Истеҳсолгарони техникаҳои маишии электрӣ аз Ӯзбекистон ба Аврупо роҳ меёбанд.
Аз ҷониби сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварҳои Бенилюкс бобати вусъат додани номгӯйи содироти маҳсулоти Ӯзбекистон ба мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ корҳои зиёде татбиқ мешаванд.
Роҳбари ҳайати дипломатӣ Д. Ҳакимов ба ин мақсад бо директори иҷрогари гурӯҳи ширкатҳои «D Engels» (Белгия) Ян Енгелс мулоқот кард.
Гурӯҳи ширкатҳои «D Engels» соли 1927 ташкил ёфтааст. Ситодхонаи он дар шаҳри Антверпен ҷойгир мебошад, даромади ҳарсолаи он тақрибан 30 миллион евро аст. Ширкат аз се шуъбае, ки ба фурӯши техникаҳои маишии электрӣ, низомҳои гармикунӣ ва хунуккунӣ, ҳамчунин ородиҳӣ ва манзарасозии хонаҳо машғуланд, иборат мебошад. Ширкат офарандаи зиёда аз 70 истеҳсолгарони техникаҳо барои хонаҳо, низомҳои гармикуниву хунуккунӣ, аз ҷумла Siemens, Bosch, LG, Samsung, Sony, Aguaplex, Dimplex, Frico ва ғайра ба шумор меравад.
«D Engels» дорои анборхонаҳо, мағозаҳо ва ғайра дар шаҳри Антверпен аст, ки дар наздикии бандари бузурги баҳрии Белгия воқеъ мебошад.
Дар вохӯрӣ бобати аз ҷониби мутахассисони ширкат омӯхтани маҳсулоти электротехникие, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол мешаванд, барои минбаъд дар бозорҳои Аврупо фурӯхтани онҳо муоҳида ба имзо расид.
ОИ «Дунё»,
БРЮССЕЛ.