Ҳайати вакилони ҶММ «SamAuto» ба мақсади баргузор намудани музокирот бо ширкати «Rodriguez Lopez Auto» дар шаҳри Оренсе (Галисия) бинобар масъалаи татбиқи лоиҳаи муштаракаи истеҳсоли мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар Ӯзбекистон ба Испания ташриф овард.
«Rodriguez Lopez Auto S.L.U.» ба истеҳсоли мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва махсус ихтисос дорад. Дар тӯли зиёда аз 40 сол, ширкат ба истеҳсолкунандаи пешбари мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар Испания табдил ёфт, ки зиёда аз 65 фоизи бозорро ташкил медиҳад. Корхона ғайр аз бозори Испания ба Аврупо ва дигар мамлакатҳои хориҷӣ маҳсулот содир менамояд. Дар тӯли солҳо, истеҳсолкунандаи испанӣ барои 25 кишвари ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор мошини ёрии таъҷилӣ истеҳсол кардааст. Ҳама мошинҳои ёрии таъҷилии ширкат мувофиқи дастурҳои аврупоӣ сертификатсия шудаанд ва ба стандарти EN1789: 2007 + A2 ҷавобгӯянд.
Моҳи августи соли гузашта роҳбарони ширкати «Rodriguez Lopez Auto» ба Ӯзбекистон омада, дар вазорати тандурустӣ, Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббӣ, ҶС «Ӯзавтосаноат» гуфтушунидҳо анҷом доданд ва инчунин аз заводи «SamAuto» дар Самарқанд дидан карданд.
Дар доираи ташриф бо директори иҷрогари “Rodriguez Lopez Auto” Хосе Энрике Родригез Хорхе оиди ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи муштаракаи сармоягузорӣ дар иқтидори истеҳсолии заводи «SamAuto»-и Самарқанд музокироти пурмазмун гузаронда шуд.
Бо назардошти имкониятҳои корхонаи автомобилсозии Ӯзбекистон дар бораи таҳияи истеҳсоли мошинҳои махсус дар заминаи истеҳсоли шасси барои мошинҳои сабукрав ва боркаши “ISUZU” тавофуқ ҳосил шуд. Ҳаминки пешниҳодҳои техникии ҷониби Испания тайёр ва тавовуқи ҳамкорӣ ҳосил шуд, дар назар аст, ки чанд шасси истеҳсоли «SamAuto» аз Ӯзбекистон ба Испания барои версияи озмоишии мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар корхонаи ширкати испанӣ дар шаҳри Оренсе фиристода шавад.
Дар оянда ташкили истеҳсолот дар Ӯзбекистон бо сарварии мутахассисони испанӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки пас аз роҳандозии лоиҳа дар як сол аз 500 то 800 мошини ёрии таъҷилӣ ва мошинҳои махсус истеҳсол гардад. Ин, дар навбати худ, метавонад эҳтиёҷоти дохилии навсозии саройи мошинҳои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, муассисаҳои идоравӣ ва хусусии тиббии ҷумҳуриро пурра пӯшонда, имкони содир намудани маҳсулотро на танҳо ба хориҷи наздик, балки дигар давлатҳои ИДМ ва кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ фароҳам оварад.
АИ «Дунё»,
МАДРИД.