Ширкати Илон Маск дар ИМА бузургтарин суперкомпютери ҷаҳонро месозад

Ширкати X.AI-и Илон Маск бузургтарин суперкомпютери ҷаҳонро дар Мемфис (иёлати Теннесси, ИМА) месозад.

Дар ин бора Тед Таунсенд, роҳбари Палатаи савдои Бузурги Мемфис, ба шабакаи хабарии WREG гуфт.

"Ман бо хушнудӣ эълон мекунам, ки Gigafactory of Computes X.AI,  ки бузургтарин суперкомпютер дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, дар дар Мемфис ҷойгир хоҳад шуд" гуфт ӯ. "Тасаввур кунед, ки қудрати компютерӣ барои фиристодани одамон ба Миррих лозим аст. Онҳо дар Мемфис рӯй медиҳанд " гуфт ӯ.

Раиси Палатаи савдо гуфт, ки лоиҳа тасдиқи Идораҳои рушди иқтисодии Шаҳри Мемфис ва ҳавзаи Шелби, мақомоти водии дарёи Теннесси ва чанд агентии дигарро талаб мекунад. Маълум аст, ки суперкомпютер бо протсессори графикии Nvidia H100 кор мекунад, ки барои суръат бахшидан ба системаҳои ба зеҳни сунъӣ асосёфта пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, ки он дар корхонае ҷойгир шавад, ки қаблан ба истеҳсолкунандаи асбобҳои маишии Шветсия Electrolux Group тааллуқ дошт.

Таунсенд гуфт, ки гуфтушунид бо X.AI барои сохтани суперкомпютер моҳи марти соли ҷорӣ оғоз ёфт. Қаблан Маск эълон карда буд, ки стартапаш нақша дорад то тирамоҳи соли 2025 суперкомпютер истеҳсол кунад, хабар медиҳад tass.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: