пастиву чуқуриҳои хурдро ишғол мекунад. Чун алафи бегона аксар вақт дар заминҳои корам ва бекорхобида мерӯяд. Дар кӯҳҳо то 2000 метр аз сатҳи баҳр вомехӯрад ва решааш ба обҳои зеризаминӣ мерасад.
Ҷамъоварии реша ва решапояи ширинбия вобаста ба шароити обу ҳаво аз моҳи март то ноябр сурат мегирад. Ҷамъоварии саноатии решаи ширинбия бо роҳи шудгор кардани замин бо трактор механиконида мешавад. Дар баъзе мавридҳо решаро бо бел кофта мегиранд. 50-75 фоизи ашёи хоми захира бояд ҷамъ карда, барои барқарор намудани ширинбиязор 25-50 фоиз решапояро нигоҳ доштан лозим аст, зеро растанӣ ба таври вегетатив такрор мешавад. Аз худи ҳамон майдон такроран ҷамъоварии ширинбияро баъди 6-8 сол гузаронидан лозим аст, ки дар ин муддат майдони нашъунамои зичи растанӣ барқарор мешавад. Баъди бо техника ҷамъоварӣ намудани ашёи хом ба таври илова агротехникаи майдонҳои холишуда зарур аст. Ба вуҷуд овардани базаи ашёи хоми растании ширинбия бо ду роҳ сурат мегирад:
1) парвариши буттазорҳои табии ширинбия (буридани дарахту бутта, холӣ намудан аз растаниҳои хӯшадори калон ва ба ҷойи он шинондани ширинбия) ва бо ин роҳ баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо.
2) васеъ кардани киштзорҳои саноатӣ. Реша ва решапояи ширинбияро ҷамъоварӣ намуда, барои хушконидан дар ҳавои кушод паҳн мекунанд. Дар минтақаҳое, ки обу ҳавои номусоид ва имкони дар офтоб хушк кардан нест, онро дар зери айвон, ки гардиши ҳавои хуб доранд ё дар ҳарорати на бештар аз  600С бо хушккунакҳо хушк мекунанд. Решаи хушкшударо барои коркарди минбаъда ба завод мефиристанд Аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ ва хосиятҳои кимёвӣ решаи ширинбия бояд ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ бошад. Хусусиятҳои кимёвии он нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегиранд: намӣ на бештар аз 14 фоиз, хокистар 85 фоиз, моддаҳои истихроҷ на камтар аз 25 фоиз, кислотаи глитсиризин 6 фоиз. 
Дар реша ва пояи ширинбия то 23 фоиз сапонин-глитсиризини таъми ширин дошта, (намакҳои калсий ва калийи кислотаи гликиризӣ) ва то 4 фоиз флавоноидҳо (ликвиритин, ликвиритозид, изоликвиритин ва ғ.), глабрид, кислотаи глитсирит, стероид, равғани эфир, аспаргин, кислотаи аскорбин, пигмент, камед ва ғайра мавҷуданд.
Ҳоло дар тиб асосан беху решапояи ширинбияро истифода мебаранд. Онро давои пешоброн ва исҳоловар меҳисобанд. Қиёми решаи ширинбия барои бемориҳои шуш бо сулфа ҳамчун воситаи балғамовар, ба гастрит ва захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта даво мебахшад.
Ғайр аз ин, шаклҳои галени решаи ширинбияро дар бемории адиссон, гипофунксияи ғадудхои гурда истифода мебаранд. Онро дар сили пӯст, дерматитҳои аллергӣ ва пемфигуси одӣ истифода мебаранд. Хокаи реша дар дорусозӣ барои хуштаъм ва хушбӯй кардани дору истифода бурда мешавад. Аз решаи ширинбия доруҳои гликирами кислотаи гликирризӣ (барои табобати астмаҳои бронхиал, дерматитҳои аллергӣ, экзема ва дигар бемориҳо), ликвиритони флавоноид ва флакарбин (барои табобати захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта) гирифта мешаванд 

Зайниддин ФАЙЗУЛЛОЕВ,
сармутахассиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва замини наздиҳавлигии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: