Вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов бо раиси Ширкати чинии JDB Group Чанг Хонг-то мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ иштироки ин ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, ки дар кишвари мо амалӣ мешаванд, баррасӣ шуд.
Аз ҷумла, оид ба лоиҳаи сохтмони роҳҳои пулакии нақлиёти автомобилии “Тошканд – Самарқанд, Тошканд – Андиҷон”, инчунин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи бо технологияи навтарини ҳозиразамон таъмин намудани системаҳои муҷаҳҳазсозии роҳҳои автомобилгард мубодилаи афкор барпо гардид.